Пума-Супер
Гербитсиди амалаш мунтазам
Қиёсҳо: ТИГРАН. ОВСЮГЕН. ТАРЗАН. ФУРЕКС.
Моддаи таъсиркунанда: Феноксапроп-П-этил+Антидот
Шакли ташреҳкунанда: 7,5% эмулсияи консентратӣ
Механизми амалкунанда
Заҳрдору ба растанӣ аз байни баргҳо дохил мешавад. Бо шарофати амали мунтазам заҳрдору озодона ба тамоми қисми растанӣ омехта мешавад ва дар нуқтаи сабзиш ҷамъ мешавад. Сабзиши алафҳои бегонаи хўшадор дар давоми чанд соат баъди истифода қатъ мегардад. Нобудшавии пурраи алафҳои бегонаи хўшадор дар давоми 10-14 рўз баъди коркард фаро мерасад.
Ҳудуди истифодабарӣ
Гербитсид барои пас аз сабзаи барвақтаи коркарди киштҳои гандум бар зидди спектори васеъи алафҳои бегонаи хўшадор истифода мешавад. Асосан барои мубориза бо бомас дар гандум тавсия мешавад.
Хусусиятҳои истифодабарӣ
Тавсия мешавад, ки ҷидди дар давраи барвақтии сабзиши алафҳои бегона истифода шавад. Маҳлули корӣ бевосита пеш аз дорупошӣ тайёр карда шавад. Зарфи холишударо чанд бор обгардон мекунанд ва андарунӣ он бударо ба баки дорупошак мерезанд. Маҳлули корӣ ва пур кардани дорупошак бо вай дар майдончаҳои махсус мегузаронанд. Мутобиқ бо бисёрии гербитсидҳо (аз ҷумла, бо Секатор) ва заҳрдоруҳои дар асоси моддаи таъсиркунанда аз ҷумла: бромоксинил, клопиралид, дифлюфеникан, метсулфурон-метил, тифенсулфурон-метил, триасулфурон; фунгитсиди (Гранит), инсектитсиди (Десис, Десис Экстра), танзимкунандагони сабзиш ва доруҳои минералӣ дар зироатҳои ғалладонагӣ истифодашаванда. Ҳангоми тайёр кардани омехтаҳо дар бак аз омехтаи бевоситаи заҳрдору бе пешакӣ ҳал кардани он дар об роҳ дода нашавад.
Заҳрнокшавӣ
Дар меъёрҳои тавсияшудаи он барои коркард намудани алафҳои бегона заҳрнок. Ҳангоми истифодабари чораҳои бехатарӣ риоя шавад. Нагузоред, ки боқимондаҳои заҳрдору ва оби асбобҳои бо он шустушўй намуда ба обанборҳо резад.
Меъёри сарфа ва мавзеъи зараррасон
| Зироат | Мавзеъи зараррасон | Меъёри сарфа(л/га) | Мӯҳлати коркард |
|---|---|---|---|
| Гандуми баҳорӣ | Яксолаи хӯшагии якпаллагӣ(бомас, думи рӯбоҳ, арзан, тагрехта, қӯноқа) | 0,8-1,0 | Дар давраи нашъунамои зироат, баъди пайдошавии алафҳои бегона истифода мешавад |
| Гандуми тирамоҳӣ | Яксолаи хӯшагии якпаллагӣ(бомас, думи рӯбоҳ, арзан, тагрехта, қӯноқа) | 0,8-1,0 | Дар давраи нашъунамои зироат, баъди пайдошавии алафҳои бегона истифода мешавад |
Калибровкакунӣ
Миқдори заҳрдору барои 1 маротиба пур кардани дорупошак вобаста ба майдон, мл
| Мавзеъи зараррасон | Майдон дар садяк 0,5 | Майдон дар садяк 1,0 | Майдон дар садяк 1,5 | Майдон дар садяк 2,0 | Майдон дар садяк 2,5 | Майдон дар садяк 3,0 |
|---|---|---|---|---|---|---|
| Гандуми баҳорӣ | 5 мл | 10 мл | 15 мл | 20 мл | 25 мл | 30 мл |
| Гандуми тирамоҳӣ | 6 мл | 12 мл | 18 мл | 24 мл | 30 мл | 36 мл |