Моспилан
Инсектитсиди амалаш мутазам - алоқавӣ
Қиёсҳо: ТАГСПИЛАН. ПИЛАРМОС, АСЕФИД.
Моддаи таъсиркунанда: Астамиприд
Гурўҳ: Неоникотиноидҳо
Шакли ташреҳкунанда: 20% хокаи ба об ҳалшаванда
Механизми амалкунанда
Соҳиби амали мунтазам ва алоқавӣ буда қобилияти дар растанӣ аз қитъаҳои коркардшуда ба коркарднашуда ҳаракат карданро дорад, ки бо ҳамин роҳ самаранокии худро меафзояд. Бинобар он таъсирнокии заҳрдору бар зидди ҳашарот дар қитъаҳои коркарднашудаи растанӣ ҳам ошкор мегардад. Дар мавзеъҳои зараррасон ба он устуворӣ ошкор намегардад. Заҳрдору ҳангоми ҳарорати мўътадил ва баланд самаранокии баланди биологии худро нигоҳ медорад. Натиҷаи амалкунандаи заҳрдору аллакай баъди як соат пас аз коркард мушоҳида мегардад: рўзи дигар зери растанӣ ва ё дар баргҳои поёнии он ҳашаротҳои нобудшударо дидан мумкин.
Хусусиятҳои истифодабарӣ
Заҳрдору ба ҳама намудҳои дорупошак коршоям аст. Ба растанӣ маҳлули навтайёршударо дар ҳавои хушку бешамол пошидан лозим. Давраи ҳифзи амалкунандаи заҳрдору 14 - 21 рўз, мутобиқ ба бисёр пеститсидҳои истифодашаванда, ғайр аз ишқорнокиаш пурзўр, ҳангоми нигоҳдориаш сахт намешавад, хусусияти худро дар вақти ноустувории ҳарорат тағйир намедиҳад.
Заҳрнокшавӣ
Барои наботот заҳрнок нест. Камзаҳр барои гармхунҳо. Синфи хатараш - III, камзаҳр ба муомилакунандагони гардолудкунандагон - замбўри асал ва говзанбўр, вале дар давраи гулкунӣ коркард тавсия дода намешавад.
Меъёри сарфа ва мавзеъи зараррасон
| Зироат | Мавзеъи зараррасон | Меъёри сарфа (л/га) | Мӯҳлати коркард | Вақти интизорӣ (рӯз) | Маротибаи коркард |
|---|---|---|---|---|---|
| Помидор ва бодаринг дар гармхона | Сафедболаки гармхона | 0,15-0,2 | Пошидан дар давраи нашъунамо | 1 | 1 |
| Ғалладонагиҳо | Сангпуштаки гандум | 0,05-0,075 | Пошидан дар давраи нашъунамо | 28 | 1 |
| Пахта | Кирми ғӯза | 0,3 | Пошидан дар давраи нашъунамо | 30 | 2 |
| Пахта | Ширинчаҳо | 0,15 | Пошидан дар давраи нашъунамо | 30 | 2 |
| Пахта | Трипсҳо, сафедболаки пахта | 0,15 | Пошидан дар давраи нашъунамо | 30 | 2 |
| Қитъаи замине, ки малахҳо маскан гирифтаанд | Малахҳо | 0,04-0,045 | Пошидан дар давраи нашъунамо | 14 | 1 |
| Картошка | Гамбӯсаки колорадоӣ | 0,025-0,03 | Пошидан дар давраи нашъунамо | 14 | 1 |
Калибровкакунӣ
Миқдори заҳрдору барои 1 маротиба пур кардани дорупошак вобаста ба майдон, гр
| Мавзеъи зараррасон | Майдон дар садяк 0,5 | Майдон дар садяк 1,0 | Майдон дар садяк 1,5 | Майдон дар садяк 2,0 | Майдон дар садяк 2,5 | Майдон дар садяк 3,0 |
|---|---|---|---|---|---|---|
| Гамбӯсаки колорадоӣ (картошка) | 0,15 гр | 0,3 гр | 0,45 гр | 0,6 гр | 0,75 гр | 0,9 гр |
| Сангпуштаки гандум (гандум) | 0,375 гр | 0,75 гр | 1,125 гр | 1,5 гр | 1,875 гр | 2,25 гр |
| Сафедболаки гармхона (бодаринг ва помидор дар гармхонаҳо) | 1,0 гр | 2,0 гр | 3,0 гр | 4,0 гр | 5,0 гр | 6,0 гр |
| Кирми ғӯза (пахта) | 1,5 гр | 3,0 гр | 4,5 гр | 6,0 гр | 7,5 гр | 9,0 гр |
| Ширинчаҳо, трипсҳо, сафедболак (пахта) | 0,75 гр | 1,5 гр | 2,25 гр | 3,0 гр | 3,75 гр | 4,5 гр |
- Ҳаҷми 1 дорупошак - 5 - 15 литр.
- Маълумоти муфассал доир ба истифодабарӣ ҷадвали калибровкакунӣ дар ин ҷо пешниҳод шудааст.
- Усули калибровкакунии контсетратсионӣ: Моспилан - 1,0 гр дар 10 л об.
Эзоҳ: - Дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта нашудааст, ояндадор мебошад.