Трихограммаи муқаррарӣ
Бо сабабии васеъ истифодабарии пеститсидҳо оқибатҳои иловагии зарар овардани онҳо аҳмияти усули биологӣ афзуд. Вай аз усули кимёвӣ ва дигар бо амалиёти ба худ хоси омилҳои биологӣ, безарари бо муҳити атрофу одамон, аз нав барқароршавӣ ва вусъати мустақилонаи организмҳои фоидаовар ва самаранокии дарозмуддат фарқ мекунад. Самтҳои асосии ҳифзи биологии растаниҳо:
- Интродуктсия ва мўътодкунондани намудҳои нави ҳашаротҳои фоидаовар (энтомофагҳо);
- Дохили ҳудуди ҷойгиршавии шавии энтомофагҳо;
- Парвариши оммавии (лаборатории) озмоишигоҳии энтомофагҳо ва баровардани онҳо ба майдон;
- Истифодаи самарабахши фаъолияти табии таҳаввули (популятсия) энтомофагҳо, акарифагҳо ва энтомопатогенҳои микроорганизмҳо, нигоҳдории онҳо ҳангоми коркардҳои кимёвӣ.
Энтомофагҳо
Дар замони ҳозира истеҳсоли воситаҳои ҳифзи биологии растанӣ аз ҷониби давлат маблағгузорӣ карда мешавад ва одатан арзиши коркарди он нисбат ба коркарди заҳрдоруҳои кимёвӣ хеле арзонтар аст.
Трихограмаи мукаррари (trihogramma euanescens)
Механизми амалкунанда
Муфтхур - тухмхур,биоагенти асосии истифодашаванда барои хифзи биологии пахта, чуворимака, зироатхоисабзавот ва мевадиханда аз хашаротхои оилаи пулакчаболхо (парвонахо) ба гайр аз абрешимресаки ночуфт мебошад.Хашароти болиг муфтхур буда кирминаи трихограмма муфтхуранда мебошад, хар он чизи андаруни тухми сарвари хашаротхо бударо мехурад.Хангоми чустучу тухми сарвар модинаи трихограма мавкеи худро аз буе, ки парвонахои модина ва е хашаротхои зараррасон боки мондааст,муаян мекунад. Баъди тухмро ефтан трихограма ба болои он як ва е якчандто тухм мегузорад.Трихограмаи болиг дар табат 3-4 руз хает мебинад. Бо вучуди он, ки доираи сарвар -хашаротхо хеле бисер аст , тахаввули (популятсия) табии трихограма наметавонад мустакилона мидори хашаротхо ба танзим дарорад.Бинобар хамин дар озмоишгоххо парвариш ва ба табиат баровардани тухм хурро талаб мекунад.Сабаб якчандто: зимистони сард ба нобудшави захираи асосии зимистонгузарони трихограма оварда мерасонад.Парида баромадани бахори трихограма хеле брвакт пеш аз тухмгузории парвонахо руй медихад. Бинобар он вай мачбур аст, ки тухми шапалакхои гуногунро аз байни алафхои бегона ва юнучка чустучуй кунад.Таъсири асосии манфи ба ташаккулебии тахавули (популятсияи) табии трихограма дар майдонхо коркарди кимеви мебошад.
Истифодабариии трихограмма
Дар мубориза бо парвонаҳо дар давраи баҳорон (апрел - май) дар кишти ҷуворимакка, дар зироатҳои барвақтаи сабзавоту полезӣ бо меъёри умумии баровадани 80000 фард трихограмма дар 1 гектар се маротиба дар фосилаи 3 - 5 рӯз тадбирҳои пешгирӣ гузаронида мешаванд. Самаранокии трихограмма дар мубориза бо парвонаҳо бисёр вақт аз дараҷаи шумора ва меъёри баровардани трихограмма вобаста аст. Ҳангоми истифодабариии яккарата ва дукарата самаранокиаш танҳо 5 - 10 рӯз идома меёбад, сипас тез паст мешавад. Дар барориши 3 - 5 карата аз ҳисоби нақшаи 60 + 80 + 80 + 60 + 60 ҳазор фард ба 1 гектар муддати дуру дароз ба самараи хеле баланд рафта мерасад. Баровардани трихограммаи аввалинро лозим аст, ки ба давраи оғози тухмгузории ҳашаротҳо мутобиқ намуда, сипас дар давраи тухмгузории оммавии ҳашаротҳои зараррасон ва дертар тибқи нақша лозим аст. Зеро тухмгузории зараррасонҳо кашол меёбанд ва парвози онҳо зиёда аз як моҳ давом мекунад. Трихограмма бояд соатҳои пагоҳӣ ва бегоҳӣ бароварда шаванд. Трихограмму следует расселять в утренние и вечерние часы дня.