Таллочашмаки муқаррарӣ
Механизми амалкунанда
Дар тиллочашмак танҳо кирмина хамчун даранда умр ба сар мебарад, хӯрандаи ғайриоддии ҳарис, қобилияти тез аз ҷое ба ҷое гузаштан ва ҷустҷӯй кардан дорад. Ҳашароти болиғ зимистонро дар хонаҳои истиқоматӣ ва ҳам дар хонаҳои барои истиқомат номувофиқ мегузаронад. Тиллочашмак дар ҷойҳои анбӯҳи зиёди ширинчаҳо, ки барои ғизогирии кирмҳои вай дастраст бошад, тухм мегузорад. Ҳашарот тухмгузории аҳлона ба вуҷуд меоварад.Дар як шабонаруз 1 тиллочашмак то 70-тухм гузошта метавонад .Кирмҳои синни якум асосан аз тухмҳои ҳашаротҳои гуногун ғизо мегирад, кирми синни дуюм ва сеюм бошад аз ширинча ва канаҳо.Барои бо хӯрок таъмин кардани насли худ фарди болиғи тиллочашмак дар давоми нашуънамо ба кишти зироатҳои гуногун ҳиҷрат мекунад. Зери таъсири ҳарорати баланд, намнокии пасти ҳаво ва аз воситаҳои заҳрнокшавии кимёвӣ миқдор ва фаъолияти фоидаоварии он хеле паст мешавад. Бинобар он барои истифодабарии тиллочашмак усули мавсими баровардани он ба қитъаҳои зарардида бо ширинча ва тортанаккана мувофиқи мақсад мебошад.
Истифодабарӣ
Барои ноил шудан ба самаранокии баланд аз истифодабарии тиллочашмак дар мубориза бар зидди комплекси - гурӯҳҳои гуногуни ширинчаҳо ва тортанаккана, тиллочашмакро дар давраи синни дуюми кирмина бо меъёри на камтар аз 500 - 1000 фард ба 1 гектар баровардан зарур аст.