Арсерид

Фунгитсиди амалаш алоқавӣ - мунтазам

Қиёсҳо: МЕТАКСИЛ

Моддаи таъсиркунанда: Металаксил + Поликарбасин

Шакли ташреҳкунанда: 60% хокаи намкардашуда

Механизми амалкунанда

Арсерид амалиёти алоқавии мунтазам дорад. Вай дар муддати 2 - 3 соат баъди коркард ба растанӣ аз баргу пояҳо дохил шуда, дар оянда ҳимоятгари он мегардад.

Хусусиятҳои истифодабарӣ

Тавсия шудааст, ки барои истифодабарии васеъ бар зидди фитофтороз ва макроспориоз дар кишти картошка дар давраи нашъунамо бо суспензияи 0,5-0,6% бо усули дорупоши ба кор баранд. Арсерид ҳамчунин барои мубориза бар зидди касалиҳои ба вуҷудоварандаи забўруғҳои пероноспоровагӣ дар бодиринг ва помидор тавсия шудааст. Барои пешгирии инкишофёбии устуворӣ мувофиқи максад аст, ки бо фунгитсидҳои гурўҳҳои дигари кимиёвӣ иваз карда шавад.

Заҳрнокшавӣ

Дар меъёрҳои тавсия шуда барои наботот безаҳр аст. Ҳангоми тайёр кардани омехтаи вай зарур аст, ки мутобиқати он бо пеститсидҳои дигар ва заҳрнокшавии он ба зироатҳои коркард мешуда санҷида шавад. Миёназаҳр, бинобар он зарур аст, ки чораҳои бехатарӣ ва қоидаи коркард риоя шавад.

Меъёри сарфа ва мавзеъи зараррасон

Зироат Мавзеъи зараррасон Меъёри сарфа(кг/га) Мӯҳлати коркард Вақти интизорӣ (рӯз) Маротибаи коркард
Картошка Фитофтороз, макроспориоз, алтернариоз 2,5 Дар даврви нашъунамо 20 3
Бодиринг дар замини кушод Пероноспороз 2,5 Дар даврви нашъунамо 3 2
Помидор Фитофтороз, алтернариоз 2,5 Дар даврви нашъунамо 3 3
Пиёз Пероноспороз 2,5 Дар даврви нашъунамо 5 2

Калибровкакунӣ

Миқдори заҳрдору барои 1 маротиба пур кардани дорупошак вобаста ба майдон, гр

Мавзеъи зараррасон Майдон дар садяк 0,5 Майдон дар садяк 1,0 Майдон дар садяк 1,5 Майдон дар садяк 2,0 Майдон дар садяк 2,5 Майдон дар садяк 3,0
Фитофтороз, алтернариоз (картошка) 12,5 гр 25 гр 37,5 гр 50,0 гр 62,5 гр 75,0 гр
Пероноспороз(бодиринг) 12,5 гр 25 гр 37,5 гр 50,0 гр 62,5 гр 75,0 гр
Фитофтороз, алтернариоз(помидор) 12,5 гр 25 гр 37,5 гр 50,0 гр 62,5 гр 75,0 гр
Пероноспороз(пиёз) 12,5 гр 25 гр 37,5 гр 50,0 гр 62,5 гр 75,0 гр
  • Ҳаҷми 1 дорупошак - 5 - 15 литр.
  • Маълумоти муфассал доир ба истифодабарии ҷадвали калибровкакунӣ дар ин ҷо пешниҳод шудааст.
  • Усули калибровкакунии контсетратсионӣ: Арсерид - 25,0 гр дар 10 л об.
  • Маълумоти муфассал доир ба усули калибровкакунии консетратсионӣ дар ин ҷо пешниҳод шудааст.

Ба боло