Колосал

Фунгитсиди мунтазам

Моддаи таъсиркунанда: Тебуконазол

Шакли ташреҳкунанда: 25% эмулсияи консентратӣ

Механизми амалкунанда

Бо амали спектори васеъи фунгитсидиаш фарқ мекунад. Таъсири табобатиро ҳангоми аллакай саршавии сироятёбӣ мерасонад. Тез дохили растанӣ мешавад ва дар дохили растанӣ паҳн мешавад, устувор ба нуфузи таҳнишинӣ.

Хусусиятҳои истифодабарӣ

Фунгитсидро бар зидди пирикуляриози шолӣ дар давраи нашъунамо истифода мебаранд. Барои ноилшавӣ ба ҳадди зиёди таъсиррасонӣ тавсия дода мешавад, ки заҳрдору дар марҳалаи барвақтии касалӣ истифода бурда шавад. Коркарди аввалинро ҳангоми пайдошавии нишонаҳои аввалини касалӣ, дуюмаш - дар ҳолати зарурат баъди 3-4 ҳафта мегузаронанд. Фунгитсид ҳифзӣ киштҳои шолиро аз сироятшавӣ дар муддати 4-5 ҳафта аз лаҳзаи коркард таъмин менамояд.

Заҳрнокшавӣ

Ҳангоми истифодабарии заҳрдору ҷиддӣ мутобиқи тавсия барои наботот заҳрнок нест. Заҳрнокиаш барои муҳити атроф бо эътидол. Зарур аст, ки қоидаи бехатарӣ риоя шавад. Барои занбўри асал ва моҳӣ заҳрнок аст.

Меъёри сарфа ва мавзеъи зараррасон

Зироат Мавзеъи зараррасон Меъёри сарфа(л/га) Мӯҳлати коркард Вақти интизорӣ(рӯз) Маротибаи коркард
Шолӣ Пирикуляриоз 0,75 Пошидан дар давраи нашъунамо 20 2

Калибровкакунӣ

Миқдори заҳрдору барои 1 маротиба пур кардани дорупошак вобаста ба майдон, мл

Мавзеъи зараррасон Майдон дар садяк 0,5 Майдон дар садяк 1,0 Майдон дар садяк 1,5 Майдон дар садяк 2,0 Майдон дар садяк 2,5 Майдон дар садяк 3,0
Пирикуляриоз 3,75 мл 7,50 мл 11,25 мл 15,0 мл 18,75 мл 22,5 мл
  • Ҳаҷми 1 дорупошак - 5 - 15 литр.
  • Маълумоти муфассал доир ба истифодабарии ҷадвали калибровкакунӣ дар ин ҷо пешниҳод шудааст.
  • Усули калибровкакунии контсетратсионӣ: Колосал – 8,0 мл дар 10 л об.
  • Маълумоти муфассал доир ба усули калибровкакунии консетратсионӣ дар ин ҷо пешниҳод шудааст.

Эзоҳ: Дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта нашудааст, ояндадор мебошад.

Ба боло