Қоидаи заҳролудкунии тухмӣ
Ҳангоми заҳролудкунии тухмӣ барои ноил шудан ба натиҷаи самараноки баланди заҳрдору ба гуфтаҳои зерин диққат намоед:
- Барои он ки заҳролудкунии тухми хушсифат таъмин гардад - тухмии тоза, омехта нашудаю зарар нарасидаро истифода баред;
- нишондоди барои коркарди тухмӣ мувофиқи усули мақбули умум қабулшударо ҷиддӣ танзим намоед;
- сифати заҳролудшавии тухми (назорати муоинашаванда, баробар пўшонидашавии ғалладона) бо дараҷаи рангдиҳӣ ва меъёри сарфаи заҳрдоруро мунтазам назорат кунед;
- Тухмиҳои бо заҳрдоруҳои дигар коркардшударо аз нав заҳролуд накунед.
Заҳролудкунии тухмӣ дар мошинаи заҳролудкунанда:
- ба баки (зарфи) мошинаи захролудкунак нисфи ҳаҷми зарурии обро рехта дастгоҳи омезишдиҳии онро ба кор дароред;
- ба об миқдори ба ҳисоб гирифтаю андозааш муайяншудаи заҳролудкунандаро илова намоед;
- ҳангоми зарурат ба бак заҳрдоруҳои дигарро илова намоед (пешакӣ аз озмоиши якҷояшавӣ гузашта) резед;
- боқимонда миқдори обро то меъёри муқарраршуда илова кунед;
- омезиши онҳоро дар ҳамаи давраи тайёр кардани маҳлули корӣ ва идомаи заҳролудкуни давом диҳед;
- маҳлули корӣ бояд дар муддати 24 соат баъди тайёр шуданаш истифода шавад;
- баъди ба охир расидани кор зарф ва асбобҳои бо заҳрдоруҳо истифодашударо бо об шустушўй кунед. Оби шустушўй намударо напартоед, шояд он барои тайёр кардани моеъи кории дигар истифода бурда шавд.
Ҳангоми набудани мошинаи заҳролудкунанда аксарияти фермерҳо заҳролудкунии тухмиро дастӣ мекунанд. Барои ин кор матоъи брезентӣ ва ё плёнкаи полиэтилениро истифода мебаранд. Ба онҳо тухмиро баробар пош медиҳанд. Сипас дар зарфи пластмассӣ маҳлули корӣ тайёр карда мешавад ва баробар ба болои тухмиҳо мепошанд (дорупошакро истифода бурдан мумкин). Баъди ин тухмиҳоро то лаҳзае, ки пурра бо заҳролуд рўйпўш шаванд, меомезанд.
Ҳангоми заҳролудкунӣ доштани дастпўшак, ниқоб, айнак ва либоси махсуси муҳофизавӣ лозим.
Тасвири усули дастии заҳролудкуни тавсия дода нашудааст ва танҳо ба таври ғайриоддӣ будан истифода мешаванд.