Маълумоти асосӣ оид ба технологияи пошидан

Андозаи чакра

Сифати коркард аз баробар расидани моеъи корӣ ба болои растанӣ вобаста аст. Тақсимоти баробари моеъи корӣ асосан ба андозаю ченаки чакра низ вобастагӣ дорад.

Андозаи муносиби чакра барои кор бо инсектитсидҳо ва фунгитсидҳо аз 50 то 150 микронро ташкил менамояд. Чунин андозаи чакраҳо одатан дар растанӣ баъди пошидан дида намешавад, лекин растанӣ намнок мешавад. Ин чакраҳои хеле хурд буда ба болои барги растаниҳо, қисмати поёнии вай паҳну тақсим шуда ҳеҷ гоҳ аз танаи он шорида намераванд. Норасоии чунин чакраҳо - ин аз ҳудуди майдони дорупошӣ берун ё ки дуртар бурдани заҳрдоруст. Ғайр аз он чакраҳои андозаашон аз 50 то 150 микрон хеле зуд бухор гардида барои бо гербитсидҳо пошидан ношоям мебошанд.

Чакраҳои миёна – инҳо чакраҳое, андозаашон аз 150 то 300 микрон. Ингуна чакраҳо кам бухор мешаванд ва шамол гирифта набарад ҳам ба болои растаниҳо моеъи кории он ба таври зарурӣ баробар тақсим намешаванд. Чакраҳои миёна барои кор кардан бо гербитсидҳо истифода мешавад, лекин барои инсектитсид ва фунгитсидҳои алоқавӣ тавсия дода намешавад.

Чакраҳои калон - ин чакраҳоест, ки андозаашон бештар аз 1000 микрон аст. Чакраҳои мазкурро бо истифода аз ҷорўб ба даст меоранд ва онҳо ба болои растанӣ нобаробар тақсим мешаванд. Баъди ба болои барг афтодани ин чакраҳо дар бисёр маврид шорида ба замин мерезанд. Чакраҳои ба замин афтода бошанд ин заҳрдоруи беҳуда сарф шуда ва баҳри мубориза бар зидди ҳашаротҳои зараррасон ва касалиҳо фоидае расонида наметавонад.

Пошхӯрии чакраҳои андозаашон гуногун ҳангоми суръати якхелаи шамол
Пошхӯрии чакраҳои андозаашон гуногун ҳангоми суръати якхелаи шамол

Барои ба низом овардани чакраҳо дар дорупошак насадкаҳо ҳастанд.

Насадка бо махрути пурраи пошхўрӣ:

  • Дорупошаки дастии муқаррарӣ.
  • Барои инсектисид ва фунгитсидҳо истифода мешаванд.
  • Чакраҳои хурдро ба вуҷуд меорад.
  • Асосан чун соплои алоҳида истифода мешавад.
  • Танзимгари махрути пурраи пошхўрии сопла дошта бошад.

Насадкаи ҳавотозакунаки ҳамвор:

  • Соплои муқаррарӣ дар дастаи дорупошак.
  • Барои баробар болопўш намудани растаниҳо истифода мебаранд.
  • Барои гербитсидҳо, инсектитсид ва фунгитсидҳо дар зироатҳои кишоварзии гуногун истифода бурдан мумкин аст.
Насадкаи махруташ пурра пошхўранда
Насадкаи махруташ пурра пошхўранда

Ба боло