Конфидор
Инсектитсиди амалаш мунтазам ва рўдавӣ - алоқавӣ
Қиёсҳо: СТОРМ. ТАНРЕК. ПИЛАРКИНГ.
Моддаи таъсиркунанда: Имидаклоприд
Гурўҳ: Неоникотиноидҳо
Шакли ташреҳкунанда: 20% консентратӣ дар об ҳалшаванда
Механизми амалкунанда
Заҳрдору аз байни реша, поя ва баргҳо паҳн мешавад. Заҳрдору бар зидди гамбўсакҳо, кирмакҳо, трипсҳо ва дигар ҳашаротҳои маканда самаранок мебошад. Самаранокӣ аз ҳарорат вобаста нест, самараи махсусан дарозмуддатро таъмин менамояд.
Хусусиятҳои истифодабарӣ
Дар давраи нашъунамо истифода мебаранд. Бо сабаби самаранокии баланди заҳрдору бар зидди ҳашаротҳои маканда касалии растанӣ аз касалшавии вирусӣ паст мешавад. Боиси устуворӣ намегардад. Давраи ҳифзи амалкунандааш ба ҳисоби миёна 14 рўз.
Барои ҳама намудҳои дорупошак коршоям аст. Мутобиқ бо инсекто-фунгитсидҳои асоси, аммо тавсия дода мешавад, ки пешакӣ барои ба вуҷуд наомадани таҳшинӣ омезиши заҳрдоруҳоро гузаронидан лозим.
Дар баъзе ҷойҳо дар муддати чандин сол «хокаи чинӣ» (Имидаклоприд 10%) - ро истифода мебурданд, ки устуворӣ ба гамбўсаки колорадои қайд шудааст. Бинобар он дар мубориза бар зидди гамбўсаки колорадои зарур аст, ки заҳрдору аз гурўҳҳои гуногун иваз карда шавад.
Заҳрнокшавӣ
Заҳрдору барои ҳайвонҳои гармхун ва муҳити атроф камзаҳр аст. Барои наботот заҳрнок нест. Заҳрдору барои занбўри асал хатарнок. Дар давраи гулкунӣ дорупошӣ мумкин нест. Нагузоред, ки заҳрдору ва боқимондаҳои оби он ва шустушў намудаи зарфҳои холӣ ва масолеҳи борбанди он ба обамборҳо резанд.
Меъёри сарфа ва мавзеъи зараррасон
| Зироат | Мавзеъи зараррасон | Меъёри сарфа (л/га) | Мӯҳлати коркард | Вақти интизорӣ (рӯз) | Маротибаи коркард |
|---|---|---|---|---|---|
| Чарогоҳ | Малахҳо | 0,05-0,07 | Пошидан дар давраи нашъунамо | 30 | 1 |
| Картошка | Гамбӯсаки колорадоӣ, ширинчаҳо | 0,1-0,2 | Пошидан дар давраи нашъунамо | 30 | 2 |
| Помидор ва бодаринг дар гармхонаҳо | Сафедболак, ширинчаҳо, трипсҳо | 2,0 | Пошидан дар давраи нашъунамо | 7 | 1 |
| Тамоку | Ширинчаҳо, трипсҳо | 0,1-0,2 | Пошидан дар давраи нашъунамо | 30 | 1 |
| Гандум | Кайкҳо, пашшаи хӯшагиҳо, трипсҳҳо, сангпуштаки гандум | 0,06-0,07 | Пошидан дар давраи нашъунамо | 30 | 1 |
Калибровкакунӣ
Миқдори заҳрдору барои 1 маротиба пур кардани дорупошак вобаста ба майдон, мл
| Мавзеъи зараррасон | Майдон дар садяк 0,5 | Майдон дар садяк 1,0 | Майдон дар садяк 1,5 | Майдон дар садяк 2,0 | Майдон дар садяк 2,5 | Майдон дар садяк 3,0 |
|---|---|---|---|---|---|---|
| Гамбӯсаки колорадоӣ, ширинчаҳо | 0,1 мл | 0,2 мл | 0,3 мл | 0,4 мл | 0,5 мл | 0,6 мл |
| Кайкҳо, пашшаи хӯшадорон, трипсҳо, сангпуштаки гандум | 0,35 мл | 0,7 мл | 1,05 мл | 1,4 мл | 1,75 мл | 2,1 мл |
| Ширинчаҳо, трипсҳо (тамоку) | 1,0 мл | 2,0 мл | 3,0 мл | 4,0 мл | 5,0 мл | 6,0 мл |
| Сафедболак, ширинчаҳо, трипсҳо, (бодаринг ва помидор дар гармхонаҳо) | 10 мл | 20 мл | 30 мл | 40 мл | 50 мл | 60 мл |
- Ҳаҷми 1 дорупошак - 5 - 15 литр.
- Маълумоти муфассал доир ба истифодабарӣ ҷадвали калибровкакунӣ дар ин ҷо пешниҳод шудааст.
- Усули калибровкакунии контсетратсионӣ: Конфидор - 2,0 мл дар 10 л об.