Ҳисоби арзиши захрдоруҳо барои коркарди 1 га

Бисёр фермерҳо ҳангоми фаҳмидани нархи заҳрдору меҳаросанд, ки барои гузаронидани чорабиниҳои муҳофизати пулашон намерасад. Дар бисёр ҳолатҳо фермерҳо ба нархи 1 қуттӣ, 1 литр ва ё 1 килограмм нигоҳ мекунанду ҳисоби арзиши заҳрдоруро бо назардошти меъёри сарфа барои коркарди 1гектар намегузаронанд.

Масалан: ба Шумо лозим аст, ки кишти картошкаро бар зидди гамбўсаки колорадои коркард намоед. Дар фурўш инсектисид Моспилан ҳаст, ки меъёри сарфааш 0,025 кг/га, нархи заҳрдору 300 сомонӣ барои 1кг мебошад.

Барои коркарди майдони 1га харидани 0,025 кг Моспилан зарур аст.

0,025 кг/ га х 300 сом/кг = 7,5 сомонӣ/га.

Ҳамин тавр, мо фаҳмидем, ки нархи заҳрдоруи Моспилан барои коркарди яккаратаи 1га кишти картошка бар зидди гамбўсаки колорадои ба фермер ҳамагӣ 7,5 сомонӣ меафтад.

Яъне 1кг заҳрдоруи Моспилан барои коркарди яккаратаи 40 га майдони картошка мерасад. Аз ин бармеояд, ки нархи 1 қуттӣ заҳрдору доир ба арзиши коркард чизе нест. Ҳангоми муқоисакунии заҳрдору ҳамеша меъёри сарфа ва арзиши он барои коркарди 1 га ба эътибор гирифта шавад.

Ба боло