Заҳрдоруҳоро чӣ тавр дуруст истифода мебаранд?

Самараи беҳтарини воситаи ҳифзи растаниҳо аз сифати заҳрдору, риояи мўҳлати тавсияшуда, дақиқкорӣ ва маҳорати пошидани заҳрдору ба таври дигар гўем, аз истифодаи технологияи дурусти он вобаста аст. Барои ин хуб нигоҳ доштани вазъияти техникии дорупошак, риояи хусусиятҳои пошидан ва қоидаи бехатарии муносибат бо пеститсидҳо талаб карда мешавад.

Пешакӣ омода намудани асбобҳои корӣ, ки шояд лозим шаванд шарт аст. .Бояд гуфт, ки бадбахтии умумии ҳама фермерҳо - ин ҳангоми кор бо маҳлули пеститсидҳо онҳо бо олотҳои гуногуну баъзан номувофиқ: гидропултҳо, ҷорўбҳо, чўтка ва ғайра асбобҳоро истифода мебаранд. Дар амал бошад агар дорупошаки дар трактор насб шударо истифода набаранд, тавсия дода мешавад, ки бо дорупошаки дастии милаш 1,2 метра кор кардан лозим, то ки чакраҳои маҳлул ба пўст, чашм ва ё узвҳои нафаскашӣ афтода зараре нарасонанд. Мили дастаи дорупошак чи қадаре дарозтар бошад, барои одами пошандаи заҳрдору бехатар аст.

Ғайр аз ин барои кор кардан бо заҳрдоруҳо либосҳои махсус лозим:

  • Хилъат (ва ё комбинезон), ки намегузорад чакраҳо ба пўсти одами дорупош расад.
  • Пойафзоли резинӣ.
  • Телпакча ва ё кепка.
  • Дастпўшаки резини.
  • Агар дар дастур нишон дода шуда бошад, айнак ва респираторҳо.
  • Пешдоман.

Ҳамаи ин либосҳои махсусро аз либосҳои дигар алоҳида нигоҳ дошта, тамбалӣ накарда ҳар дафъа баъди кор бо пеститсидҳо албатта бо собуни ҷомашўи шустан даркор. Чизе, ки ҷомашўӣ кардан мумкин нест, бояд бо собуноба тоза карда сипас бо оби тоза шустан лозим.

Инак Шумо ба кор шурўъ менамоед. Барои ин аввал бисёр мавридҳо заҳрдоруро бо об маҳлул мекунанд. Маълум, ки ин кор катъӣ аз рўи нишондод дар зарфҳои махсус ва ҳеҷ гоҳ на дар зарфҳои хўрокворӣ иҷро карда мешаванд.

Ба боло