Ордрам 6Е
Гербитсиди амалаш интихобӣ
Моддаи таъсиркунанда: Молинат
Шакли ташреҳкунанда: 72% эмулсияи консентратӣ
Механизми амалкунанда
Гербитсиди интихобӣ барои мубориза бо алафҳои бегонаи арзанмонанд дар кишти шолӣ. Ба растанӣ аз байни решаҳо мегузарад, бинобар он ба хок то кишти зироат дохил менамоянд.
Ҳудуди истифодабарӣ
Ба бисёр алафҳои бегонаи якпаллагӣ осеб мерасонад: арзани мурғи чинорак, алафи шабнампўш, бомас, шўраи сафед, торонак, шилха. Аз зироатҳои растанӣ ба гербитсид шолӣ, гандум, ҷав, офтобпараст.
Хусусиятҳои истифодабарӣ
Заҳрдору барои мубориза бо алафҳои бегонаи якпаллагии хўшадори (арзанмонандҳо) шолӣ бо роҳи пошидани хок то кишт (бо дарзбандӣ) 5,0-10,0 л/га. тавсия шудааст. То пайдошавии сабзаи барвақта ва ё дар давраи 2-3 баргаи зироат хок пошида мешавад бар зидди ҳамон алафҳои бегона аз ҳисоби 5,6-8,3 л/га.
Заҳрнокшавӣ
Заҳрнок барои алафҳои бегона. Бо эътидол заҳрнок барои гармхунҳо. Камзаҳр барои замбўри асал ва ҳашаротҳои дигари фоидаовар.
Меъёри сарфа ва мавзеъи зараррасон
| Зироат | Мавзеъи зараррасон | Меъёри сарфа(л/га) | Мӯҳлати коркард |
|---|---|---|---|
| Шолӣ | Алафҳои бегонаи яксолаи дупаллагӣ(арзмонанд) | 5,0-10,0 | Пошидани хок то кишт бо хокпош кардан |
| Шолӣ | Алафҳои бегонаи яксолаи дупаллагӣ(арзмонанд) | 5,6-8,3 | Пошидани хок то сабзаи барвақтаи зироат ва ё пошидани кишт дар давраи 2-3 баргаи зироат |
Калибровкакунӣ
Миқдори заҳрдору барои 1 маротиба пур кардани дорупошак вобаста ба майдон, мл
| Мавзеъи зараррасон | Майдон дар садяк 0,5 | Майдон дар садяк 1,0 | Майдон дар садяк 1,5 | Майдон дар садяк 2,0 | Майдон дар садяк 2,5 | Майдон дар садяк 3,0 |
|---|---|---|---|---|---|---|
| Алафҳои бегонаи дупаллагии(арзанмонанд) хӯшадор(шолӣ) | 50 мл | 100 мл | 150 мл | 200 мл | 250 мл | 300 мл |