Пантера

Гербитсиди амалаш мунтазам ва алоқавӣ

Моддаи таъсиркунанда: Хизалофоп-п-тефурила

Шакли ташреҳкунанда: 4,0% эмулсияи консентратӣ

Механизми амалкунанда

Заҳрдору худро гербитсиди мунтазам пешниҳод менамояд, кадоме ки баргҳои алафҳои бегона ҷаббида мегиранд ва ба тамоми растанӣ паҳн мешавад. Пантера тез дар нуқтаҳои сабзиши шохчаҳои наврас ва решаи асосӣ ҷамъ мешавад дар он ҷо вай ба синтези липидҳо омехта мешавад ва растаниро ба нобудшавӣ меорад. Нишонаҳои аввалини Пантера бади 5 – 10 рўз пас аз дохил кардан ҳувайдо мешавад ва дар зардшавии теппаи навдаҳо ифода мегардад ва баъди 14-21 рўз пас аз дохил кардан алафҳои бегона нобуд мешаванд.

Ҳудуди истифодабарӣ

Гербитсид барои пас аз сабзаи барвақтаи коркарди киштҳои пиёз ва пахта бар зидди алафҳои бегонаи хўшадори яксола ва бисёрсола, ҳангоме ки онҳо 4 - 6 барга шудаанд ва ё баландии 10 - 15 см - ро ноил гаштаанд, истифода мешаванд.

Хусусиятҳои истифодабарӣ

Ҷиддӣ тавсия мешавад, ки дар давраи барвақтии сабзиши алафҳои бегона истифода шавад. Маҳлули корӣ бевосита пеш аз пошидан тайёр карда мешавад. Ҳаҷми моеъи корӣ бо истифодабарии дорупошаки оддӣ ҳангоми дохил кардани Пантера 180-400 л/га- ро ташкил менамояд. Ҳангоми зич шинонидани зироат ва ё зичии баланди алафҳои бегона миқдори зиёди обро истифода бурдан лозим. Пантера метавонад дар омехтаи бак барои васеъшавии спектори амали гербисид бо гербисидҳои дигар истифода шуданаш мумкин. Ҳангоми тайёр кардани омехтаҳо дар бак аз омехтаи мустақими заҳрдору бе пешакӣ ҳал кардани он дар об роҳ дода нашавад.

Заҳрнокшавӣ

Дар меъёрҳои тавсияшудаи он барои коркард намудани алафҳои бегона заҳрнок. Ҳангоми истифодабарӣ чораҳои бехатарӣ риоя шавад. Нагузоред, ки боқимондаҳои заҳрдору ва оби асбобҳои бо он шустушўй намуда ба обанборҳо резад.

Меъёри сарфа ва мавзеъи зараррасон

Зироат Мавзеъи зараррасон Меъёри сарфа(л/га) Мӯҳлати коркард
Пиёз Алафҳои бегонаи яксола ва бисёрсолаи хӯшагӣ 1,5 Дар давраи нашъунамои зироат, баъди пайдошавии алафҳои бегона истифода мешавад
Пахта Алафҳои бегонаи яксола ва бисёрсолаи хӯшагӣ 1,5 Дар давраи нашъунамои зироат, баъди пайдошавии алафҳои бегона истифода мешавад

Калибровкакунӣ

Миқдори заҳрдору барои 1 маротиба пур кардани дорупошак вобаста ба майдон, мл

Мавзеъи зараррасон Майдон дар садяк 0,5 Майдон дар садяк 1,0 Майдон дар садяк 1,5 Майдон дар садяк 2,0 Майдон дар садяк 2,5 Майдон дар садяк 3,0
Пиёз 7,5 мл 15,0 мл 22,5 мл 30,0 мл 37,5 мл 45,0 мл
Пахта 7,5 мл 15,0 мл 22,5 мл 30,0 мл 37,5 мл 45,0 мл
  • Ҳаҷми 1 дорупошак - 5 - 15 литр.
  • Маълумоти муфассал доир ба истифодабарии ҷадвали калибровкакунӣ дар ин ҷо пешниҳод шудааст.
  • Усули калибровкакунии контсетратсионӣ: Пантера - 15,0 мл дар 10 л об.
  • Маълумоти муфассал доир ба усули калибровкакунии консетратсионӣ дар ин ҷо пешниҳод шудааст.

Ба боло