Косайд 2000

Фунгитсиди алоқавӣ

Моддаи таъсиркунанда: Гидрооксиди мис

Шакли ташреҳкунанда:Ғурӯшаи дар об ҳалшаванда

Механизми амалкунанда

Фунгитсиди самаранокиаш баланд, дорои амали пешгирикунанда ва табобатӣ бар зидди гардзанӣ ва қўтур дар боғҳо ва токзорҳо. Гидрооксиди мис амали давомдори ҳифзӣ алоқавӣ дорад.

Хусусиятҳои истифодабарӣ

Фунгитсид аз ҳама бештар ҳангоми истифодабарӣ бо мақсади пешгирӣ намудани касалиҳо ва дар марҳалаи барвақтии касалиҳо самаранок аст, ки ҳоло нишонаҳои касалӣ дар растаниҳо ноаён аст. Фунгитсиди Косайд 2000 ғурўшаи дар об ҳалшаванда агар коркард чун миқдори камтарин 3 соат пеш аз борон гузаронида шуда бошад, самаранокии худро гум намекунад. Фунгитсиди Косайд 2000 ғурўшаи дар об ҳалшаванда бар зидди гардзанӣ ва қўтур дар себу ток бо меъёри 2,0-2,5 кг/га истифода бурда мешавад.

Заҳрнокшавӣ

Ҳангоми истифодабарии заҳрдору ҷиддӣ мутобиқи тавсия, барои наботот заҳрнок нест. Заҳрнокиаш бо эътидол барои муҳити атроф. Зарур аст, ки қоидаи бехатарӣ риоя шавад.

Меъёри сарфа ва мавзеъи зараррасон

Зироат Мавзеъи зараррасон Меъёри сарфа(л/га) Мӯҳлати коркард Вақти интизорӣ(рӯз) Маротибаи коркард
Себ Гардзанӣ, қӯтур 2,5 Пошидан дар давраи нашъунамо 12 2
Ток Антракноз, пӯсиши хокистарранг 2,0 Пошидан дар давраи нашъунамо 12 2

Калибровкакунӣ

Миқдори заҳрдору барои 1 маротиба пур кардани дорупошак вобаста ба майдон, гр

Мавзеъи зараррасон Майдон дар садяк 0,5 Майдон дар садяк 1,0 Майдон дар садяк 1,5 Майдон дар садяк 2,0 Майдон дар садяк 2,5 Майдон дар садяк 3,0
Мунистая роса парша (Плодовыеы) 12,5 мл 25,0 мл 37,5 мл 50,0 мл 62,5 мл 75,0 мл
Антракноз. серая гниль(виноград) 10,0 мл 20,0 мл 30,0 мл 40,0 мл 50,0 мл 60,0 мл
  • Ҳаҷми 1 дорупошак - 5 - 15 литр.
  • Маълумоти муфассал доир ба истифодабарии ҷадвали калибровкакунӣ дар ин ҷо пешниҳод шудааст.
  • Усули калибровкакунии контсетратсионӣ: Косайд 2000 - 25,0 гр дар 10 л об.
  • Маълумоти муфассал доир ба усули калибровкакунии консетратсионӣ дар ин ҷо пешниҳод шудааст.

Эзоҳ: Дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта нашудааст, ояндадор мебошад.

Ба боло