Актеллик

Инсектитсиди алоқавӣ – амалаш ҳифзӣ

Моддаи таъсиркунанда: Пиримифосметил

Гурўҳ: Инсектоакаритсид

Шакли ташреҳкунанда: 50% эмулсияи консентратӣ

Механизми амалкунанда

Таъсири босуръати алоқавӣ, рўдавӣ ва тамйизро молик аст, ки дар муддати кўтоҳ дар болои растанӣ ва муҳити атроф паҳн мешавад. Бинобар ҳамин пеш аз ҳама барои коркарди зироатҳои хўрокворӣ истифода мебаранд.

Хусусиятҳои истифодабарӣ

Барои истифодабарии васеъ дар гандум бар зидди ширинчаҳо, трипсҳо ва сангпуштаки гандум тавсия шудааст. Дар кишти шолӣ бар зидди ширинчаҳо, хомўшакҳо, пашшаҳои соҳилӣ. Онро ҳамчунин дар ток бар зидди баргпечонҳо, миттаи ангур дар давраи нашъунамо истифода мебаранд. Мўҳлати амали ҳифзиаш 15 рўз. Амали тамйизии актеллик барои мубориза бо ҳашаротҳое, ки дар тарафи поёни барг ғизо мегиранд ёрӣ мерасонанд ва дар алоқа бо моеъи корӣ ҳангоми ба ҳам наздикшавиаш тоб намеоранд. Бо шарофати амали тамйизии актеллик - заҳрдоруи мувофиқ барои ташкили ҳавои хира (туманолуд) мебошад.

Заҳрнокшавӣ

Истифодаи заҳрдору тибқи тавсияи сарфаш ба муҳити атроф зараровар нест. Заҳрдору барои замбўри асал заҳровар, бинобар ҳамин дар давраи гулкунӣ истифодабарии он тавсия дода нашудааст. Хатарнок барои моҳӣ, ба обанборҳо рехта рафтанашро пешгирӣ кардан лозим.

Меъёри сарфа ва мавзеъи зараррасон

Зироат Мавзеъи зараррасон Меъёри сарфа (л/га) Мӯҳлати коркард Вақти интизорӣ (рӯз) Маротибаи коркард
Гандум Ширинчаҳо, трипсҳо, сангпуштаки гандум 1,2 Пошидан дар давраи нашъунамо ҳангоми пайдошавии ҳашарот 20 2
Шолӣ Ширинчаҳо, хомӯшакҳо, пашшаи назди соҳилӣ 0,5 Пошидан дар давраи нашъунамо ҳангоми пайдошавии ҳашарот 20 2
Ток Баргпечонҳо, миттаи ангур 2,0 Пошидан дар давраи нашъунамо ҳангоми пайдошавии ҳашарот 20 2

Калибровкакунӣ

Миқдори заҳрдору барои 1 маротиба пур кардани дорупошак вобаста ба майдон, мл

Мавзеъи зараррасон Майдон дар садяк 0,5 Майдон дар садяк 1,0 Майдон дар садяк 1,5 Майдон дар садяк 2,0 Майдон дар садяк 2,5 Майдон дар садяк 3,0
Сангпуштаки гандум, ширинчаҳо, трипсҳои гандумӣ (гандум) 6,0 мл 12,0 мл 18,,0 мл 24,0 мл 30,0 мл 36,0 мл
Ширинчаҳо, хомӯшакҳо, пашшаи назди соҳилӣ (шолӣ) 2,5 мл 5,0 мл 7,5 мл 10,0 мл 12,5 мл 15,0 мл
Баргпечонҳо, коксидҳои ордмонанд (ток) 10,0 мл 20,0 мл 30,0 мл 40,0 мл 50,0 мл 60,0 мл
  • Ҳаҷми 1 дорупошак - 5 - 15 литр.
  • Маълумоти муфассал доир ба истифодабарӣ ҷадвали калибровкакунӣ дар ин ҷо пешниҳод шудааст.
  • Усули калибровкакунии контсетратсионӣ: Апплауд - 10,0 гр дар 10 л об.

Ба боло