Вертимек-Арт

Инсекто-акаритсиди амалаш рудавӣ - алоқавӣ

Аналоги: ВЕРМИТЕКС

Моддаи таъсиркунанда: Абамектин

Гурўҳ: Авермектинҳо

Шакли ташреҳкунанда: 1,8% эмулсияи консентратӣ

Механизми амалкунанда

Барои ҳифзи пахта истифода мебаранд, зеро заҳрдору дар баргҳо хуб нигоҳ дошта мешавад. Зараррасонҳо баъди чанд соат ғизогириро қатъ менамоянду нобудшавии онҳо пас аз 3 - 5 рўз фаро мерасад. Зараррасонҳоро дар тарафи болоӣ ва поёнии барг пахш мекунад.

Хусусиятҳои истифодабарӣ

Тавсия дода мешавад, ки дар давраи нашъунамо ҳангоми пайдо шудани аввалин зараррасонҳо истифода баранд. Давомнокии амали ҳифзи заҳрдору 14 - 21 рўз. Ҳангоми миқдори зиёди зараррасонҳо пас аз 7 рўз коркарди такрорӣ гузаронида шавад. Роҳ додан лозим нест, ки заҳрдору аз болои баргҳои коркардшуда шорида раванд. Маҳлули корӣ бояд дар муддати чанд соати тайёр шуданаш истифода шавад.Чун қоида Вертимек дар бакҳои омехта истифода намешаванд. Коркардро дар ҳарорати баланд ва ҳавои намнок намегузаронанд. Шояд устуворӣ пайдо шавад, тавсия дода мешавад, ки бо заҳрдоруҳо аз гурўҳи дигари кимиёвӣ табдил дода шавад. Дар мамлакатҳои дигар Абамектин бар зидди гамбўсаки колорадои (0,6 л/га) ва дар зироатҳои гулпарварӣ дар гармхонаҳо бар зидди тортанаккана (1,0-1,5 л/га), дар дарахтони себ ва шафтолу бар зидди тортанаккана (0,75л/га) ва дар помидор бар зидди тортанаккана (0,3-0,45 л/га) истифода мебаранд. Ғайр аз ин вай инсектитсиди спектори амалиёти васеъ ба ҳисоб меравад ва бар зидди кирмак, гамбўсакҳо ва ганданафасакҳо самаранок мебошад.

В других странах Абамектин применяется против колорадского жука (0,6 л/га) и на цветочных Зироатх в теплицах против паутинного клеща (1,0-1,5 л/га), на яблонях и персиках против клещей (0,75л/га) и на томатах против клещей (0,3-0,45 л/га). Кроме того, он является инсектицидом широкого спектра действия и эффективен против гусениц, жуков и клопов.

Заҳрнокшавӣ

Дар меъёрҳои тавсияшуда барои наботот заҳровар нест. Синфи хатараш - II. Заҳрдору барои паррандаҳо заҳрнок, заҳрнокиаш хеле зиёд барои занбўри асал ва моҳӣ. Онро дар давраи ггулкунӣ истифода бурдан мумкин нест. Зарур аст, ки аз ифлосшавии обанбор ва чашмаҳои оби нўшокӣ аз боқимондаҳои заҳрдору ва оби он, ки барои шустушўи зарфу таҷҳизотҳои дигар истифода шудаанд бояд худдорӣ кард. Рехтани заҳрдору ба хўроки чорво низ пешгирӣ карда шавад.

Меъёри сарфа ва мавзеъи зараррасон

Зироат Мавзеъи зараррасон Меъёри сарфа (л/га) Мӯҳлати коркард Вақти интизорӣ (рӯз) Маротибаи коркард
Пахта Тортанаккана, ширинчаҳо, трипсҳо, кирми ғӯза 0,3-0,4 Пошидандар давраи нашъунамо 30 2

Калибровкакунӣ

Миқдори заҳрдору барои 1 маротиба пур кардани дорупошак вобаста ба майдон, мл

Мавзеъи зараррасон Майдон дар садяк 0,5 Майдон дар садяк 1,0 Майдон дар садяк 1,5 Майдон дар садяк 2,0 Майдон дар садяк 2,5 Майдон дар садяк 3,0
Тортанаккана, ширинчаҳо, трипсҳо, кирми ғӯза (пахта) 2,0 мл 4,0 мл 6,0 мл 8,0 мл 10,0 мл 12,0 мл
  • Ҳаҷми 1 дорупошак - 5 - 15 литр.
  • Маълумоти муфассал доир ба истифодабарӣ ҷадвали калибровкакунӣ дар ин ҷо пешниҳод шудааст.
  • Усули калибровкакунии контсетратсионӣ: Вертимек-Арт - 6,0 мл дар 10 л об.

Эзоҳ: -Дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта нашудааст, ояндадор мебошад.

Ба боло