on Хом | Маълумотнома оид ба муҳофизати растаниҳо

Хом

Фунгитсиди амалаш ҳифзии алоқавӣ

Моддаи таъсиркунанда: Хлорокиси мис

Шакли ташреҳкунанда: Хокаи намкардашуда

Механизми амалкунанда

ХОМ амали пешгирикунандаи касалӣ, табобатӣ ва нобуд кардан дорад. Хлорокиси мис фермент ва қисматҳои ҳаётан муҳими ҳуҷайраҳои зарароварандаи змбўруғро пахш менамояд. Тибқи самаранокиаш заҳрдору амалан аз моеъи бордосӣ гузашт намекунад, аммо дар болои баргҳо хуб нигоҳ дошта намешавад. Ба равшании офтоб, намӣ ва ҳарорати баланд устувор.

Хусусиятҳои истифодабарӣ

Моеъи кориро барои пошидан худи ҳамон рўз истифода бурдан лозим. Давраи амали ҳифзиаш 10 - 14 рўз. Суръати таъсирнокиаш на бештар аз 3 рўз. Маҳлули кориро ба растанӣ дар нашъунамо ҳангоми пайдошавии нишонаҳои касалӣ мепошанд, ки баробар тар шудани баргҳо таъмин гардад. Устувории барангензандагони касалиҳо ба заҳрдору пайдо намешавад.

Заҳрнокшавӣ

Заҳрдору барои бисёрии зироатҳо заҳрнок нест, вале дар баъзе растаниҳо ҳассос дар ҳавои намнок сўзиш ва дар меваҳо тўри сиёҳтоб пайдо шуданаш мумкин. Бинобар он дар минтақаи тобистонаш хушк самаранокии заҳрдору нисбат дар ҳавои намнок бештар аст. ХОМ барои замбўри асал камзаҳр. Барои болиғи тиллочашмак заҳрнок нест, вале барои трихограмма хатарнок аст. Муштарак бо бисёрии пеститсидҳо. Фаъолияти биозаҳрдоруҳоро дар асоси Басиллюс туриенгиенсис паст намегардонад.

Меъёри сарфа ва мавзеъи зараррасон

Зироат Мавзеъи зараррасон Меъёри сарфа(кг/га) Мӯҳлати коркард Вақти интизорӣ (рӯз) Маротибаи коркард
Картошка Фитофтороз, макроспориоз, алтернариоз 2,4-3,2 Пошидан дар давраи нашъунамо бо маҳлули кории 0,4% 20 5
Лаблабуи қанд Серкоспороз 3,2-4,0 Пошидан дар давраи нашъунамо 20 3
Помидор Фитофтороз, макроспориоз, доғзании сиёҳтоб 2,4-3,2 Пошидан дар давраи нашъунамо бо маҳлули кории 0,4% 20 4
Бодиринг Перноспороз, атракноз, бактериоз 2,4 Пошидан дар давраи нашъунамо 20 3
Пиёз Перноспороз 2,4 Пошидан дар давраи нашъунамо 20 3
Себ, нок, биҳӣ Қӯтур, монилиоз, саратони бактериалӣ 4,0-8,0 Пошидан дар давраи нашъунамо бо маҳлули кории 0,4% 20 4

Калибровкакунӣ

Миқдори заҳрдору барои 1 маротиба пур кардани дорупошак вобаста ба майдон, гр.

Мавзеъи зараррасон Майдон дар садяк 0,5 Майдон дар садяк 1,0 Майдон дар садяк 1,5 Майдон дар садяк 2,0 Майдон дар садяк 2,5 Майдон дар садяк 3,0
Фитофтороз, макроспориоз, альтернариоз(картошка) 16 гр 32 гр 48 гр 64 гр 80 гр 96 гр
Церкоспороз(лаблабуи қанд) 20 гр 40 гр 60 гр 80 гр 100 гр 120 гр
Перноспороз, атракноз, бактериоз(бодиринг) 12 гр 24 гр 36 гр 48 гр 60 гр 72 гр
Парша, монилиоз(себ, нок, биҳӣ) 40 гр 80 гр 120 гр 160 гр 200 гр 240 гр
  • Ҳаҷми 1 дорупошак - 5 - 15 литр.
  • Маълумоти муфассал доир ба истифодабарии ҷадвали калибровкакунӣ дар ин ҷо пешниҳод шудааст.
  • Усули калибровкакунии контсетратсионӣ: ХОМ - 40,0 гр. дар 10 л об.
  • Маълумоти муфассал доир ба усули калибровкакунии консетратсионӣ дар ин ҷо пешниҳод шудааст.

Ба боло