Курзат Р
Фунгитсиди амалаш мунтазами муҳофизавӣ ва мавфкунанда
Моддаи таъсиркунанда: Флусилазол
Шакли ташреҳкунанда: Симоксанил 42 гр/кг + Хлорокиси мис 397,5 гр/кг
Механизми амалкунанда
Фунгитсиди амали пешгирикунанда ва табобатӣ дорад. Симоксанил зуд дохили барг мешавад ва замбўруғро дар қисмати аввалин давраи инкубатсионӣ маҳв мекунад. Вай дорои ҳифзкунӣ, табобатӣ ва хусусиятҳои зидди спорагӣ дорад. Туршии хлори мис муҳофизати давомноки амалаш алоқавиро дорост.
Хусусиятҳои истифодабарӣ
Фунгитсид ҳангоми истифодабарӣ бо мақсади пешгирии касалӣ ва марҳалаи барвақтаи касалӣ, ҳангоме ки пайдошавии касалӣ ҳоло дар растанӣ дида намешавад, самаранок. Бар зидди переноспороз, фитофтороз, пўсиши бактериалӣ, монилиоз, саратони сиёҳ ва бактериалӣ дар зироатҳои асосии сабзавотҳо, боғҳо ва токзорҳо истифода мебаранд.
Заҳрнокшавӣ
Ҳангоми истифодабарии заҳрдору ҷиддӣ мутобиқи тавсия, барои наботот заҳрнок нест. Заҳрнокиаш барои муҳити атроф бо эътидол. Зарур аст, ки қоидаи бехатарӣ риоя карда шавад.
Меъёри сарфа ва мавзеъи зараррасон
| Зироат | Мавзеъи зараррасон | Меъёри сарфа(л/га) | Мӯҳлати коркард | Вақти интизорӣ(рӯз) | Маротибаи коркард |
|---|---|---|---|---|---|
| Себ, нок | Монилиоз, саратони сиёҳ | 3,0 | Пошидан дар давраи нашъунамо | 15 | 2 |
| Гелос, олучабандак, зардолу | Монилиоз | 3,0 | Пошидан дар давраи нашъунамо | 15 | 2 |
| Картошка | Фитофтороз | 2,5 | Пошидан дар давраи нашъунамо | 15 | 2 |
| Помидор | Фитофтороз | 2,0 | Пошидан дар давраи нашъунамо | 15 | 2 |
| Пиёз | Пероноспороз | 2,5 | Пошидан дардавраи нашъунамо | 15 | 2 |
| Бодиринг | Пероноспороз | 2,0 | Пошидан дар давраи нашъунамо | 15 | 2 |
Калибровкакунӣ
Миқдори заҳрдору барои 1 маротиба пур кардани дорупошак вобаста ба майдон, гр
| Мавзеъи зараррасон | Майдон дар садяк 0,5 | Майдон дар садяк 1,0 | Майдон дар садяк 1,5 | Майдон дар садяк 2,0 | Майдон дар садяк 2,5 | Майдон дар садяк 3,0 |
|---|---|---|---|---|---|---|
| Монилиоз, саратони сиёҳ(себ) | 15 гр | 30 гр | 45 гр | 60 гр | 75 гр | 90 гр |
| Фитофтороз(картошка) | 12,5 гр | 25,0 гр | 37,5 гр | 50,0 гр | 62,5 гр | 75,0 гр |
| Пероноспороз(пиёз) | 12,5 гр | 25,0 гр | 37,5 гр | 50,0 гр | 62,5 гр | 75,0 гр |
- Ҳаҷми 1 дорупошак - 5 - 15 литр.
- Маълумоти муфассал доир ба истифодабарии ҷадвали калибровкакунӣ дар ин ҷо пешниҳод шудааст.
- Усули калибровкакунии контсетратсионӣ: Курзат Р - 30,0 гр. дар 10 л об.
- Маълумоти муфассал доир ба усули калибровкакунии консетратсионӣ дар ин ҷо пешниҳод шудааст.
Эзоҳ: Дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта нашудааст, ояндадор мебошад.