Димилин
Инсектитсиди амалаш алоқавӣ
Моддаи таъсиркунанда: ДИФЛУБЕНЗУРОН
Гурўҳ: Ҳосилшудаи мочевинҳо
Шакли ташреҳкунанда: 48% суспензияи консентратӣ
Механизми амалкунанда
Инсектитсиди амалаш ларвитсидӣ ва овитсидӣ, ки ба ҳашаротҳои болиғ таъсире надорад. Синтези хитинро вайрон мекунад. Оҳиста амал мекунад, бинобар ҳамин кирминаҳо бомуваффақият ба растани як миқдор талаф меоваранд.
Хусусиятҳои истифодабарӣ
Дар чарогоҳҳо бар зидди малахҳои галлагӣ (парвозӣ) дар давраи ба шакли галлагӣ гардидан, махсусан дар хушксолӣ дар ҳолате, ки растаниҳо каманд, истифода мебаранд. Ғайр аз ин бар зидди оташаки тут дар давраи тухмгузории ҳашарот ва пайдошавии кирм истифода мебаранд.
Заҳрнокшавӣ
Синфи хатараш - II. Заҳрнок нест, ҳангоми ба пўст расонидан ба он таъсире намерасонад. Ба замбўри асал он қадар нуфуз надорад, барои паррандаҳо камтаъсир аст. Дар об зуд вайрон мешавад. Ҳангоми риоя намудани тавсия оид ба истифодабарии заҳрдору ба наботот заҳровар нест, дар хок ҷамъ намешавад.
Меъёри сарфа ва мавзеъи зараррасон
| Зироат | Мавзеъи зараррасон | Меъёри сарфа (л/га) | Мӯҳлати коркард | Вақти интизорӣ (рӯз) | Маротибаи коркард |
|---|---|---|---|---|---|
| Чарогоҳ | Малахҳои зараррасон | 0,25 | Пошидан дар давраи нашъунамо ҳангоми пайдошавии ҳашарот | 20 | 2 |
| Тут | Оташаки тут | 0,30 | Пошидан дар давраи нашъунамо ҳангоми пайдошавии ҳашарот | 20 | 2 |
Калибровкакунӣ
Миқдори заҳрдору барои 1 маротиба пур кардани дорупошак вобаста ба майдон, мл
| Мавзеъи зараррасон | Майдон дар садяк 0,5 | Майдон дар садяк 1,0 | Майдон дар садяк 1,5 | Майдон дар садяк 2,0 | Майдон дар садяк 2,5 | Майдон дар садяк 3,0 |
|---|---|---|---|---|---|---|
| Малахҳои зараррасон | 1,25 мл | 2,5 мл | 3,75 мл | 5,0 мл | 6,25 мл | 7,5 мл |
| Оташаки тут | 1,5 мл | 3,0 мл | 4,5 мл | 6,0 мл | 7,5 мл | 9,0 мл |
- Ҳаҷми 1 дорупошак - 5 - 15 литр.
- Маълумоти муфассал доир ба истифодабарӣ ҷадвали калибровкакунӣ дар ин ҷо пешниҳод шудааст.
- Усули калибровкакунии контсетратсионӣ: Димилин - 3,5 мл дар 10 л об.