Ураган Форте
Гербитсиди мунтазам амалаш яклухт
Моддаи таъсиркунанда: Глифосат (намаки калийдор)
Шакли ташреҳкунанда: 500 (г/л) маҳлули обдор
Механизми амалкунанда
Гербитсиди баландтехнологии амалаш мунтазами яклухт, барои нобуд кардани алафҳои бегонаи яксола ва дусола ва чўби буттагии растанӣ.
Ҳудуди истифодабарӣ
Барои мубориза бо решаи асосӣ ва решаи шохчаҳои навраси хўшадор ва алафҳои бегонаи паҳнбарг, ҳамчунин чўби буттагии растанӣ дар хоҷагиҳои ҷангалпарварӣ истифода мешавад.
Хусусиятҳои истифодабарӣ
Заҳрдору ба растанӣ дар муддати 2-3 соат; нишонаҳои муоинашаванда баъди 7-10 рўз аён мегарданду баъди 2-3 ҳафта нобудшавии пурраи алафҳои бегона ба амал меояд.
Заҳрнокшавӣ
Ҳангоми истифодабарии заҳрдору бо ҷиддият мутобиқи тавсияҳои кор карда шуда хавфи пайдошавии заҳрнокшавии наботот ба вуҷуд намеояд. Камзаҳр барои ҳайвоноти ширхор. Пўстро озор намедиҳад. Заҳрнокиаш суст барои паррандаҳо, вале заҳрнок баро моҳӣ.
Меъёри сарфа ва мавзеъи зараррасон
| Зироат | Мавзеъи зараррасон | Меъёри сарфа(л/га) | Мӯҳлати коркард |
|---|---|---|---|
| Тайёр кардани замин барои кишти зироат | Алафҳои бегонаи яксола ва бисёрсолаи ғаллагӣ ва дупаллагӣ | 2,0-2,1 | Пошидани алафҳои бегона дар давраи сабзиши фаъоли онҳо |
| Тайёр кардани замин барои кишти зироатҳо | Талхаки гулобӣ ва ё хазанда | 4,0 | Пошидани алафҳои бегона дар давраи сабзиши фаъоли онҳо |
Калибровкакунӣ
Миқдори заҳрдору барои 1 маротиба пур кардани дорупошак вобаста ба майдон, мл
| Мавзеъи зараррасон | Майдон дар садяк 0,5 | Майдон дар садяк 1,0 | Майдон дар садяк 1,5 | Майдон дар садяк 2,0 | Майдон дар садяк 2,5 | Майдон дар садяк 3,0 |
|---|---|---|---|---|---|---|
| Алафҳои бегонаи яксола ва бисёрсолаи ғаллагӣ ва дупаллагӣ | 10 мл | 20 мл | 30 мл | 40 мл | 50 мл | 60 мл |
- Ҳаҷми 1 дорупошак - 5 - 15 литр.
- Маълумоти муфассал доир ба истифодабарии ҷадвали калибровкакунӣ дар ин ҷо пешниҳод шудааст.
- Усули калибровкакунии контсетратсионӣ: Ураган Форте - 21,0 мл дар 10 л об.
- Маълумоти муфассал доир ба усули калибровкакунии консетратсионӣ дар ин ҷо пешниҳод шудааст.
Эзоҳ:- Дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта нашудааст, ояндадор мебошад.