Каратэ

Инсектитсиди амалаш алоқавӣ ва рўдавӣ

Қиёсҳо: КАРАТ. КАРАТ-АРТ. САРАТ, РАЗМ.

Моддаҳои таъсиркунанда: Лямбда-сигалотрин

Гурўҳ: Пиретроидҳо

Шакли ташреҳкунанда: 5% эмулсияи консентратӣ

Механизми амалкунанда

Осебрасонӣ ба ҳашарот ҳангоми алоқашавӣ бо растании коркардшуда ба амал меояд. Вай дорои хеле васеъи спектри инсектитсидӣ мебошад. Нобудшавии зараррасонҳо камтар нисбат ба муддати 24 соат аз лаҳзаи коркард ( вобаста аз шароити иқлим, намуд ва ҳолати физиологии ҳашарот) мушоҳида карда мешавад.

Хусусиятҳои истифодабарӣ

Заҳрдоруро катъӣ тибқи тартиби тавсияҳои пешниҳодшуда истифода мебаранд. Давомнокии амали ҳифзи заҳрдору 14 - 21 рўз. Истифодабариашро дар зиёдтарин меъёри сарфа ҳангоми миқдори зиёди ҳашаротҳо ва кор кардан бар зидди ҳашаротҳои болиғ ва кирминаҳои синни калон мегузаронанд. Нагузоред, ки заҳрдору аз болои коркардшуда шорида равад. Маҳлули корӣ бояд рўзи тайёр шуданаш истифода шавад. Мутобиқ ба бештари инсектитсид ва фунгитсидҳо ғайр аз истиснои моддаи ишқорнокиаш баланд.

Заҳрнокшавӣ

Дар меъёрҳои тавсияшуда барои наботот заҳровар нест. Синфи хатараш - II. Барои замбўри асал хеле хатарнок, дар вақти гулкунӣ коркард гузаронида нашавад, барои моҳӣ хатарнок, нагузоред, ки он ба обанборҳо резад. Мумкин, ки ба заҳрдору устуворӣ пайдо шавад. Барои огоҳонидани устуворӣ тавсия дода мешавад, ки истифодаи инсектитсидҳо аз гурўҳҳои гуногуни кимиёвӣ, ки усули амалашон фарқ мекунад, табдил дода шаванд.

Меъёри сарфа ва мавзеъи зараррасон

Зироат Мавзеъи зараррасон Меъёри сарфа (л/га) Мӯҳлати коркард Вақти интизорӣ (рӯз) Маротибаи коркард
Гандум Гамбӯсакҳои ғаллагӣ, трипсҳо, кайкҳо сикадкаҳо 0,2 Пошидан дар давраи нашъунамо Дар ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна баробар 20 - 30 рӯз 1
Гандум Сангпуштаки гандум, ширинчаҳо, гамбӯсаки баргхӯри ғалладонагиҳо 0,15 Пошидан дар давраи нашъунамо Дар ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна баробар 20 - 30 рӯз 2
Ҷав Пашшаҳо, гамбӯсаки баргхӯри ғалладонагиҳо, сикадкаҳо, трипсҳо, рандачаи танаи гандум, ширинчаҳо 0,15-0,2 Пошидан дар давраи нашъунамо Дар ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна баробар 20 - 30 рӯз 2
Ҷуворимакка Шапараки танаи ҷуворимакка 0,2 Пошидан дар давраи нашъунамо Дар ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна баробар 20 - 30 рӯз 1
Картошка Гамбӯсаки колорадоӣ 0,1 Пошидан дар давраи нашъунамо Дар ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна баробар 20 - 30 рӯз 2
Пахта Кирми ғӯза, ширинчаҳо, тортанаккана, сафедболак 0,5 Пошидан дар давраи нашъунамо Дар ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна баробар 20 - 30 рӯз -
Юнучка (кишти тухмӣ) Ғалламусҳо, ганданафасакҳо, ширинчаҳо, кайкҳои баргӣ, почағафси юнучқа 0,15 Пошидан дар давраи нашъунамо Дар ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна баробар 20 - 30 рӯз 2
Ток Баргпечонҳо, тортанаккана 0,2-0,3 Пошидан дар давраи нашъунамо Дар ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна баробар 20 - 30 рӯз
Карам, масъар, помидор Гулхӯри масъар, кайки чалликгул, парвонаҳо, куяҳо, шапалаки сафедбол 0,1 Пошидан дар давраи нашъунамо Дар ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна баробар 20 - 30 рӯз 1
Себ Кирми себ, баргпечонҳо, тортанаккана, ширинчаҳо 0,4-0,8 Пошидан дар давраи нашъунамо Дар ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна баробар 20 - 30 рӯз 2
Қот, қулфинай, тамашк, бектошӣ Тортанаккана, ширинчаҳо, баргпечонҳо, рандачаҳо 0,3-0,5 Пошидан дар давраи нашъунамо Дар ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна баробар 20 - 30 рӯз 2
Соя Тортанаккана 0,4 Пошидан дар давраи нашъунамо Дар ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна баробар 20 - 30 рӯз 2
Нахӯд Магаси нахӯд, ширинчаҳо, трипсҳо, гамбӯсакҳои филчашакли лӯндахӯр 0,1-0,125 Пошидан дар давраи нашъунамо Дар ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна баробар 20 - 30 рӯз 2
Чарогоҳ, қитъаи замине, ки малахҳо маскан гирифтаанд, алафҳои табиӣ Малахҳои ғаллагӣ ва ғайри ғаллагӣ (кирминаи синни хурд) 0,1-0,15 Пошидан дар давраи нашъунамо Дар ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна баробар 20 - 30 рӯз 2
Чарогоҳ, қитъаи замине, ки малахҳо маскан гирифтаанд, алафҳои табиӣ Малахҳо (кирми синни калон ва болоғи ҳашарот) 0,2-0,4 Пошидан дар давраи нашъунамо Дар ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна баробар 20 - 30 рӯз 2
Дар ҳудуди анбори захираи ғалладонаҳо Ҳашаротҳои захира 0,8 мл/м2 Коркард бо усули намнокӣ, 400 мл маҳлули корӣ ба 1м2

Калибровкакунӣ

Миқдори заҳрдору барои 1 маротиба пур кардани дорупошак вобаста ба майдон, мл

Мавзеъи зараррасон Майдон дар садяк 0,5 Майдон дар садяк 1,0 Майдон дар садяк 1,5 Майдон дар садяк 2,0 Майдон дар садяк 2,5 Майдон дар садяк 3,0
Сангпуштаки гандум, ширинчаҳо, сикадкаҳҳо, трипсҳо, гамбӯсаки баргхӯри ғалладонагиҳо, гулхӯраки масъар 0,75 мл 1,5 мл 2,25 мл 3,0 мл 3,75 мл 4,5 мл
Гамбӯсаки колорадоӣ 0,5 мл 1,0 мл 1,5 мл 2,0 мл 2,5 мл 3,0 мл
Кирми мевахӯракҳо, баргпечонҳо, тортанаккана, ширинчаҳо 4,0 мл 8,0 мл 12,0 мл 16,0 мл 20,0 мл 24,0 мл
Тортанаккана, ширинчаҳо, рандачаҳо 2,5 мл 5,0 мл 7,5 мл 10,0 мл 12,5 мл 15,0 мл
Бинои амборҳо 400 мл маҳлули корӣ/м2 (20 мл дар 10 литр об)
  • Ҳаҷми 1 дорупошак - 5 - 15 литр.
  • Маълумоти муфассал доир ба истифодабарӣ ҷадвали калибровкакунӣ дар ин ҷо пешниҳод шудааст.
  • сули калибровкакунии контсетратсионӣ: Каратэ - 2,5 мл дар 10 л об.

Ба боло