Суми-Альфа
Инсектитсиди амалаш рўдавӣ - алоқавӣ
Моддаи таъсиркунанда: Эсфенвалерат
Гурўҳ: Пиретроидҳо
Шакли ташреҳкунанда: 5% эмулсияи консентратӣ
Механизми амалкунанда
Пиретроиди амалаш рўдавӣ - алоқавӣ. Ба узвҳои асаби ҳашаротҳо таъсир мерасонад, боиси фалаҷ шудан ва зуд дар давоми 0,5 - 2 соат нобуд шудани онҳо мегардад. Давомнокии амали заҳрдору аз нурҳои офтоб вобаста нест. Ғайр аз ин заҳрдору самараи хуби тарсондан ва фушурдани ғизогирии ҳашаротҳоро дорад.
Хусусиятҳои истифодабарӣ
Давраи амали ҳифзиаш аз 14 то 21 шабонарўз. Фосилаи байни дорупошиҳо бояд 7 - 14 рўзро ташкил намояд, заҳрдоруро дар давраи нашъунамо бо меъёрҳои сарфаи тавсияшудааш истифода мебаранд. Суръати таъсирнокиаш баланд. Мутобиқ бо бисёр инсектитсидҳо ва фунгитсидҳо, ғайр аз заҳрдоруҳои дорандаи ишқорнокии пурзўри аксуламал дошта. Барои пешгирии пайдошавии устуворӣ зарур аст, ки бо инсектитсидҳои гурўҳи дигари кимиёвӣ иваз карда шавад. Маҳлули корӣ бевосита пеш аз истифодабари тайёр карда шавад. Дорупоширо дар ҳавои бешамол гузаронидан лозим.
Заҳрнокшавӣ
Ҳангоми истифодабарӣ дар вояҳои тавсияшудааш камзаҳр аст. Синфи хатараш - III. Истифодабарии заҳрдору тибқи тавсияи меъёри сарфаи он барои муҳити атроф хатаре надорад. Заҳрдору дар вақти коркард танҳо барои замбўри асал заҳрнок, бинобар он истифодабарии он дар давраи гулкунӣ тавсия дода намешавад. Заҳрнок барои моҳӣ. Дар минтақаи санитарӣ, гирди обанборҳои хоҷагиҳои моҳипарварӣ дар масоҳати 500 метр аз сарҳади зери об монда истифодабарии он манъ аст.
Меъёри сарфа и вредный объект
| Зироат | Мавзеъи зараррасон | Меъёри сарфа(л/га) | Мӯҳлати коркард | Вақти интизорӣ (рӯз) | Маротибаи коркард |
|---|---|---|---|---|---|
| Себ | Кирми себ, баргпечонҳо | 0,5-1,0 | Пошидан дар давраи нашъунамо ва бевосита бо пайдошавии ҳашарот | 30 | 1 |
| Ток | Баргпечонҳо | 0,4-0,6 | Пошидан дар давраи нашъунамо ва бевосита бо пайдошавии ҳашарот | 45 | 1 |
| Картошка | Гамбӯсаки колорадои | 0,15-0,25 | Пошидан дар давраи нашъунамо ва бевосита бо пайдошавии ҳашарот | 20 | 2 |
| Карам | Шапалакҳои сафедбол, парвонаҳо, куяҳо | 0,2 | Пошидан дар давраи нашъунамо ва бевосита бо пайдошавии ҳашарот | 30 | 1 |
| Ҷав | Гамбӯсаки баргхӯри ғалладонагиҳо, пашшаҳо, кайкҳо | 0,2 | Пошидан дар давраи нашъунамо ва бевосита бо пайдошавии ҳашарот | 20 | 1 |
| Гандум | Сангпуштаки гандум, гамбӯсаки баргхӯри ғалладонагиҳо | 0,2-0,25 | Пошидан дар давраи нашъунамо ва бевосита бо пайдошавии ҳашарот | 15 | 2 |
| Мушунг, Лӯбиё, нахӯд | Ширинчаҳо | 0,3 | Пошидан дар давраи нашъунамо ва бевосита бо пайдошавии ҳашарот | 20 | 2 |
Калибровкакунӣ
Миқдори заҳрдору барои 1 маротиба пур кардани дорупошак вобаста ба майдон, мл
| Мавзеъи зараррасон | Майдон дар садяк 0,5 | Майдон дар садяк 1,0 | Майдон дар садяк 1,5 | Майдон дар садяк 2,0 | Майдон дар садяк 2,5 | Майдон дар садяк 3,0 |
|---|---|---|---|---|---|---|
| Кирми себ, баргпечонҳо (себ) | 5 мл | 10 мл | 15 мл | 20 мл | 25 мл | 30 мл |
| Гамбӯсаки колорадоӣ (картошка) | 1,25 мл | 2,5 мл | 2,75 мл | 4,0 мл | 5,25 мл | 6,5 мл |
| Баргпечонҳо(ток) | 3,0 мл | 6,0 мл | 9,0 мл | 12,0 мл | 15,0 мл | 18,0 мл |
- Ҳаҷми 1 дорупошак - 5 - 15 литр.
- Маълумоти муфассал доир ба истифодабарӣ ҷадвали калибровкакунӣ дар ин ҷо пешниҳод шудааст.
- Усули калибровкакунии контсетратсионӣ: Суми-Алфа - 10,0 мл дар 10 л об.