Амблисейус Макензи
(Amblyseius mackenziei Sch. et Pr. и A. cucumeris Oud.
Механизми амалкунанда
Аз ҳама усули камхарҷи истифодаи ин даранда баровардани яккаратаи он давраи оғози зиёдшавии трипсҳо дар гармхона ва ё дар майдон мебошад. Даранда ҳангоми намоён намудани ҳашарот истифода мешавад. Зиёд намудани дарандаро танҳо дар маскун гирифтаи растанӣ бо меъёри 50 модина ба растанӣ (1 - 2 модина ба барг) мегузаронанд. Ҳангоми дер муайян намудани китъаҳои алоҳидаи инкишофи ҳашаротҳо меъёри зиёд намудани дарандаро то 4 - 5 модина ба барг (150 - 200 кана дар растанӣ) зиёдтар мекунанд. Агар зичии (популятсияи) таҳаввули трипси тамоку зиёда аз 5 ҳашароти болиғ дар барг бошад, меъёри зиёд намудани амблиссейлиус бояд оғози таносуби дарандаро таъмин намояд: талаф ( бо модина) аз 1:1, дар ҳарорати камтар аз 20°С то 1:5 дар 25°С ва бештар таъмин намояд. Талафи асосии амблиссейлиус кирминаҳои трипсҳо мебошанд. Тухми ҳашаротро даранда гоҳ - гоҳ истеъмол менамояд. Имагои трипсҳои тамоку ба амблиссейлиус осеб намерасонад. Эзоҳ: - Дар ҷумҳурӣ парвариши оммавии ин энтомофаг гузаронида намешавад, ояндадор мебошад.