Октапон экстра
Гербитсиди амалаш мунтазам ва алоқавӣ
Моддаи таъсиркунанда: Эфири октиловии 2,4- кислотаи дихлорфеноксиуксусӣ
Шакли ташреҳкунанда: 50% эмулсияи консентратӣ
Механизми амалкунанда
Заҳрдору ба растанӣ асосан аз байни баргҳо дохил мешавад ва дар растанӣ аз ҷое ба ҷое ҳаракат мекунад, дар бофтаҳои навбунёди баргҳо, поя ва решаҳо ҷамъ мешавад, ҳамчунин дар болои растаниҳо маскун мешавад. Боришҳои баъди 1 соат пас аз дорупошӣ борида ба самаранокии амали гербитсид нуфуз надорад. Самаранокӣ аз ҳарорат ва намии нисбии ҳаво вобаста нест. Давраи ҳифзии амалаш 30 - 40 рўз. Вобаста аз ҳиссиёти алафҳои бегона оғози амалиёти гербисидӣ ба 1 - 2 рўз, нобудшавии пурра дар 5-10 рўз аст.
Ҳудуди истифодабарӣ
Бештар самаранок дар нобуд кардани растаниҳои алафҳои бегонаи дупаллагии ғалладонаҳо мебошад.
Хусусиятҳои истифодабарӣ
Меъёри мувофиқи сарфаи маҳлули корӣ 50 - 150 л/га. Маҳлули корӣ бо усули анъанавӣ тайёр карда мешавад. Дорупоширо дар ҳавои кушод, соатҳои пагоҳӣ ва ё бегоҳӣ ҳангоми набудани шамол (на бештар 5 м/сон.) ва дар ҳарорати ҳаво на баландтар аз 250С мегузаронанд. Мутобиқ бо бисёр пеститсидҳо. Ҳангоми истифодабарии бисёрсола дар алафҳои бегона устуворӣ ба вуҷуд меояд.
Заҳрнокшавӣ
Гербитсид тавсифдиҳандаи сустифодаёбандаи маҳалли озордиҳандаи нуфузаш ба пўст дар алоқаи такрорӣ ва бо эътидол ифодаёбандаи амали озордиҳанда ба пардаи луоби чашм мебошад. Дар алоқа бо паноҳи пўст худро чун аллергияангези камқувват ошкор менамояд. Синфи хатараш - II. Барои паррандаҳо, занбўри асал, лойхўракҳо, микроорганизмҳои хокӣ камхатар. Нагузоред, ки боқимондаҳои заҳрдору ва оби шустушўи намудаи он ба обанборҳо резанд. Барои зироатҳои минбаъдаи гиштгардон хатар надорад.
Меъёри сарфа ва мавзеъи зараррасон
| Зироат | Мавзеъи зараррасон | Меъёри сарфа(гр/га) | Мӯҳлати коркард |
|---|---|---|---|
| Гандум ва ҷави тирамоҳӣ, ҷавдор | Алафҳои бегонаи яксолаи дупаллагӣ | 0,6-0,9 | Баҳорон ба сабзаи барвақтии алафҳои бегона дар давраи панҷазании зироат то қад кашидан пошидани рӯизаминӣ |
| Гандум ва ҷави баҳорӣ | Алафҳои бегонаи яксолаи дупаллагӣ | 0,6-0,8 | Баҳорон ба сабзаи барвақтии алафҳои бегона дар давраи панҷазании зироат то қад кашидан пошидани рӯизаминӣ |
| Ҷуворимакка | Алафҳои бегонаи яксолаи дупаллагӣ | 0,6-0,9 | Пошидан дар давраи 3-5 баргаи зироат |
| Заминҳое, ки барои кишти ғаллагиҳои баҳорӣ муқаррар шудааст | Алафҳои бегонаи яксолаи дупаллагӣ | 2,0-3,0 | Пошидан дар давраи нашъунамои алафҳои бегона баъди ҷамъоварӣ |
Калибровкакунӣ
Миқдори заҳрдору барои 1 маротиба пур кардани дорупошак вобаста ба майдон, мл
| Мавзеъи зараррасон | Майдон дар садяк 0,5 | Майдон дар садяк 1,0 | Майдон дар садяк 1,5 | Майдон дар садяк 2,0 | Майдон дар садяк 2,5 | Майдон дар садяк 3,0 |
|---|---|---|---|---|---|---|
| Алафҳои бегонаи яксола ва бисёрсолаи дупаллагӣ(гандуми тирамоҳӣ) | 4,5 мл | 9,0 мл | 13,5 мл | 18,0 мл | 22,5 мл | 27,0 мл |
| Алафҳои бегонаи яксола ва бисёрсолаи дупаллагӣ(гандуми баҳорӣ) | 4 мл | 8 мл | 12 мл | 16 мл | 20 мл | 24 мл |
- Ҳаҷми 1 дорупошак - 5 - 15 литр.
- Маълумоти муфассал доир ба истифодабарии ҷадвали калибровкакунӣ дар ин ҷо пешниҳод шудааст.
- Усули калибровкакунии контсетратсионӣ: Октапон Экстра - 10,0 мл дар 10 л об.
- Маълумоти муфассал доир ба усули калибровкакунии консетратсионӣ дар ин ҷо пешниҳод шудааст.
Эзоҳ:Дар чумхури ба кайд гирифта нашудааст,ояндадор мебошад.