Полезиҳо - ҳашаротҳои зараррасон, касалиҳо ва чораҳои мубориза бар зидди онҳо

Ҳашаротҳои зараррасон

Момохолаки полезӣ - Epilachna chrysomelina F.

Момохолаки полезӣ дар ҷануби ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои водии Ҳисор паҳн гаштааст. Ба ҳамаи зироатҳои кадугиҳо зарар мерасонад. Бештар бодирингу харбуза зарар мебинанд. Гамбўсакҳо ва кирминаҳо, қисмҳои мулоими баргро хўрда, зарар мерасонанд. Гамбўсакҳо зимистонро дар зери боқимондаҳои растанӣ, кулўхпораҳо, дар таги дарахтон, зери баргҳои рехта мегузаронанд. Аз макони зимистонгузарониашон дар моҳи апрел мебароянд. Гамбўсаҳо дар киштзори зироатҳои полезӣ пайдо гашта аз баргҳо ғизо мнгиранд. Дар ҳамин вақт ҷуфт гашта, дар таги баргҳо дар шакли тўда тухмашонро мегузаронанд. Кирмҳои аз тухм баромада гурўҳона зиндагӣ намуда, ҷойҳои мулоими баргҳоро хўрда рагҳоро боқӣ мемонанд. Ҳамчунин меваҳоро осеб мерасонда, мехоянд ва дар онҳо аз худ чуқуриҳои андозаашон гуногунро боқӣ мегузоранд. Дар як сол ҳашарот 3- 4 насл медиҳад.

Ширинчаи полезӣ - Aphis gossypii Glov.

Саросар баҳамаи зироатҳои кадугӣ зарар мерасонад. Бахусус аз он бодиринг зарари зиёд мебинад. Ширинча дар таги баргҳо ҷойгир шуда, шираи баргҳоро макида, боиси печутобхўрии онҳо мегирад ва ҳангоми осеб расонидан ба нуқтаи сабзиш инкишофи зироатро бозмедорад. Бештар растаниҳои навр нобуд мешаванд.

Касалиҳо

Гардзании кадугиҳо - Erysiphe cichoracearum Dc.

Гардзании кадугиҳо ба харбуза, тарбуз ва каду осеб мерасонад. Дар ибтидо дар қисми болоии баргҳо гарди сафед, дар шакли доғҳои ҷудогона пайдо мешаванд, ки сипас бо ҳам омезиш ёфта, тамоми сатҳи баргро мепўшонад. Гарди сафед аз худ замбўруғбарандаро муаррифӣ менамояд. Дар мавриди инкишофёбии шадиди касалӣ баргҳо мехушканд. Замбўруғ дар боқимондаҳои растанӣ боқӣ мемонад. Касалӣ дар нимаӣ дуюми тобистон хуруҷ мекунад.

Пероноспорози кадугиҳо - Pseudoperonospora cubensis Rostowz.

Дар қисмати болоии баргҳо бештар доғҳои сиёҳтоби зардчаю кунҷшакл ва дар қисмати поёнӣ гарди сафедчаи хокистарии бунафшранг пайдо мешаванд. Дар якҷоягӣ доғ ва гард тамоми лавҳаи баргро осеб мерасонад. Баргҳои касал зудшикан шуда пора мешаванд, баъзан аз онҳо танҳо қаламчаҳо боқӣ мемонанд. Баргҳо дар ҳавои намнок пажмурда мешаванд.

Пажмурдашавии кадугиҳо - Fusarium

Барангезандаи касалӣ харбуза, тарбуз, кадуро сироят мекунад. Пажмурдашавӣ метавонад дар ду намудл: оҳисита - оҳиста ва босуръат зоҳир гардад. Дар мавриди аввал пажмурдашавии баргҳо оҳисита - оҳиста ранг парида мегардад, пас аз он хушк мешавад. Дар доираи гардани реша бўрранг гашта, вайрон ва мулоим мегардад. Дар бофтаи осебдида дар бештари ҳолатҳо гарди сафеди замбўруӣ дида мешавад. Дар намуди босуръат пажмурдашавӣ, растаниҳо ранги сабзи худро гум накарда нобуд мегарданд.

Чораҳои мубориза бар зидди ҳашаротҳои зараррасон ва касалиҳои зироатҳои полезӣ

  1. Бартараф ва нобуд кардани алафҳои бегона, боқимондаҳои растаниҳо пас аз ҷамъоварии ҳосил.
  2. Шудгори чуқури тирамоҳӣ, гузаронидани обёриҳои зимистона дар мутобиқат бо қоидаҳои агротехникӣ.
  3. Кишт ва шинондани тухмиҳо дар мўҳлатҳои мусоид бо тухмиҳои заҳролудкарда.
  4. Дуруст иваз кардани зироатҳо. Мувофиқи мақсад дар ҳар қитъа иваз кардани зироат баъди ҳар 3-5 сол.
  5. Нигоҳубини дурусти агротехникии киштзор: коркарди байни қаторҳо, бо баробар даровардани нуриҳои маъданӣ.
  6. Истифодабарии усулҳои биологӣ ва кимиёвӣ дар манбаҳои оммавӣ паҳншавии ҳашаротҳои зараррасон ва зоҳиршавии касалиҳо танҳо бо аппаратҳои рўизаминӣ.
  7. Реҷаи дурусти нигоҳдории зироатҳои полезӣ.
  8. Заҳролудкунии тухмиҳо пеш аз кишт.

Ба боло