Суми-8 ФЛО

Заҳролудкунандаи амалаш мунтазам

Моддаи таъсиркунанда: Диниконазол-М

Шакли ташреҳкунанда: 2% суспензияи консентратӣ

Механизми амалкунанда

Дорои амалиёти ҳифзӣ ва табобатӣ буда, давраи дуру дарози амали ҳифзӣ дорад, ки дар давраи аввалаи инкишофёбии растанӣ 50 - 60 шабонарўзро ташкил медиҳад, аз сабзиши тухмӣ то панҷазании зироат.

ОХусусиятҳои истифодабарӣ

Барои коркарди пеш аз кишти тухмии гандум ва ҷав тавсия шудааст. Маҳлули корӣ бевосита пеш аз истифодабарӣ тайёр карда шавад. Тухмиро барвақт ва ё бевосита пеш аз кишт коркард кардан мумкин. Тухмии зироатҳои тирамоҳиро на дертар чун 2-5 рўз пештар то кишт коркард менамоянд. Ғайр аз ин ҳангоми заҳролудкунии тухмии зироатҳои тирамоҳӣ бо намии баланд, сарфаи об зарур аст, ки то 5 л/т кам карда шавад. Барои васеъ шудани спектори амалаш омехтан бо фунгитсидҳои дигари истифодабаранда барои заҳролудкунии тухмӣ пеш аз кишт, масалан, фенорам - супер, витарос, ТМТД, фундазол, заҳролудкунандагони тухмӣ Витавакс 200 ФФ ва танзимкунандагони сабзиш мумкин.

Заҳрнокшавӣ

Синфи хатараш - II. Барои наботот безаҳр аст. Барои моҳӣ ва организмҳои обӣ хатарнок. Дар минтақаи санитарӣ атрофи обанборҳои хоҷагиҳои моҳипарварӣ дар масоҳати 500 м аз сарҳадҳои ба зери об монда истифодабарии он манъ аст. Тухмии коркардшударо барои хўроки чорво истифода набаред.

Меъёри сарфа ва мавзеъи зараррасон

Зироат Мавзеъи зараррасон Меъёри сарфа(л/т) Усули коркард
Гандуми баҳорӣ ва тирамоҳӣ Сиёҳаки чангӣ ва сахт, пӯсиши решаи муқаррарӣ, пӯсиши решаи гелминтоспориозӣ ва фузариозӣ, мағораи барфин 1,0-1,5 Заҳролудкунии тухмӣ, сарфаи моеъи корӣ 10л/т
Ҷави баҳорӣ ва тирамоҳӣ Сиёҳаки чангӣ ва сахт, пӯсиши реша,"ҷанини сиёҳ" 1,0-1,5 Заҳролудкунии тухмӣ, сарфаи моеъи корӣ 10л/т

Калибровкакунӣ

Тухмӣ: Тухми гандум, ҷави баҳорӣ ва тирамоҳӣ(кг) 25 Тухми гандум, ҷави баҳорӣ ва тирамоҳӣ(кг) 50 Тухми гандум, ҷави баҳорӣ ва тирамоҳӣ(кг) 75 Тухми гандум, ҷави баҳорӣ ва тирамоҳӣ(кг) 100 Тухми гандум, ҷави баҳорӣ ва тирамоҳӣ(кг) 1000
Заҳролудкунанда: СУМИ-8 ФЛО(мл) 37,5 мл 75 мл 112,5 мл 150 мл 1500 мл
Сарфаи об(мл) 250 мл 500 мл 750 мл 1000 мл 10000 мл

Ба боло