Гранстар плюс

Гербитсиди амалаш мунтазам

Моддаи таъсиркунанда: Трибенуронметил 350 гр/кг + Тифенсуронметил 350 гр/кг

Шакли ташреҳкунанда: 75% ғурўшаи дар об ҳалшаванда

Механизми амалкунанда

Моддаи таъсиркунандаи гербитсидро асосан баргҳо ҷаббида мегиранд ва он ба нуқтаҳои сабзиши алафҳои бегона омехта мешавад. Гербитсид ба ҳиссаҳо ҷудошавии ҳуҷайраро дар нуқтаҳои сабзиши шоху баргҳои наврас ва решаҳои боидроки алафи бегонаро боз медоранду дар охир сабзиши онҳо баъди чанд соат пас аз коркард қатъ мегардад. Бо вуҷуди ин аломатҳои дидашаванда танҳо баъди 5 -10 рўз пайдо мешаванд, вале нобудшавии алафҳои бегона баъди 15-25 рўз фаро мерасад.

Ҳудуди истифодабарӣ

Бар зидди алафҳои бегонаи бисёрсолаи паҳнбарги устувор ба заҳрдору Гранстар 75% ғурўшаи дар об ҳалшаванда тавсия шудааст.

Хусусиятҳои истифодабарӣ

Дорупошии киштҳо дар давраи инкишофёбии зироат аз 2 - 3 барга то марҳалаи қад кашидани найчаи зироати асоси тавсия дода шудааст. Маҳлули корӣ бо усули анъанавӣ тайёр мешавад. Барои баланд шудани самаранокӣ ва устуворӣ барои шуста набурдани борон тавсия мешавад, ки гербитсид ГРАНСТАР Плюс 75% ғурўшаи дар об ҳалшаванда дар бак омехташудаи часпандаи Тренд 90 истифода бурда шавад. Меъёри сарфаи часпандаи Тренд 90 барои 200 мл дар 1 га ташкил медиҳад.

Заҳрнокшавӣ

Синфи хатараш - II. Гербитсид ба пўст озор намерасонад, чашмро суст озор медиҳад, немутагенен. Қамзаҳр барои намояндагони ҳайвоноти ваҳшӣ. Дар ҳудуди минтақаи санитарию атрофи обанборҳои хоҷагии моҳипарварӣ истифодабарии он манъ аст.

Меъёри сарфа ва мавзеъи зараррасон

Зироат Мавзеъи зараррасон Меъёри сарфа(гр/га) Мӯҳлати коркард
Гандум, ҷавдор, ҷав, ҷави сулӣ Алафҳои бегонаи яксолаи дупаллагӣ ва паҳнбарг 30,0 Пошидани хок баъди сабзаи барвақтаи кишт

Калибровкакунӣ

Миқдори заҳрдору барои 1 маротиба пур кардани дорупошак вобаста ба майдон, гр

Мавзеъи зараррасон Майдон дар садяк 0,5 Майдон дар садяк 1,0 Майдон дар садяк 1,5 Майдон дар садяк 2,0 Майдон дар садяк 2,5 Майдон дар садяк 3,0
Алафҳои бегонаи яксолаи дупаллагӣ ва паҳнбарг(гандум) 0,15 гр 0,30 гр 0,45 гр 0,6 гр 0,75 гр 0,9 гр
Алафҳои бегонаи яксолаи дупаллагӣ ва паҳнбарг(ҷав) 0,15 гр 0,30 гр 0,45 гр 0,6 гр 0,75 гр 0,9 гр
  • Ҳаҷми 1 дорупошак - 5 - 15 литр.
  • Маълумоти муфассал доир ба истифодабарии ҷадвали калибровкакунӣ дар ин ҷо пешниҳод шудааст.
  • Усули калибровкакунии контсетратсионӣ: Гранстар Плюс - 0,3 гр. дар 10 л об.
  • Маълумоти муфассал доир ба усули калибровкакунии консетратсионӣ дар ин ҷо пешниҳод шудааст.

Эзоҳ:Дар чумхури ба кайд гирифта нашудааст,ояндадор мебошад.

Ба боло