Фьюри
Инсектитсиди амалаш алоқавӣ - рўдавӣ
Моддаи таъсиркунанда: Зета-сиперметрин
Гурўҳ: Пиретроидҳо
Шакли ташреҳкунанда: 10% эмулсияи консентратии дар об ҳалшаванда
Механизми амалкунанда
Инсектитсиди пиретроиди алоқавӣ - рўдавӣ бар зидди спектори васеъи хояндаҳо ва макандаҳои ҳашаротҳои зироатҳои кишоварзӣ. Ба узвҳои марказии асаби ҳашаротҳо зарар мерасонад. Самаранок бар зидди кирмина ва фардҳои болиғи ҳашаротҳо.
Хусусиятҳои истифодабарӣ
Барои дорупошии зироатҳо дар давраи нашъунамо ҳангоми пайдошавии ҳашаротҳо истифода мебаранд. Давраи амали ҳифзиаш аз 14 то 18 рўз. Бо ҳама намудҳои дорупошак мутобиқ аст. Маҳлули кориро бевосита пеш аз истифодабари тайёр мекунанд. Барои пешгирии пайдошавии устуворӣ зарур аст, ки он бо инсектитсидҳои гурўҳи дигари кимиёвӣ иваз карда шавад. Хусусиятҳои акаритсиди надорад, бинобар он дар шароити мувофиқ омадан барои оммавӣ зиёдшавии тортанакканаҳо, заҳрдоруро дар омехтагӣ ва ё табдил додани он бо акаритсидҳои махсус истифода бурдан мумкин.
Заҳрнокшавӣ
Ҳангоми истифодабарӣ дар вояи тавсиядодашудаи он амали заҳрнокшавии наботот зоҳир намегардад. Синфи хатараш - III. Хатарнок барои замбўри асал, дар давраи гулкунӣ коркард гузаронида нашавад, барои моҳӣ хатарнок, ба обанборҳо рехтани он роҳ дода нашавад.
Меъёри сарфа ва мавзеъи зараррасон
| Зироат | Мавзеъи зараррасон | Меъёри сарфа(л/га) | Мӯҳлати коркард | Вақти интизорӣ (рӯз) | Маротибаи коркард |
|---|---|---|---|---|---|
| Картошка | Гамбӯсаки колорадоӣ | 0,15-0,20 | 20 | 2 | |
| Пахта | Кирми ғӯза | 0,6 | 20 | 2 | |
| Ток | Кирми хӯшаи ангур | 0,32-0,50 | Пошидан дар давраи нашъунамо | 30 | 2 |
| Карам, масъар | Гулхӯракии масъар, кайкҳои чилликгулҳо, парвонаҳо, куяҳо, шапалакҳои сафедбол | 0,2-0,3 | Пошидан дар давраи нашъунамо | 20 | 2 |
| Олу, гелос, олучабандак | Ширинчаҳо | 0,32-0,50 | Пошидан то гулкунӣ ва баъди ҷамъоварии ҳосил | 20 | 2 |
| Себ | Кирми себ, баргпечонҳо | 0,32-0,50 | Пошидан дар давраи нашъунамо | 20 | 2 |
Калибровкакунӣ
Миқдори заҳрдору барои 1 маротиба пур кардани дорупошак вобаста ба майдон, мл
| Мавзеъи зараррасон | Майдон дар садяк 0,5 | Майдон дар садяк 1,0 | Майдон дар садяк 1,5 | Майдон дар садяк 2,0 | Майдон дар садяк 2,5 | Майдон дар садяк 3,0 |
|---|---|---|---|---|---|---|
| Гамбӯсаки колорадоӣ (картошка) | 1,0 мл | 2,0 мл | 3,0 мл | 4,0 мл | 5,0 мл | 6,0 мл |
| Кирми ғӯза, ширинчаҳо (пахта) | 3,0 мл | 6,0 мл | 9,0 мл | 12,0 мл | 15,0 мл | 18,0 мл |
| Кирми себ, баргпечонҳо (себ) | 2,5 мл | 5,0 мл | 7,5 мл | 10,0 мл | 12,5 мл | 15,0 мл |
| Кирми хӯшаи ангур (ток) | 2,5 мл | 5,0 мл | 7,5 мл | 10,0 мл | 12,5 мл | 15,0 мл |
- Ҳаҷми 1 дорупошак - 5 - 15 литр.
- Маълумоти муфассал доир ба истифодабарӣ ҷадвали калибровкакунӣ дар ин ҷо пешниҳод шудааст.
- Усули калибровкакунии контсетратсионӣ: Фюри - 2,5 мл дар 10 л об.