Ридомил Голд Мц
Фунгитсиди пешгирикунанда, амалаш маҳвфкунандаи алоқавӣ - мунтазам
Қиёсҳо: МЕТАКСИЛ
Моддаи таъсиркунанда: Манкосеб + Металаксил
Шакли ташреҳкунанда: 68% хокаи намкардашуда
Механизми амалкунанда
Металаксил амалиёти пешгирикунандаи касалӣ, табобатӣ ва барҳамдиҳии алоқавӣ- мунтазам дорад. Вай дар муддати 0,5 - 1 соат баъди коркард аз байни барг ва поя ба растанӣ дохил мешавад, қудрати табобат кардани растанӣ дар ҳолати сирояти барвақтӣ ва ҳифзи ояндаи онро дорад. Манкосеб ташкил намудани қабати ҳифзиро метозонад.
Хусусиятҳои истифодабарӣ
Металаксил барои мубориза бо касалиҳои бавуҷудоварандаи замбўруғи переноспоровии картошка, ангур, бодиринг ва помидор тавсия шудааст. Коркарди аввалин - пешгирикунии касалӣ, минбаъдааш бо фосилаи 10 - 14 рўз. Дорупошӣ ба навбунёдҳо, растаниҳои фаъолона сабзида истода лозим, чунки дар онҳо заҳрдору зудтар ҳаракат мекунад. Барои пешгирии инкишофёбии устуворӣ мувофиқи мақсад аст, ки бо фунгитсидҳои гурўҳи дигари кимиёвӣ иваз карда шавад.
Заҳрнокшавӣ
Дар меъёри тавсияшудаи он ба наботот заҳрнок нест. Ҳангоми тайёр кардани омехтааш зарур аст, ки мутобиқати он бо инсектитсидҳо ва заҳрнокшавии зироатҳои коркард мешуда санҷида шаванд. Камзаҳр, вале зарур аст, ки чораҳои бехатарӣ ва қоидаи коркард риоя шавад.
Меъёри сарфа ва мавзеъи зараррасон
| Зироат | Мавзеъи зараррасон | Меъёри сарфа(кг/га) | Мӯҳлати коркард | Вақти интизорӣ (рӯз) | Маротибаи коркард |
|---|---|---|---|---|---|
| Картошка | Фитофтороз, макроспориоз, алтернариоз | 2,5 | Пошидан дар давраи нашъунамо | 14 | 3 |
| Бодиринг дар замини кушод | Пероноспороз | 2,5 | Пошидан дар давраи нашъунамо | 5 | 3 |
| Помидор | Фитофтороз, алтернариоз | 2,5 | Пошидан дар давраи нашъунамо | 10 | 4 |
| Пиёз | Пероноспороз | 2,5 | Пошидан дар давраи нашъунамо | 15 | 3 |
Калибровкакунӣ
Миқдори заҳрдору барои 1 маротиба пур кардани дорупошак вобаста ба майдон, гр
| Мавзеъи зараррасон | Майдон дар садяк 0,5 | Майдон дар садяк 1,0 | Майдон дар садяк 1,5 | Майдон дар садяк 2,0 | Майдон дар садяк 2,5 | Майдон дар садяк 3,0 |
|---|---|---|---|---|---|---|
| Фитофтороз, алтернариоз (картошка) | 12,5 гр | 25 гр | 37,5 гр | 50,0 гр | 62,5 гр | 75,0 гр |
| Пероноспороз(бодиринг) | 12,5 гр | 25 гр | 37,5 гр | 50,0 гр | 62,5 гр | 75,0 гр |
| Фитофтороз, алтернариоз(помидор) | 12,5 гр | 25 гр | 37,5 гр | 50,0 гр | 62,5 гр | 75,0 гр |
| Пероноспороз(пиёз) | 12,5 гр | 25 гр | 37,5 гр | 50,0 гр | 62,5 гр | 75,0 гр |