Намудҳои гуногуни дорупошакҳо
Барои коркарди растаниҳо навъҳои гуногуни дорупошакҳо мавҷуд аст:
- Дорупошаки дастӣ.
- Ҳавоногузар.
- Генератори аэрозолӣ.
Сифати асосии индикатори дорупошакҳо ин ҳавонагузаронии онҳо (бояд аз ҳеҷ куҷо нарезад) мебошад.
Дорупошакҳои босифат бояд як чандто насадок барои пошидани заҳрдоруҳои (бо инсектитсид ва гербитсидҳо) гуногун дошта бошанд.
Дорупошакҳои дастӣ ва ҳавоногузар:
- Бо шиддати ҷараёни гидравликӣ кор мекунад.
- Моеъ бо фишор аз байни сопло (найча барои мунтазамкунии ҷараёни об)кор мекунад.
- Фишор бо усули дам кардани дорупошак барқарор мегардад.
- Баромад аз дорупошак бо назорати фишор ва ченаки насадка(сопло) ба амал меояд.
- Истифодабарии васеъ доранд.
- Вобаста аз насадка дорупошак метавонад қатраҳои хурд ва ё калон барорад.
Генератори аэрозолӣ:
- Бо ёрии гравитасия (ҷозиба) ба моеъ шамоли маҷрои суръаташ тезро равона мекунанд ва дар охир моеъ ба қатраҳои хурд табдил меёбад.
- Пуф карда бо ёрии шамолбезаки муҳаррикӣ бавуҷуд меоранд.
- Баромад аз дорупошак бо суръати шамолбезак ва суръати селаи моеъ бо фавраи ҳаво назорат карда мешавад.
- Генераторҳои аэрозолӣ қатраҳои хурдро истеҳсол мекунад.
- Паҳншавии васеъи хубу дохили растанӣ шуданро таъмин менамояд.
- Гарди пошидаи моеъи корӣ то 6 м баландиро дарбар мегирад, истифодабарии он дар боғҳо тавсия дода мешавад.
- Азбаски қатраҳои хурд бо қувваи шамол ба зироатҳои дигар мегузаранд ва дар ҳаво осонакак бухор мешаванд, барои истифодабарии гербисидҳо манъ карда шудааст.