Гоал

Гербитсиди амалаш алоқавӣ

Гербитсиди амалаш алоқавӣ

Моддаи таъсиркунанда: Оксифлуорфен

Шакли ташреҳкунанда: 24% эмулсияи консентратӣ

Механизми амалкунанда

Гербитсиди амалаш алоқавӣ, чун бевосита аз байни қисмҳои сабзи растанӣ ҳангоми коркард дар вақти шашъунамо, ҳамчунин аз байни хок ҳам амал карда метавонад. Заҳрдору зуд ба баргҳои алафи бегона дохил мешавад, аммо амали мунтазам надорад ва ҳангоми шуста шудани он бо бориш аз барг ба замин мерезад. Амали хокии заҳрдору чун дар самаранокии ҳифзи "парда" асос ёфтааст, ки қобилияти вай пахш намудани нешзании алафҳои бегона аст.

Ҳудуди истифодабарӣ

Самаранок бар зидди спектори васеъи алафҳои бегонаи яксолаи асосан паҳнбарги дупаллагӣ. Дар сирпиёз ва пиёз истифода мешавад.

Хусусиятҳои истифодабарӣ

Ҳангоми истифодабарии заҳрдору бояд тавсияи онро ҷиддӣ риоя кард. Дар давраи барвақтии сабзиш (то 2 баргаи ҳақиқӣ) зироатҳои растанӣ ҳассосанд ва ба вояҳои дастури дар ҷадвал ишора кардаи гербитсид осеб гирифта метавонанд.

Заҳрнокшавӣ

Зарур аст,ки чорахои бехатари риоя шавад ва нагузорд,ки бокимондахои захрдору ва оби асбобхои бо он шустушуй намуда ба обанборхо резанд.

Меъёри сарфа ва мавзеъи зараррасон

Зироат Мавзеъи зараррасон Меъёри сарфа(л/га) Мӯҳлати коркард
Ҳамаи давраҳои пиёз Алафҳои бегонаи яксолаи дупаллагӣ 0,5-1,0 Дар давраи 2 баргаи зироат
Офтобпараст Алафҳои бегонаи яксолаи дупаллагӣ 0,8-1,0 то сабзаи барвақтаи зироатҳо

Калибровкакунӣ

Миқдори заҳрдору барои 1 маротиба пур кардани дорупошак вобаста ба майдон, мл

Мавзеъи зараррасон Майдон дар садяк 0,5 Майдон дар садяк 1,0 Майдон дар садяк 1,5 Майдон дар садяк 2,0 Майдон дар садяк 2,5 Майдон дар садяк 3,0
Алафҳои бегонаи яксолаи дупаллагӣ(пиёз, офтобпараст) 5 мл 10 мл 15 мл 20 мл 25 мл 30 мл
  • Ҳаҷми 1 дорупошак - 5 - 15 литр.
  • Маълумоти муфассал доир ба истифодабарии ҷадвали калибровкакунӣ дар ин ҷо пешниҳод шудааст.
  • Усули калибровкакунии контсетратсионӣ: Гоал - 10,0 мл дар 10 л об.
  • Маълумоти муфассал доир ба усули калибровкакунии консетратсионӣ дар ин ҷо пешниҳод шудааст.

Эзоҳ: Дар чумхури ба кайд гирифта нашудааст,ояндадор мебошад.

Ба боло