Мизоҷони мӯҳтарам!

Ба диққати Шумо Маълумотномаи электронӣ оиди воситаҳои ҳимояткунандаи растанӣ, ки дар Ҷумҳурӣ аввалин маротиба нашр мешавад, пешкаш карда шудааст.

Маълумотнома бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи “Мусоидат ба ташкили хадамоти машваратии миллии соҳаи кишоварзии Тоҷикистон” (SENAS) дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзӣ омода шудааст.

АгроИнформ.Тҷ муассиси электронии Маълумотномаи мазкур мебошад. Намуди чопии Маълумотномаи мазкурро аз ҳамаи агромағозаҳои вилояти Суғд дарёфт кардан мумкин аст.

Маълумотнома оиди муҳофизати растаниҳо

Акнун бошад Шумо истифодабарии ин Маълумотнома дар реҷими онлайнро пайдо мекунед. Барои ҷустуҷӯи маълумот оиди востаҳои ҳимояи растаниҳо танҳо калимаи матлубро дар сатри “Ҷустуҷӯ”-и сомона нависед ва дар назди Шумо тамоми мақолаҳои лозимае, ки ин калима ё ибораро дар бар мегиранд, кушода мешаванд. Ё ин ки аз онлайн аломат истифода бурдан мумкин аст, ки дар қисмати болоии фасли мазкур оварда шудааст.

Солҳои охир дар соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағироти назаррас ба миён омадааст. Дар шароити иқтисодиёти бозаргонӣ дастрасӣ ба воситаҳои ҳимояи растание, ки қаблан кишоварзон аз он истифода намекарданд, пайдо шуд. Аммо маълумот дар бораи воситаҳои нави ҳимояи растанӣ на танҳо ба мардуми оддӣ, балки ба аксарияти мутахассисон дастнорас буд. Ин гуна муаммоҳоро ба назар гирифта Маълумотнома оиди ҳимояи растанӣ тартиб дода шуд.

Маълумотномаи мазкур барои мутахассисон ва мушовирони соҳаи кишоварзӣ, ташкилотҳое, ки бо фурӯши воситаҳои ҳимояи растанӣ машғуланд ва деҳқонони ҳавасманд пешбинӣ шудааст.

Дар маълумотнома роҳҳои дурусти истифодабарии воситаҳои ҳимояи растаниҳое, ки ба ҷумҳурӣ ворид мешаванд бар зидди зараррасонҳо, бемориҳо ва алафҳои бегона ба пуррагӣ маълумот дода шудааст.

Нашри аввали маълумотнома аз тарафи Маркази Таълимии Машварат ва Навгонӣ дар Қирғизистон ба табъ расида буд. Барои мувофиқаткунии Маълумотномаи мазкур дар шароити Тоҷикистон материалҳо аз Корхонаи Давлатии Муҳофизати Растанӣ ва кимиёкунонии кишоварзии назди Вазорати Кишоварзии Ҷумҳурӣ, маълумотномаҳои мухталифи воситаҳои ҳимояи растанӣ, материалҳои илмӣ-тадқиқотии институтҳои академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва манбаъҳои гуногуни интернетӣ истифода шудаанд. Инчунин барои омодакунии Маълумотномаи мазкур ба муаллифон гурӯҳи корӣ мусоидат кардаанд.

Маълумотнома аз 7 боб иборат аст. Бобҳои асосӣ ва қисмҳо дар мундариҷаи Маълумотнома шарҳ дода шудаанд.

Дар Боби 1 мафҳуми умумӣ доир ба воситаҳои ҳифзи растаниҳо, гурўҳҳои пеститсидҳо ва хусусиятҳои онҳо пешниҳод шудаанд. Шумо аз он ҳалли дурусти чӣ тавр хондани тамғаи заҳрдору ва барои чӣ баъзан заҳрлоруҳо таъсир намерасонанд, ба натиҷаи дилхоҳатон ноил намегардед, фаҳмида метавонед. Аз Боби мазкур Шумо чӣ тавр муқаррар намудани ҳисоби арзиши заҳрдору дар коркарди 1 гектар меомўзед.

Дар Боби 2 қоидаҳои гузаронидани дорупошӣ, намудҳои гуногуни дорупошак ва калибровкакунии онҳо, тартиби тайёр кардани маҳлули корӣ ва қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми пошидани заҳрдоруҳои кимиёвӣ. Дар ин Боб Шумо ҳамчунин бо қоидаҳои коркарди дарахтон ва заҳролудкунии тухмӣ шинос мешавед.

Дар Боби 3 ба тавсифи воситаҳои ҳифзи растанӣ бахшида шудааст. Шаклҳои ташреҳкунанда, тартиби таъсиркунанда, усули истифодабарӣ, меъёрҳои сарфа ва калибровкакунии онҳо нақл менамояд. Ахбори гурўҳи заҳрдоруҳои асоси, номгўйи фурўшӣ ва моддаҳои таъсиркунанда пешниҳод шудааст. Дар инҷо Шумо маълумотҳоро бар зидди кадом мавзеъи зараррасон истифода мешаванд, чӣ тавр онҳо таъсир мерасонанд, то кадом андоза онҳо барои растанӣ, муҳити атроф ва инсон хатарноканд ёфта метавонед.

Ҳангоми мутолиаи Боби мазкур диққататон ба номгўи заҳрдоруи аввала нигаронида шавад. Дар маълумотнома заҳрдоруҳо чунон ба гурўҳҳо ҷудо шудаанд, ки таркиби моддаҳои таъсиркунандаашон ягона ва шакли заҳрдоругӣ ва дараҷаи ғилзаташон якхелаанд, вале онҳо номгўи гуногуни фурўшӣ доранд ва қиёси заҳрдоруҳои аввалаи зикр намудаамон мебошанд.

Бояд хотиррасон намуд, ки номгўи заҳрдоруҳо иваз ва мукаммал мешаванд ва номгўйҳои нав пайдо мешаванд. Вале ҳангоми харидани онҳо ҳамеша ба номгўи моддаҳои таъсиркунанда аҳамият диҳед, ба Шумо интихоби заҳрдоруе, ки лозим аст, осонтар мегардад.

Дар Боби 4 муаррифии кўтоҳи ҳашаротҳо, касалиҳо ва алафҳои асосии зироатҳои кишоварзӣ, вале дар Боби 5 чорабиниҳои муҳофизатӣ бар зидди онҳо гузаронида мешавад, ифода ёфтаанд.

Боби 6 дар бораи унвони ширкатҳое, ки воситаҳои ҳифзи растаниро воридод ва ба фурўхтан мебарорад, муаррифӣ менамояд.

Боби 7 унвони ташкилотҳое, ки воситаҳои биологии ҳифзи растаниҳоро пешниҳод менамоянд.

Бо ёрии маълумотнома ба кадом гурўҳ тааллуқ доштани заҳрдору, чигунагии моддаҳои таъсиркунанда ва ҳатто маълум будани танҳо номгўи фурўши онҳо осон аст. Масалан: Шумо заҳрдоруи Раундап харидеду доир ба он ягон маълумот надоред. Дар маълумотнома аломатҳои Алифбои заҳрдоруҳоро бо номгўи фурўшии онҳо кушода саҳифаи даркориро меёбед, ки ин гербитсид буда барои нобуд кардани алафҳои бегона мебошад ва ба ғайр аз он бо чунин амал боз якчанд заҳрдоруҳои дигар мисол оварда шудаанд.

Вақтҳои охир заҳрдоруҳо мувофиқи моддаҳои таъсиркунандаи он фурўхта мешаванд. Дар ин ҳолат маълумотнома барои донистани номгўи заҳрдоруҳои фурўшӣ, заҳрдоруҳои амалкунанда, ки дар асоси моддаҳои таъсиркунандаи мазкур тайёр шудаанд ёри мерасонад. Дар ин кор ба Шумо нишондодҳои заҳрдоруҳои Алифбо доир ба моддаҳои таъсиркунанда мадад мерасонад.

Муаллифон:

Анвар Ҷалилов

Мудири шўбаи муҳофизати растаниҳои Институти зироатчигӣ, номзади илми биология

Телефон: 93 598 59 21


Абдумавлон Воҳидов

Муовини сардори Муассисаи давлатии муҳофизати растаниҳо ва химикунонии Вазорати кишоварзӣ

Телефон: 93 504 50 60

Ба боло