Децис
Инсектитсиди амалаш алоқавӣ ва рўдавӣ
Қиёсҳо: ДЕЛЬРОС, ДЕСИСТ
Моддаи таъсиркунанда: Делтаметрин
Гурўҳ: Пиретроидҳо
Шакли ташреҳкунанда: 2,5% эмулсияи консентратӣ
Механизми амалкунанда
Бо роҳи алоқавӣ - рўдавӣ ба узвҳои асаби зараррасон таъсир мерасонад. амал мекунад. Барои баъзе зараррасонҳо заҳрдору таъсири иловагии дигар, тарсонидан ва ё аз худ дур шуданро дорад.
Хусусиятҳои истифодабарӣ
Дар давраи нашъунамои растанӣ ва ё дар давраи муқарраршудаи сабзиши зироат истифода мебаранд. Дорупоширо бо заҳрдору ҳангоми пайдошавии аввалин ҳашаротҳои зараррасон мегузаронанд. Заҳрдору ба растанӣ зуд дар муддати 4 соат вобаста мегардад. Давомнокии амали ҳифзи заҳрдору 10 - 14 рўз. Дар ҳарорати ҳавои зиёда аз 250°С фаъолияти он маҳдуд аст. Диққат: дар давраи гулкунӣ коркард манъ аст. Омехтан бо дигар заҳрдоруҳо тавсия дода намешавад.
Заҳрнокшавӣ
Синфи хатараш - II. Хеле хатарнок барои замбўри асал, дар давраи гулкунӣ коркард гузаронида нашавад, барои моҳӣ хатарнок, роҳ надиҳед, ки ба обанборҳо рехта равад. Ҳангоми риоя намудани тавсия оид ба истифодабарии заҳрдору барои наботот зараровар нест, дар хок ҷамъ намешавад, ҳамчунин барои онҳое, ки бо он сару кор доранд каму беш бехатар ва барои истеъмолкунандагон маҳсулоти охирин, барои он, ки заҳрдору хело тез тақсим шуда меравад.
Меъёри сарфа ва мавзеъи зараррасон
| Зироат | Мавзеъи зараррасон | Меъёри сарфа (л/га) | Мӯҳлати коркард | Вақти интизорӣ (рӯз) | Маротибаи коркард |
|---|---|---|---|---|---|
| Гандуми тирамоҳӣ | Сангпуштаки гандум, трипси ғаллагӣ, гамбӯсаки баркхӯри ғалладонагиҳо, ширинчаҳои хӯшакӣ | 0,25 | Пошидан дар давраи нашъунамо ҳангоми пайдошавии ҳашарот | 20 | 2 |
| Масъари тирамоҳӣ ва баҳорӣ | Кайки чилликгул, гулхӯраки масъар, ширинчаи карам, баргхӯри карам, парвонаҳо | 0,3 | Пошидан дар давраи нашъунамо ҳангоми пайдошавии ҳашарот | 20 | 2 |
| Пахта | Сафедболак, кирми ғӯза | 0,7-1,0 | Пошидан дар давраи нашъунамо ҳангоми пайдошавии ҳашарот | 20 | 2 |
| Помидор, полезиҳо | 0,25-0,5 | Пошидан дар давраи нашъунамо ҳангоми пайдошавии ҳашарот | 20 | 1 | |
| Картошка | Гамбӯсаки колорадои | 0,1-0,15 | Пошидан дар давраи нашъунамо ҳангоми пайдошавии ҳашарот | 20 | 2 |
Калибровкакунӣ
Миқдори заҳрдору барои 1 маротиба пур кардани дорупошак вобаста ба майдон, мл
| Мавзеъи зараррасон | Майдон дар садяк 0,5 | Майдон дар садяк 1,0 | Майдон дар садяк 1,5 | Майдон дар садяк 2,0 | Майдон дар садяк 2,5 | Майдон дар садяк 3,0 |
|---|---|---|---|---|---|---|
| Сангпуштаки гандум, кайкҳо, трипсҳо, гамбӯсаки баргхӯри ғалладонагиҳо, ширинчаҳо, гулхӯраки масъар, сикадкаҳо | 1,25 мл | 2,5 мл | 3,75 мл | 5,0 мл | 6,25 мл | 7,5 мл |
| Гамбӯсаки колорадоӣ | 0,75 мл | 1,5 мл | 2,25 мл | 3,0 мл | 3,75 мл | 4,5 мл |
| Сафедболак, кирми ғӯза | 5 мл | 10 мл | 15 мл | 20 мл | 25 мл | 30 мл |
| Парвонаҳои хоянда | 2,5 мл | 5,0 мл | 7,5 мл | 10,0 мл | 12,5 мл | 15,0 мл |
- Ҳаҷми 1 дорупошак - 5 - 15 литр.
- Маълумоти муфассал доир ба истифодабарӣ ҷадвали калибровкакунӣ дар ин ҷо пешниҳод шудааст.
- Усули калибровкакунии контсетратсионӣ: Калипсо - 5,0 мл дар 10 л об.