Гезагард

Гербитсиди амалаш мунтазам

Моддаи таъсиркунанда: Прометрин

Шакли ташреҳкунанда: 50% эмулсияи консентратӣ

Механизми амалкунанда

Ҳангоми истифодабарӣ то сабзаи барвақтӣ ба пояча ва неши тухмии сабзидаистодаи алафҳои бегона дохил мешавад, ҳангоми дорупошӣ баъди сабзидан - аз байни баргҳо. Нишонаҳои дидашаванда баъди 5-7 шабонарўз пас аз коркард намоён мешавад. Давомнокии ҳифзи амалаш: 10-12 шабонарўзро ташкил менамояд ва аз шароити обу ҳаво вобаста аст.

Ҳудуди истифодабарӣ

Яксолаи дупаллагӣ ва алафҳои бегонаи хўшадор дар зироатҳои лўбиёгӣ, картошка, сабзӣ ва ғайраҳо.

Хусусиятҳои истифодабарӣ

Ҳангоми пеш аз сабзаи барвақтӣ хок бояд хуб тайёр карда шуда ва намнок шуда бошад. Вояи ҳадди аксари заҳрдоруро ба хоки таркибаш аз ҷиҳати механикӣ вазнинтарин дохил мекунанд. Соли оянда баъди истифодаи заҳрдору зироатҳои гуногунро ҷойгир кардан мумкин. Сарфаи моеъи корӣ: 200-300 л/га.

Заҳрнокшавӣ

Зарур аст, ки чораҳои бехатарӣ риоя шавад ва роҳ дода нашавад, ки боқимондаҳои заҳрдору ва оби асбобҳои бо он шустушўй намуда ба обанборҳо резанд. Нагузоред, ки заҳрдоруро ба киштзори ҳамсоя баранд.

Меъёри сарфа ва мавзеъи зараррасон

Зироат Мавзеъи зараррасон Меъёри сарфа(л/га) Мӯҳлати коркард
Офтобпараст, кишти омехтаи ҷуворимакка бо офтобпараст Алафҳои бегонаи яксолаи дупаллагӣ ва хӯшагӣ 2-4 То кишт, яквақта бо кишт ва ё то сабзаи барвақта
Мушунг барои ғалла , соя, сирпиёз Алафҳои бегонаи яксолаи дупаллагӣ ва хӯшагӣ 3-5 То сабзаи барвақта
Лӯбиё Алафҳои бегонаи яксолаи дупаллагӣ ва хӯшагӣ 3 Аз 2-3 рӯза то сабзаи барвақта
Картошка Алафҳои бегонаи яксолаи дупаллагӣ ва хӯшагӣ 3-4 То сабзаи барвақта
сабзӣ Алафҳои бегонаи яксолаи дупаллагӣ ва хӯшагӣ 2-3 То кишт, то сабзаи барвақта ё ки дар давраи 1-2 барги ҳақиқӣ
Ҷаъфарӣ Алафҳои бегонаи яксолаи дупаллагӣ ва хӯшагӣ 4 То сабзаи барвақта
Кишти омехтаи лӯбиё бо нахӯд ва мушунг бо нахӯд Алафҳои бегонаи яксолаи дупаллагӣ ва хӯшагӣ 4 То сабзаи барвақта
Пахта Алафҳои бегонаи яксолаи дупаллагӣ ва хӯшагӣ 3-5 То кишт ё ки то сабзаи барвақта

Калибровкакунӣ

Миқдори заҳрдору барои 1 маротиба пур кардани дорупошак вобаста ба майдон, мл

Мавзеъи зараррасон Майдон дар садяк 0,5 Майдон дар садяк 1,0 Майдон дар садяк 1,5 Майдон дар садяк 2,0 Майдон дар садяк 2,5 Майдон дар садяк 3,0
Алафҳои бегонаи яксолаи дупаллагӣ ва хӯшагӣ(офтобпараст) 20 мл 40 мл 60 мл 80 мл 100 мл 120 мл
Алафҳои бегонаи яксолаи дупаллагӣ ва хӯшагӣ(лӯбиё) 15 мл 30 мл 45 мл 60 мл 75 мл 90 мл
Алафҳои бегонаи яксолаи дупаллагӣ ва хӯшагӣ(картошка) 25 мл 50 мл 75 мл 100 мл 125 мл 150 мл
  • Ҳаҷми 1 дорупошак - 5 - 15 литр.
  • Маълумоти муфассал доир ба истифодабарии ҷадвали калибровкакунӣ дар ин ҷо пешниҳод шудааст.
  • Усули калибровкакунии контсетратсионӣ: Гезагард - 40,0 мл дар 10 л об.
  • Маълумоти муфассал доир ба усули калибровкакунии консетратсионӣ дар ин ҷо пешниҳод шудааст.

Ба боло