Алафҳои бегонаи яксола ва бисёрсола

Тибқи хусусиятҳои биологиашон алафҳои бегона ба гурӯҳҳои зерин ҷудо мешаванд:

  • яксола - баҳорӣ ва тирамоҳӣ, танҳо бо тухмиҳо афзоишёбанда ва силсилаи инкишофашон дар давоми як сол ба охир мерасанд;
  • дусола - бо тухмиҳо афзоиш меёбанд ва силсилаи инкишофашон дар давоми ду сол ба охир мерасанд;
  • бисёрсола - бехреша, бехчаст, меҳварреша ва дигарҳо, афзоишёбанда бо тухмиҳо ва узвҳои зеризаминӣ.

Тибқи ба гурӯҳҳо ҷудо кардани алафҳои бегона ба якпаллагӣ (хӯшадор) ва дупаллагӣ (паҳнбарг) тақсим мешаванд, ки боиси ҳис кардани қобилияти гуногуни онҳо ба истифодабарии гербитсидҳо мебошад.

Алафҳои бегонаи яксола

Шўраи матинҷ - Amaraпthus retroflexis L.

Меҳваррешаи баҳории яксола. Ҳарорати ҳадди ақалли нешзаниаш 6 - 8 ºС, мусоидаташ 26 - 28ºС. Маҳсулнокии тухмиаш то 200 ҳазор тухмӣ ба растанӣ. Дар тамоми ҷойҳои парваришёбии зироатҳои кишоварзӣ вомехўранд.

Шўраи матинҷ
Шўраи матинҷ

Мўрчахорак - Xanthium strumarium L.

Меваррешаи баҳории яксола. Маҳсулнокии тухмиаш то 400 хаммева ба растанӣ. Дар пахтазор, лаблабуи қанд, помидор дар ғалладонагиҳо вомехўранд.

Мўрчахорак
Мўрчахорак

Дағалканафи Теофраст - Abutilon theophrasti Med.

Меҳваррешаи баҳории яксола. Маҳсулнокии тухмиаш то 3600 тухми ба растанӣ. Чуқурии афзоишаш 10 - 13 см. Тухмиҳо сарак қобилияти худро дар хок муддати як сол нигоҳ медоранд. Дар тамоми ҷойҳои парваришёбии зироатҳои кишоварзӣ вомехўранд.

Дағалканафи Теофраст
Дағалканафи Теофраст

Шўраи сафед - Chenopodium album L.

Меҳваррешаи баҳории яксола. Маҳсулнокии тухмиашон 70 ҳазор донакҳо ба растанӣ. Тухмӣ аз чуқурии 8 - 10 см., қобилияти нешзаниро то 38 сол нигоҳ медорад. Дар тамоми ҷойҳои парваришёбии зироатҳои кишоварзӣ вомехўранд.

Шўраи сафед
Шўраи сафед

Ҳуртумони холӣ, ё Бомаси оддӣ - Avena fatua L.

Маҳсулнокии тухмиаш қариб 600 доначаҳо ба як растанӣ мебошад, ки чуқурии нешзаниаш то 20 см аст. Тухмиҳо қобилияти сабзишашонро дар замин то 5 сол нигоҳ медоранд. Дар киштзори зироатхои ғалладонагиҳо вомехўранд.

Бомаси оддӣ
Бомаси оддӣ

Тасбеҳаки часпак - Galium aparine L.

Меваррешаи зимистонгузаронандаи яксола. Ҳадди аксари маҳсулнокиаш 1200 доначаҳо ба растанӣ мебошад. Аз чуқурии на бештар аз 8 - 9 см неш мезанад. Дар киштзорҳои зироати ғалладонагиҳо вомехўранд.

Тасбеҳаки часпак
Тасбеҳаки часпак

Ҷағҷағи оддӣ - Capsella bursa-pastoris L.

Меҳваррешаи зимистонгузаронандаи яксола. Маҳсулнокии тухмиаш 27 ҳазор тухмӣ ба растанӣ, аз чуқурии 2-3 см. неш зада қобилияти худро дар хок на камтар аз 35 солнигоҳ медорад. Дар киштзорҳои зироати ғалладонагиҳо вомехўранд.

Ҷағҷағи оддӣ
Ҷағҷағи оддӣ

Зарпечаки саҳроӣ - Cuscuta campestris Yunck.

Сералафи яксолаи печанда, растании муфтхўр. Реша ва барг надорад. Дарозии пояаш 50-150 см, растаниро печонида, ба он часпида мегирад. Бо тухми ва нашъунамоӣ меафзояд. Як растанӣ вобаста аз зироате, ки дар он алафи бегона муфтхўри мекунад, аз 27- 56 ҳазор тухми дода метавонад. Тухмиҳо қобилияти худро солҳо нигох медоранд ва ҳангоми аз узвҳои ғизоҳазмкунии ҳайвонот гузаштан ҳам онҳо гум намешаванд. Асосан онҳо дар зироатҳои сабзавотӣ ва дар кўчати ниҳолҳо вомехўранд.

Зарпечаки саҳроӣ
Зарпечаки саҳроӣ

Арзани мурғи чинорак - Echinochloa crusgalli (L.) Beauv.

Алафи бегонаи яксолаи дерсабзи баҳорӣ. Тухмихояш дар 4-6ºС неш мезананд, ҳарорати мусоиди нешзаниаш 26-28 ºС. Чукурии мусоиди нешзаниаш 1-2 см, ҳадди аксараш 12-14 см. Моҳҳои июн - сентябр гул мекунад. Як растанӣ 0,2-13 ҳазор тухмӣ медиҳад. Қобилияти сабзишро дар хок 4-5 сол нигоҳ медорад.

Ангури сараки сиёҳ - (Solanum nigrum L.).

Алафи бегонаи яксолаи бахорӣ. Харорати ҳадди ақалли нешзании тухмӣ 10-12 ºС. Майсаҳояш аз моҳи май то охири тобистон пайдо мешаванд. Маҳсулнокии ҳадди аксараш барои як растанӣ то 282 ҳазор тухмӣ мебошад.

Ангури сагаки сиёҳ
Ангури сагаки сиёҳ

Бобунаи хушбўй - Matricaria matricarioides (Less.)

Алафи бегонаи яксолаи баҳорӣ. Ҳарорати ҳадди акалли нешзаниаш 2- 4ºС, мусоидаш 22-24ºС. Сабзишаш мавҷзанон дар давраи баҳор ва тобистону тирамоҳ пайдо мешаванд. Як растанӣ то 5,3 тухмӣ ба вуҷуд меоварад.

Бобунаи хушбўй
Бобунаи хушбўй

Шумгиёҳи офтобпараст -Orobanche cumana Wallr.

Растании муфтхўри яксолаи решагӣ, тибқи баъзе маълумотҳо ва ҳамчун дусола ва бисёрсола инкишоф ёфта метавонад. Маҳсулнокии ҳадди аксараш 100 ҳазор тухмӣ, қобилияти мавҷудияташ то 10 сол.

Шумгиёҳи офтобпараст
Шумгиёҳи офтобпараст

Алафҳои бегонаи бисёрсола

Печаки даштӣ – Coпvolvulus arvensis L.

Палакпояи бисёрсола. Ҳамаҷоя, фитнаангез. Решакан карданаш мушкил. Алафи бегонаи ҳамагуна зироатҳо ва ҷойҳои гуногуни алафзеркарда. Маҳсулнокии тухмиаш то 1000 тухмӣ ба растанӣ, аз чуқурии то 12 см неш мезанад. Афзоиши нашъунамояш бо роҳи нешзании бехҷастаи муғҷаҳои барқарорёбӣ - асосӣ, инкишофёбии тухмӣ ҳангоми паҳн намудани тухмӣ дар кишти нав ва киштзор нақши муҳимро мебозад. Дар ҳама ҷо паҳн шудааст.

Печаки даштӣ
Печаки даштӣ

Аҷириқи панҷадор - Cynodon dactylon Pers.

Бехҷасти дарозу зудшикани бисёрсола. Як растаниаш 2-3 ҳазор тухмӣ медиҳад. Алафи бегонаи ҳамачояи ҳамаи зироатҳост. Хеле васеъ дар тамоми ҷумҳурӣ паҳн шудааст.

Аҷириқи панҷадор
Аҷириқи панҷадор

Ғумой - Sorghum halepense (L.) Pers.

Алафи бегонаи бехрешагӣ. Дар хоки намноки ҳарораташ 30 - 35ºC дар чуқурии 1 - 3 см месабзад. Аз моҳи июн сар карда, то моҳи август гул мекунад. Маҳсулнокии растаниҳо дар доираи аз 0,5 то 3 ҳазор дона тухмӣ. Тухмиаш қобилияти мавҷудияти худро ба муддати 3 - 5 сол нигоҳ медорад. Бо тухмӣ ва нашъунамо афзоиш меёбад. Ҳангоми аз тухмаӣ навбарқарор намудан аз тирамоҳ растаниҳо тухмӣ додан ва бехреша ба дарозии 50 см ба вуҷуд меваранд. Афзоишаш бо нашъунамо аз бехреша ва ҳиссаҳои дар қабати зершудгори дар хок боқимонда ва шикастапораҳои он агар ҳатто як муғҷаи қобилияти мавҷудият дошта бошанд, баамал меояд.

Чилбуғуми даштӣ - Equsetum arvense L.

Алафи бегонаи бисёрсолаи бехреша. Навдаҳои спорабарандааш дар баҳори барвақт инкишоф ёфта, спораҳо дар моҳҳои март - май пухта мерасанду пас аз ин навдаҳои спорабаранда маҳв меёбанд, навдаҳои ғайриспоравиаш то тирамоҳӣ дер пайдо мешаванд. Навдаҳои саврас аз чуқурии на зиёда аз 50 см месабзанд. Ҳиссаҳои бехреша ба афзоиши нашъунамо қобилият доранд. Анбуҳи асосии бехрешаҳо дар чуқурии 30-60 см мутамарказ ёфтаанд.

Чилбуғуми даштӣ
Чилбуғуми даштӣ

Салом алейкум -Cyperus rotundus

Дар тамоми Тоҷикистон васеъ паҳн шудааст. Бисёр вақт дар майдонҳои намнокии хокаш баланд, ҳамчунин дар хокҳои хушк ва мулоим инкишоф ёфта метавонанд. Алафи бегонаи бисёрсола бо бехмеваи решагию навдаҳои дароз дар давраи хушкӣ ва зимистонгузарони барои зинда мондани растанӣ мутасадди мебошанд. Микдори калони тухмиҳоро ба шакли муайян меоварад. Баландии растанӣ 15 - 40 см, пояаш росту серуя (ва ё се паҳлу) сатҳи болоии дурушт, охири пояаш нугтез аст. Алафҳои бегона ба кишти зироатҳо зарари асосӣ расонида ҳосилнокиро паст менамояд.

Салом алейкум
Салом алейкум

Ба боло