Неорон
Акаритсиди амалаш алоқавӣ
Моддаи таъсиркунанда: Бромпропилат
Гурўҳ: Бензилатҳо
Шакли ташреҳкунанда: 50% эмулсияи консентратӣ
Механизми амалкунанда
Акаритсиди алоқавӣ оғози хуб ва амали дарозмуддати ҳифзӣ дорад. Нобудшавии тортанаккана пас аз чанд соати алоқаи бевосита бо коркарди болоӣ сар мешавад. Дар шароити мусоиди ҳаво самаранокии ҳифзи акаритсид дар давоми 4 ҳафта нигоҳ дошта мешавад, аммо дар ҳолати тортанакканаи сурхи мевагӣ то 6 ҳафта, самаранок ҳам дар ҳарорати паст ва ҳам баланд.
Хусусиятҳои истифодабарӣ
Заҳрдоруро қатъиян тибқи тавсияаш истифода баред. Дар ҳамаи марҳалаҳои ҳаракаткунандаи давраи инкишофи ҳашарот (кирмина, нимфаҳо, фардҳои болиғ) самаранок аст. Давраи ҳифзи амалкунандаи заҳрдору аз 21 то 42 рўз. Заҳрдору дар бак мутобиқ бо пеститсидҳои истифодабаранда, ғайр аз заҳрдоруҳои аксуламали ишқордор меомезанд. Вале дар ҳар як ҳолати аниқ мутобиқати заҳрдоруи омехташаванда санҷида шавад. Бориши пас аз 2,5 - 3 соат баъди коркард ба амал омада ба самаранокии акарисид нуфузе надорад. Шароити ҳароратҳо ба самаранокии заҳрдору нуфузе надорад. Маҳлули кории акаритсид бояд дар мўҳлати чанд соати баъди тайёр кардан истифода бурда шавад. Ҳангоми коркард бо заҳрдору бояд барои таъмини ҳамҷинсии кориаш омехта карда шавад.
Заҳрнокшавӣ
Ҳангоми истифодабарии заҳрдору тибқи риояи қатъии тавсияаш барои наботот хавфи пайдошавии безаҳр буданаш муайян мегардад. Шояд устуворӣ пайдо шавад: ҳангоми набудани шароити риояи қатъии меъёри сарфа. Бо сабаби камзаҳриаш барои замбўри асал дар давраи гулкунии зироатҳо ҳам истифода бурдан мумкин. Синфи хатараш - IV. Аз рўи таҷриба барои замбўри асал хатарнок нест.
Меъёри сарфа ва мавзеъи зараррасон
| Зироат | Мавзеъи зараррасон | Меъёри сарфа(л/га) | Мӯҳлати коркард | Вақти интизорӣ (рӯз) | Маротибаи коркард |
|---|---|---|---|---|---|
| Пахта | Тортанаккана | 1,5-2,0 | Пошидан дар давраи нашъунамо | 20 | 1 |
| Тамашк(парваришхона) | Тортанаккана | 1,5-2,0 | Пошидан дар давраи нашъунамо | 20 | 1 |
| Ток | Тортанаккана | 1,2-1,8 | Пошидан дар давраи нашъунамо | 45 | 1 |
| Себ | Тортанаккана | 1,5-3,0 | Пошидан дар давраи нашъунамо | 45 | 1 |
| Қот | Тортанаккана | 0,9 | Пошидан дар давраи нашъунамо | 45 | 1 |
Калибровкакунӣ
Миқдори заҳрдору барои 1 маротиба пур кардани дорупошак вобаста ба майдон, мл
| Мавзеъи зараррасон | Майдон дар садяк 0,5 | Майдон дар садяк 1,0 | Майдон дар садяк 1,5 | Майдон дар садяк 2,0 | Майдон дар садяк 2,5 | Майдон дар садяк 3,0 |
|---|---|---|---|---|---|---|
| Тортанаккана(пахта) | 10 мл | 20 мл | 30 мл | 40 мл | 50 мл | 60 мл |
| Тортанаккана(ток) | 9 мл | 18 мл | 27 мл | 36 мл | 45 мл | 54 мл |
| Тортанаккана(себ) | 15 мл | 30 мл | 45 мл | 60 мл | 75 мл | 90 мл |
| Тортанаккана(қот) | 4,5 мл | 9 мл | 13,5 мл | 18 мл | 22,5 мл | 27 мл |
- Ҳаҷми 1 дорупошак - 5 - 15 литр.
- Маълумоти муфассал доир ба истифодабарӣ ҷадвали калибровкакунӣ дар ин ҷо пешниҳод шудааст.
- Усули калибровкакунии контсетратсионӣ: Неорон - 20,0 мл дар 10 л об.