Стомп

Гербитсид

Қиёсҳо: ЭСТАМП. СТРИНГ.

Моддаи таъсиркунанда: Пендиметалин

Шакли ташреҳкунанда: 33% эмулсияи консентратӣ

Механизми амалкунанда

Заҳрдору тақсимшавии ҳучайраҳоро дар реша ва нуқтаи сабзиш хотима медиҳад ва сабзиши растаниро бозмедорад. Растаниҳо нобуд мешаванд.

Ҳудуди истифодабарӣ

Заҳрдору барои ғалладонагиҳо, офтобпараст, тамоку, зироатҳои сабзавотӣ бар зидди алафҳои бегонаи яксолаи якпаллагӣ ва дупаллагӣ тавсия шудааст.

Хусусиятҳои истифодабарӣ

Ақалли камтарини меъёри сарфа ҳангоми хушкии баҳорӣ таваккал кардан лозим нест. Дар хокҳои бойи гумусдор истифодабарии он тафсия дода намешавад. Маҳлули корӣ пеш аз истифодабарӣ тайёр карда мешавад Дар мамлакатҳои дигар Стомп бар зидди алафҳои бегона дар пиёз дар давраи аз 1 то 3 баргҳои ҳақиқии зироатҳо (меъёри сарфа 2 л/га) истифода мешаванд. Истифодабарии заҳрдору дар ҷойҳои оби зери замини наздик буда тавсия намешавад.

Заҳрнокшавӣ

Зарур аст, ки чораҳои бехатарӣ риоя шавад ва роҳ дода нашавад, ки боқимондаҳои заҳрдору ва оби асбобҳои бо он шустушўй намуда ба обанборҳо резанд. Нагузоред, ки заҳрдоруро ба киштзори ҳамсоя баранд.

Меъёри сарфа ва мавзеъи зараррасон

Зироат Мавзеъи зараррасон Меъёри сарфа(л/га) Мӯҳлати коркард
Гандуми тирамоҳӣ Алафҳои бегонаи яксолаи хӯшагӣ ва дупаллагӣ 5,0 Пошидани хок то кишт, баъди кишт то пайдошавии сабзаи барвақтаи зироат ё ки то шинонидани кӯчат вобаста аз ҳудуди истифодабарӣ
Ҷуворимакка Алафҳои бегонаи яксолаи хӯшагӣ ва дупаллагӣ 6,0 Пошидани хок то кишт, баъди кишт то пайдошавии сабзаи барвақтаи зироат ё ки то шинонидани кӯчат вобаста аз ҳудуди истифодабарӣ
Соя Алафҳои бегонаи яксолаи хӯшагӣ ва дупаллагӣ 6,0 Пошидани хок то кишт, баъди кишт то пайдошавии сабзаи барвақтаи зироат ё ки то шинонидани кӯчат вобаста аз ҳудуди истифодабарӣ
Офтобпараст Алафҳои бегонаи яксолаи хӯшагӣ ва дупаллагӣ 6,0 Пошидани хок то кишт, баъди кишт то пайдошавии сабзаи барвақтаи зироат ё ки то шинонидани кӯчат вобаста аз ҳудуди истифодабарӣ
Сабзавот Алафҳои бегонаи яксолаи хӯшагӣ ва дупаллагӣ 5,0 Пошидани хок то кишт, баъди кишт то пайдошавии сабзаи барвақтаи зироат ё ки то шинонидани кӯчат вобаста аз ҳудуди истифодабарӣ

Калибровкакунӣ

Миқдори заҳрдору барои 1 маротиба пур кардани дорупошак вобаста ба майдон, мл

Мавзеъи зараррасон Майдон дар садяк 0,5 Майдон дар садяк 1,0 Майдон дар садяк 1,5 Майдон дар садяк 2,0 Майдон дар садяк 2,5 Майдон дар садяк 3,0
Алафҳои бегонаи яксолаи хӯшагӣ ва дупаллагӣ(гандум) 25 мл 50 мл 75 мл 100 мл 125 мл 150 мл
Алафҳои бегонаи яксолаи хӯшагӣ ва дупаллагӣ(ҷуворимакка) 30 мл 60 мл 90 мл 120 мл 150 мл 180 мл
Алафҳои бегонаи яксолаи хӯшагӣ ва дупаллагӣ(сабзавот) 25 мл 50 мл 75 мл 100 мл 125 мл 150 мл
  • Ҳаҷми 1 дорупошак - 5 - 15 литр.
  • Маълумоти муфассал доир ба истифодабарии ҷадвали калибровкакунӣ дар ин ҷо пешниҳод шудааст.
  • Усули калибровкакунии контсетратсионӣ: Стомп - 50,0 мл дар 10 л об.
  • Маълумоти муфассал доир ба усули калибровкакунии консетратсионӣ дар ин ҷо пешниҳод шудааст.

Ба боло