Ланнат
Инсектитсиди амалаш алоқавӣ - мунтазам
Моддаи таъсиркунанда: Метомил
Гурўҳ: Карбаматҳо
Шакли ташреҳкунанда: 20% эмулсияи консентратӣ
Механизми амалкунанда
Инсектитсид барои мубориза бо спектори васеъи ҳашаротҳо дар намудҳои асосии зироатҳои кишоварзист. Метомил ингибитори холиэстеразҳо мебошад ва ба гурўҳи карбонатҳо тааллуқ дорад. Вай чун овитсид таъсир мекунад, имкон медиҳад, ки ҳам бо кирмина ва ҳам бо ҳашаротҳои болиғ мубориза барад. Ланнат дар навбати аввал инсектитсиди тези алоқавӣ ва таъсири буғикунанда дошта сарфи назар ба ин заҳрдору ҳамчунин мунтазам таъсир намуда ҳашаротҳои аз баргҳои коркаршуда ғизогирандаро нобуд менамояд.
Хусусиятҳои истифодабарӣ
Инсектитсид бар зидди ҳашаротҳои маканда истифода мешавад: ширинчаҳо, трипсҳо, сафедболакҳо, сикадкаҳо дар пахта, бар зидди ҳашаротҳои хоянда: кирми тирамоҳӣ ва парвонаҳои хоянда, ҳамаи синни кирми ғўза.
Заҳрнокшавӣ
Инсектитсид заҳрнокии баланд дорад, аз ҳамин сабаб дорупоширо пагоҳии барвақт ва ё бегоҳии дертар гузаронидан лозим.
Меъёри сарфа ва мавзеъи зараррасон
| Зироат | Мавзеъи зараррасон | Меъёри сарфа(л/га) | Мӯҳлати коркард | Вақти интизорӣ (рӯз) | Маротибаи коркард |
|---|---|---|---|---|---|
| Пахта | Ширинчаҳо, трипсҳо, сикадкаҳо, сафедболакҳо | 1,2 | Пошидан дар давраи нашъунамо | 15 | 2 |
| Пахта | Кирми ғӯза, бумчаи майдаи заминӣ | 2,5 | Пошидан дар давраи нашъунамо | 15 | 2 |
Калибровкакунӣ
Миқдори заҳрдору барои 1 маротиба пур кардани дорупошак вобаста ба майдон, мл
| Мавзеъи зараррасон | Майдон дар садяк 0,5 | Майдон дар садяк 1,0 | Майдон дар садяк 1,5 | Майдон дар садяк 2,0 | Майдон дар садяк 2,5 | Майдон дар садяк 3,0 |
|---|---|---|---|---|---|---|
| Ширинчаҳо, трипсҳо, сикадкаҳо, сафедболакҳо | 6,0 мл | 12,0 мл | 18,0 мл | 24,0 мл | 30,0 мл | 36,0 мл |
| Кирми ғӯза, бумчаи майдаи заминӣ | 12,5 мл | 25,0 мл | 37,5 мл | 50,0 мл | 62,5 мл | 75,0 мл |
- Ҳаҷми 1 дорупошак - 5 - 15 литр.
- Маълумоти муфассал доир ба истифодабарӣ ҷадвали калибровкакунӣ дар ин ҷо пешниҳод шудааст.
- Усули калибровкакунии контсетратсионӣ: Ланнат - 12,0 мл дар 10 л об.
Эзаҳ:- Дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта нашудааст, ояндадор мебошад.