БИ 58 Нав

Инсекто – акаритсиди амалаш мунтазам ва алоқавӣ

Қиёсҳо: ТЕРРАДИМ, ТАГОР.

Моддаи таъсиркунанда: Диметоат

Гурӯҳ: Инсектитсидҳои фосфороорганикӣ

Шакли ташреҳкунанда: 40% эмулсияи консентратӣ

Механизми амалкунанда

Инсекто - акаритсиди мунтазам ва алоқавиро, қисмҳои сабзи растанӣ ҷаббида мегирад ва сипас ба тамоми растанӣ тақсим мешавад. Ҳашаротҳои маканда баъди ғизогирӣ оқибат нобуд мешаванд. Бо шарофати баланди мунтазамнокӣ ва аз нав баробар тақсимшавии моддаи таъсиркунанда дар дохили растанӣ, ҳифзи он аз ҳашаротҳои зараррасон дар қисмҳои аз нав сабзида истодаи растанӣ таъмин мегардад. Заҳрдору ҳамчунин ба ҳашаротҳое, ки лаҳзаи коркард дар растанианд ба амалиёти таъсирбахши алоқавӣ қодиранд, ки аз байни пўсти ҳашаротҳо ҳам фаъолона амал мекунад.

Хусусиятҳои истифодабарӣ

Бо заҳрдору дар ҳама намудҳои дорупошакҳо кор кардан мумкин аст. Давомнокии амали ҳифзи заҳрдору 14 - 21 рўз. Тавсия мешавад, ки дар давраи нашъунамо истифода шавад. Корҳои механиконидашуда баъди 4 рўзи коркард иҷозат дода мешавад, корҳои дастӣ баъди 10 рўз. Ҳангоми ҳарорати баланд зуд вайрон мешавад. Бо заҳрдоруи Фастак ба меъёри 100 г/л омехтан мумкин, ҳамчунин бо дигар фунгитсидҳо ва нуриҳои минералӣ ба ғайр аз маҳлулҳои ишқордор. Шояд хашаротҳо ба заҳрдору одат кунанд, бинобар он тавсия дода мешавад, ки бо заҳрдоруҳои гурўҳи дигари кимиёвӣ иваз карда шавад.

Заҳрнокшавӣ

Барои моҳӣ, замбўри асал ва дигар ҳайвонҳои гармхун, ҳамчунин барои одам заҳровар аст. Коркарди он дар давраи гулкунӣ манъ аст. Зарур аст, ки аз ифлосшавии обанбор ва чашмаҳои оби нўшокӣ аз боқимондаҳои заҳрдору ва оби он, ки барои шустушўи зарфу таҷҳизотҳои дигар истифода шудаанд бояд худдорӣ кард.

Меъёри сарфа ва мавзеъи зараррасон

Зироат Мавзеъи зараррасон Меъёри сарфа (л/га) Мӯҳлати коркард Вақти интизорӣ (рӯз) Маротибаи коркард
Гандум Сангпуштаки гандум, гамбӯсаки баргхӯри ғалладонагиҳо, пашшаи ғаллагӣ, ширинчаҳо, трипсҳо 1,0-1,5 Пошидан дар давраи нашъунамо 30 2
Зироатҳои лӯбиёӣ Оташаки лӯбиёӣ, кирми нахӯд, ширинчаҳо 0,5-0,9 Пошидан дар давраи нашъунамо 30 2
Себ, нок Сипарболакҳо, сипарболакҳои қалбакӣ, тортанакканаҳо, баргпечонҳо, асалак, куяҳо, мевахӯракҳо, кирмҳои баргхӯранда, гамбӯсакҳо 1,1-1,9 Пошидан то ва баъди гулкунӣ 40 2
Олу Тортанакканаҳо, ширинчаҳо, рандачаҳо 1,1-1,9 Пошидан баъди гулкунӣ 40 1
Сабзавотҳо (кишти тухмӣ) Тортанакканаҳо, ширинчаҳо, трипсҳо, ганданафасакҳо 0,5-0,9
Картошка(қитъаи тухмӣ) Ширинчаҳо 1,9-2,4 20 2
Картошка(қитъаи тухмӣ) Куяи картошка 1,4-1,9 20 2
Юнучқа Ганданафасакҳо, ширинчаҳо, почағафси юнучқа, тортанакканаҳо 0,5-0,9 30 2
Қот (парвариши гоҳ, модарӣ) Баргпечонҳо, пашшаҳои лундабавуҷудоваранда, ширинчаҳо 1,1-1,5 Пошидан дар давраи нашъунамо 30 2
Томанк (модарӣ) Тортанаккана, ширинчаҳо, сикадкаҳо, пашшаҳои лундабавуҷудоваранда 0,6-1,1 Пошидан дар давраи нашъунамо 30 2
Пахта Тортанаккана, ширинчаҳо 1,5-2,5 Пошидан дар давраи нашъунамо 30 2

Калибровкакунӣ

Миқдори заҳрдору барои 1 маротиба пур кардани дорупошак вобаста ба майдон, мл

Мавзеъи зараррасон Майдон дар садяк 0,5 Майдон дар садяк 1,0 Майдон дар садяк 1,5 Майдон дар садяк 2,0 Майдон дар садяк 2,5 Майдон дар садяк 3,0
Сангпуштаки гандум, гамбӯсаки баргхӯри ғалладонагиҳо, пашшаи ғаллагӣ, ширинчаҳо, трипсҳо (гандум) 7,5 мл 15,0 мл 22,5 мл 30,0 мл 37,5 мл 45,0 мл
Ганданафасакҳо, ширинчаҳои баргӣ, пашша ва куяҳо, тортанакканаҳо, сикадкаҳо 5 мл 10,0 мл 15,0 мл 20,0 мл 25,5 мл 30,0 мл
Сипарболакҳо, сипарболакҳои қалбакӣ, тортанакканаҳо, баргпечонҳо, асалакҳо, куяҳо, мевахӯракҳо, кирмҳои баргхӯранда, гамбӯсакҳо (себ) 9,5 мл 19,0 мл 28,5 мл 38,0 мл 47,5 мл 57,0 мл
  • Ҳаҷми 1 дорупошак - 5 - 15 литр.
  • Маълумоти муфассал доир ба истифодабарӣ ҷадвали калибровкакунӣ дар ин ҷо пешниҳод шудааст.
  • Усули калибровкакунии контсетратсионӣ: БИ 58 - и Нав - 15,0 мл дар 10 л об

Ба боло