Токзорҳо - ҳашаротҳои зараррасон, касалиҳо ва чораҳои мубориза бар зидди онҳо

Ҳашаротҳои зараррасон

Кирмаки ордноки ангур-Pseudococcus citri Risso

Асосан дар токзорҳои наздиҳавлигии водиҳои Ҳисор ва Вахш паҳн гаштааст. Дар майдонҳои саноатии баъзе аз хоҷагиҳои минтақаи Кўлоби вилояти Хатлон вомехўрад. Асосан ба ангур ва анҷир зараро мерасонад. Ба ҳамаи қисмҳои рўизаминии бутаи ток - хўша, барг, навда ва танаи асосӣ зарар мерасонад. Шираи растаниро макида, кирмак боиси пеш аз мўҳлат зардшавию афтидани баргҳоро ба амал меовард, хўшаҳои зарардида мепўсанд.

Дар шириниҳои ҷудонамудаи кирмак ва шарбати меваҳо замбўруғ – капнодиуми шинонда босуръат инкишоф меёбад. Дар натиҷа барои истеъмоли ҳосил, чи дар намуди тару тоза ва чи дар намуди коркардашуда, тамоман ношоям мегардад.

Дар Тоҷикистони Маркази кирминаи ордноки ангур дар се насл инкишоф меёбад. Модинаҳои пурра ба балоғат нарасида асосан дар зери пўстлох, тарқишҳои буттаи ток, зери чокҳо, қабати болоии хоки назди гардани реша ва дигар ҷойҳои ҳифзёфта зимистон мегузаронанд.

Кирми хўшаи ангур - Polychrosis botrana Schiff.

Кирми хўшаи ангур асосан дар Тоҷикистон, хусусан дар водии Ҳисор ва ноҳияҳои Шимолӣ ҷумҳурӣ васеъ паҳнгашта мебошад. Зараррасони хавфноки токи ангур мебошад, боиси зарар дидани ғунча, гул ва мева мегардад. Кирмҳои хўшаи ангур узвҳои ангурро хўрда, бо тор мепечонанд. Аз меваҳои зарардида ҳамаи хўша, бештар ҳамоне, ки наздиктари замин ҷой гирифтаро хўрда тор мепечонанд. Баъзан меваҳои зарардида хушк гашта меафтанд.

Зочаҳояш зимистонро дар пиллаҳои абрешимини сафед дар ҷойҳои гуногуни ҳифзёфта: дар зери пўстлох, дар тарқишҳо, байни шохҳо, бофтаҳои ковокшудаи варами саратони буттаи ангур ва ғайра мегузаронанд. Шапалакҳои насли якум дар нимаи моҳи апрел парвоз намуда, парвози оммавиашон ҳангоми ташаккулёбии ғунчаҳои гулкунанда ба амал меояд. Кирмҳои пас аз 7 - 10 рўз баромада аз ғунча ва ғўраи ангур ғизо мегиранд. Дар ин давра аз сабаби зараровари рехтани оммавии ин узвҳои ток, ки кирм ба думчаи гулу ғўра мерасонад, мушоҳида мешавад.

Дар шароити Тоҷикистон кирми хўшаи ангур дар се - чор насл инкишоф меёбад.

Тортанакканаи намадӣ ангур -Eriophyes vitis Nal.

Саросар паҳн гаштааст. Ба токи ангур зарар мерасонад. Тортанакканаҳо шираи растаниро мемаканд, дар натиҷа аз тарафи болоии баргҳо ғубобчаҳои ҳамвор аз тарафи поёнӣ бошад, ҷойҳои фишурдаёфта, ки бо мўякчаҳои намадии зичи сафед ё ранги зарди ғафс пўшида шудаанд. Ҳангоми зараррасонии оммавӣ баргҳо меафтанд, ҳосили ангур паст мешавад, сифати он паст мешавад. Бештар ба навъҳои ангури маҳаллӣ зарар мерасонад.

Тортанакканаҳои болиғ хело ҳам хурд, андозаш то 16 мм, танашон бо ду думи риштамонанди дароз тўл ёфтаанд. Ранги танаш зарди ифлосмонанд аст.

Тортанакканаҳо зимистонро дар ҷойҳои ороми пинҳони - тарқиши пўстлох, пулакчаҳои муғҷа, боқимондаҳои растанӣ мегузаронанд.

Куяи ангур - Antispila rivillei Stt.

Ба ангур дар тамоми водиҳои ноҳияҳои Тоҷикистон зарари зиёд мерасонад. Кирми куяи ангур дар баргҳои ангурро ковок мекунад. Намуди зоҳирии қовокҳо дар аввал ба хати алобули печутобхўрдаи равшане шабоҳат доранд. Зараррасонӣ баъзан чунон сахт, ки болои барг қобилияти ассимилятсионро пурра гум мекунад. Баргҳо хушк шуда меафтанд, ҳосилнокӣ паст мешавад. Куяи ангур дар давраи кирми синни охирин дохили пила дар бисёр ҳолатҳо дар баргҳо зимистон мегузаронанд.

Баъзан кирмҳо аз пила набаромада ҷой иваз карда, дар тана хазида ва дар ҳамон ҷо зимистон мегузаронад. Зочашавӣ авали баҳор оғоз меёбад. Дар як сол ҳамагӣ дар чор насл инкишоф меёбад. Паридани оммавии шапалакҳои насли зимистонгузаронида дар нимаи моҳи апрел, насли якум - даҳаи аввали моҳи июн, дуюм - рўзҳои аввали моҳи июл ва сеюм - нимаи моҳи август мегузаронанд. Ба зимистонгузаронӣ рафтани кирмҳо - аввали октябр.

Касалиҳо

Антракноз - Gloeosporium ampelophagum Sacc.

Касалӣ дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон паҳн гаштааст. Хусусан дар токзорҳое, ки дар мавзеъҳои намнокиашон баланд ҷойгиранд - дар пастхамиҳо, хокҳои намнок, ҳангоми ниҳолҳои зич дошта ва ғайра сахт зоҳир мегардад.

Касалӣ ба тамоми узвҳои рўизаминии токи ангур: барг, навда ва меваҳо осеб мерасонад. Дар баргҳо боғҳои хурди кунҷдори дар ибтидо бо намуди зард, сипас бўршавандае, ки бо ҳошияи сиёҳҳ печонида шудаанд пайдо мешаванд.

Дар навдаҳои осебдида доғҳо пайдо шуда шакли гуногунро мегиранд. Ҳаҷми онҳо ботадриҷ инкишоф меёбад, рангашон сиёҳу бўр мегардад. Сипас, доғҳо кафида, захмҳои чуқур ва ҳатто яраҳоро ташаккул медиҳанд.

Пайдошавии доғҳои антракнозро дар думчаи баргҳо, мўякча ва шохаҳои хўша (пушта) мушоҳида намудан мумкин аст. Дар меваҳо доғхои хокистарӣ ё бўрранги пахшёфтае, ки бо ҳошияи арғувонӣ ё сиёҳ маҳдуд гаштаанд, ташаккул меёбанд. Ҳангоми сахт осеб дидан меваҳо хушк гашта меафтанд, баъзан намуди каҷу килебро мегиранд.

Спораҳои замбўруғ, ки дар дохили пикнид ё решаи замбўруғҳои навдаҳои осебдида ҷой гирифтаанд, зимистон мегузаронанд. Ҳамчунин конидияҳо низ метавонанд дар тарқишҳои пўстлохва дигар ҷойҳо зимистон мегузаронанд.

Гардзании ангур - Oidium Tuckeri Berk.

Касалиӣ дар Тоҷикистон саросар паҳн гаштааст. Ба ҳамаи узвҳои рўизаминии буттаи ангур - барг, навда, шохак, гул ва хўшаҳоро осеб мерасонад.

Дар болои баргҳо қабати тунуки гарди сафеди хокистарӣ дар намуди доғҳои хира ё гирда пайдо мешаванд. Агар гардро тоза кунем, он гоҳ дар зери он доғҳои хурди зардранг зоҳир мегарданд. Дар мавриди инкишоф ёфтан баргҳо ранги бўр гирифта хушк мешаванд. Баргҳои ҷавон аз инкишоф монда, нобуд, мерезанд.

Чунин гардзании ангур дар навдаҳо низ пайдо мешаванд. Вай боиси бўрранг гаштани бофтаи онҳо гашта, инкишофро бозмедорад ва баъзан ҳатто сабаби хушк шудани навдаҳо мегардад.

Дар болои донаи меваҳои касал гарди сафед ташаккул меёбад ва онҳо аз инкишоф мемонанд, очанг бастаю хушк мегарданд. Дар мавриди дертар зоҳир гаштани касалӣ бофтаи донаҳои мева ҳангоми пухта расидан чандирии худро аз даст дода, мекафанд.

Дар тарқишҳои бар асари ин ҳодиса рўйдода барангезандагони дигар касалиҳо дохил мешаванд. Донаҳои меваи касал тез - тез мепўсанду қанднокиашонро гумм мекунанд. Барангезандаи касалӣ дар намуди (митселия) танаи замбўруғ дар байни пулакчаҳои муғҷа зимистонро мегузаронад. Замбўруғ зимистонро метавонад ба воситаи спораҳои тобистона (оидияҳо) гузаронад.

Чораҳои мубориза дар давраи тирамоҳу зимистон ва тобистон дар токзорҳо.

  1. Ҷамъоварӣ ва сўзонидаи баргҳои рехта.
  2. Тоза намудани пўстлохи нобудшуда, бартараф намудани бехҷастаҳои наздирешагӣ, буридани навдаҳои хушк.
  3. Шудгори байниқатор ва нарм кардани хоки бехи буттаҳо.
  4. Даровардани нуриҳои органикию минералӣ дар мутобиқат бо тавсияҳои агрономӣ.
  5. То гулкунии токи ангур гузаронидани хомтоки аввалин.
  6. Пас аз гулкунӣ, дар давраи оғоз ёфтани ташаккулёбии меваҳо гузаронидани хомтоки дуюм, дар хўшаҳои ангур.
  7. Пас аз гулкунӣ, дар давраи оғоз ёфтани ташаккулёбии меваҳо гузаронидани хомтоки дуюм, дар хўшаҳои ангур:
    • дар давраи кушодашавии муғҷаҳо ва пайдошавии баргҳо;
    • дар давраи то гулкунӣ;
    • баъди ба охир расидани гулкунӣ.
  8. Дар давраи зимистон (оромӣ) ҳатман гузаронидани коркарди кимиёвии буттаи ангур бо мақсади нобуд кардани давраи зимистонгузаронандаи ҳашаротҳои зараррасон ва барангезандагони касалиҳо.

Ба боло