Панч
Фунгитсиди амалаш мунтазами ҳифзӣ ва маҳвфкунанда
Моддаи таъсиркунанда: Флусилазол
Шакли ташреҳкунанда: 400г/л эмулсияи консентратӣ
Механизми амалкунанда
Фунгитсиди амалаш пешгирикунанда ва табобатӣ дошта бар зидди гардзанӣ ва қўтури себ ва токзор мебошад. Вай бо роҳи ҷамъбаст кардани синтези биологии эргостерол амал мекунад. Заҳрдору тез аз байни баргҳо ворид шуда аз нав тақсим мешавад ва ҳифзӣ тамоми растаниро дар муддати 10 - 14 рўз таъмин менамояд. Фунгитсид таъсири трансламинари дорад ва ба болои баргҳо афтода касалии тарафи поёнии баргро ҳам безарар мегардонад.
Хусусиятҳои истифодабарӣ
Фунгитсид бар зидди гардзанӣ ва қўтури себ ва токзор бо меъёри 0,05-0,06 л/га истифода бурда мешавад. Барои дорупошии растанӣ дар давраи нашъунамо ҳангоми пайдошавии нишонаҳои аввалини касалӣ тавсия шудааст.
Заҳрнокшавӣ
Ҳангоми истифодабарии заҳрдору ҷиддӣ мутобиқи тавсия барои наботот заҳрнок нест. Заҳрнокиаш бо эътидол барои муҳити атроф. Зарур аст, ки қоидаи бехатарӣ риоя шавад. Барои занбўри асал ва моҳӣ заҳрнок аст.
Меъёри сарфа ва мавзеъи зараррасон
| Зироат | Мавзеъи зараррасон | Меъёри сарфа(л/га) | Мӯҳлати коркард | Вақти интизорӣ(рӯз) | Маротибаи коркард |
|---|---|---|---|---|---|
| Себ, нок | Қӯтур, гардзанӣ | 0,06 | Пошидан дар давраи нашъунамо | 15 | 2 |
| Ток | Гардзанӣ | 0,05 | Пошидан дар давраи нашъунамо | 15 | 2 |
Калибровкакунӣ
Миқдори заҳрдору барои 1 маротиба пур кардани дорупошак вобаста ба майдон, мл
| Мавзеъи зараррасон | Майдон дар садяк 0,5 | Майдон дар садяк 1,0 | Майдон дар садяк 1,5 | Майдон дар садяк 2,0 | Майдон дар садяк 2,5 | Майдон дар садяк 3,0 |
|---|---|---|---|---|---|---|
| Қӯтур, гардзанӣ | 0,3 мл | 0,6 мл | 0,9 мл | 1,2 мл | 1,5 мл | 1,8 мл |
| Гардзанӣ | 0,25 мл | 0,5 мл | 0,75 мл | 1,0 мл | 1,25 мл | 1,5 мл |
- Ҳаҷми 1 дорупошак - 5 - 15 литр.
- Маълумоти муфассал доир ба истифодабарии ҷадвали калибровкакунӣ дар ин ҷо пешниҳод шудааст.
- Усули калибровкакунии контсетратсионӣ: Панч - 0,7 мл дар 10 л об.
- Маълумоти муфассал доир ба усули калибровкакунии консетратсионӣ дар ин ҷо пешниҳод шудааст.
Эзоҳ:Дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта нашудааст, ояндадор мебошад.