Титус

Гербитсиди амалаш мунтазам

Моддаи таъсиркунанда: Римсулфурон

Шакли ташреҳкунанда: 25% суспензияи хушки ҷоришаванда

Механизми амалкунанда

Гербитсиди мунтазам барои баъди сабзаи барвақтаи мубориза бар зидди алафҳои бегонаи хўшадори яксола ва бисёрсола, ҳамчунин бо спектри васеъи алафҳои бегонаи дупаллагӣ (паҳнбаргҳо) дар кишти ҷуворимакка, помидор ва картошка.

Ҳудуди истифодабарӣ

Гербитсид тақсимшавии ҳуҷайраҳо дар нуқтаҳои сабзиши шохчаҳои наврас ва решаҳоро бозмедорад, дар натиҷаи ин сабзиш баъди чанд соати коркард хотима меёбад. Аммо нишонаҳои дидашаванда танҳо баъди 5-10 рўз пайдо мешаванду нобудшавии алафҳои бегона баъди 2-3 ҳафта фаро мерасад.

Хусусиятҳои истифодабарӣ

Гербитсид бояд бо часпандаи Тренд 90 аз ҳисоби 200 мл дар 1 га истифода шавад. Гербитсид агар коркард ба мўҳлати хеле кам 2 соат пеш аз борон гузаронида шуда бошад, самаранокии худро гум намекунад. Заҳрдоруро дар зироатҳое, ки аз таъсири касалӣ ва ҳашаротҳо, хушкшавӣ ва гармӣ дар ҳолати стресс мебошанд истифода бурдан лозим нест. Заҳрдору то ва баъди коркарди инсектитсидҳои фосфороорганикӣ (новобаста аз усули истифодаи охирин) истифода намебаранд. Заҳрдоруро агар растанӣ аз шабнам ва ё борон тар шуда бошад истифода набаред.

Заҳрнокшавӣ

Барои занбўри асал дар меъёрҳои сарфаи тавсияшудааш хатарнок нест. Нагузоред, ки заҳрдору ва боқимондаҳои вай, ҳамчунин зарфҳои холи ва қуттиҳои он ба обанбор резанд.

Меъёри сарфа ва мавзеъи зараррасон

Зироат Мавзеъи зараррасон Меъёри сарфа(гр/га) Мӯҳлати коркард
Помидор Алафҳои бегонаи яксолаи дупаллагӣ ва бисёрсолаи хӯшагӣ, ҳамчунин алафҳои бегонаи дупаллагии паҳнбарг 40,0 Ҳангоми баландии алафҳои бегона 15-20 см
Картошка Алафҳои бегонаи яксолаи дупаллагӣ ва бисёрсолаи хӯшагӣ, ҳамчунин алафҳои бегонаи дупаллагии паҳнбарг 40,0 Ҳангоми баландии алафҳои бегона 15-20 см
Ҷуворимакка Алафҳои бегонаи яксолаи дупаллагӣ ва бисёрсолаи хӯшагӣ, ҳамчунин алафҳои бегонаи дупаллагии паҳнбарг 50,0 Ҳангоми баландии алафҳои бегона 15-20 см

Калибровкакунӣ

Миқдори заҳрдору барои 1 маротиба пур кардани дорупошак вобаста ба майдон, гр

Мавзеъи зараррасон Майдон дар садяк 0,5 Майдон дар садяк 1,0 Майдон дар садяк 1,5 Майдон дар садяк 2,0 Майдон дар садяк 2,5 Майдон дар садяк 3,0
Алафҳои бегонаи дупаллагӣ ва хӯшагӣ(картошка) 0,2 гр 0,4 гр 0,6 гр 0,8 гр 1,0 гр 1,2 гр
Алафҳои бегонаи дупаллагӣ ва хӯшагӣ(помидор) 0,2 гр 0,4 гр 0,6 гр 0,8 гр 1,0 гр 1,2 гр
Алафҳои бегонаи дупаллагӣ ва хӯшагӣ(ҷуворимакка) 0,25 гр 0,5 гр 0,75 гр 1,0 гр 1,25 гр 1,5 гр
  • Ҳаҷми 1 дорупошак - 5 - 15 литр.
  • Маълумоти муфассал доир ба истифодабарии ҷадвали калибровкакунӣ дар ин ҷо пешниҳод шудааст.
  • Усули калибровкакунии контсетратсионӣ: Титус - 0,5 гр дар 10 л об.
  • Маълумоти муфассал доир ба усули калибровкакунии консетратсионӣ дар ин ҷо пешниҳод шудааст.

Примечание - В республике не зарегистрирован, является перспективным.

Ба боло