Топаз
Фунгитсиди пешгирикунанда, табобатӣ, маҳвфкунандаи мунтазам
Моддаи таъсиркунанда: Пенконазол
Шакли ташреҳкунанда: 5 % эмулсияи консентратӣ
Механизми амалкунанда
Ба гурўҳи триазолҳо дохил мешавад.Фунгитсиди мунтазам тез ба растанӣ дохил мешавад, борон шуста намебарад, баъди 2 соати пас аз коркард инкишофёбии касалӣ қатъ мегардад.
Хусусиятҳои истифодабарӣ
Истифодаи пешгирикунанда натиҷаи беҳтарин медиҳад. Меъёри сарфаи заҳрдору аз давраи сабзиши зироат ва дараҷаи инкишофи касалӣ вобастагӣ дорад. Меъёри сарфаи ақаллиаш аз оғози нашъунамо истифода мешавад ва ё ҳангоми сироятшавии паст; ҳадди зиёдтарин - ҳангоми инкишофи пурраи болои барг ва ё ҳангоми сироятёбии баланд. Мўҳлати коркард: ҳангоми пайдошавии нишонаҳои аввалини касалӣ. Фосилаи байни коркард: 7 - 14 рўз. Тавсия дода мешавад, ки бо фунгитсидҳои дигари алоқавӣ барои пешгирии устуворӣ иваз карда шавад.
Заҳрнокшавӣ
Ҳангоми истифодабарии заҳрдору ҷиддӣ мутобиқи тавсияаш барои наботот заҳрнок нест. Барои муҳити атроф камхатар. Зарур аст, ки қоидаҳои бехатарӣ риоя шавад.
Меъёри сарфа ва мавзеъи зараррасон
| Зироат | Мавзеъи зараррасон | Меъёри сарфа(кг/га) | Мӯҳлати коркард | Вақти интизорӣ (рӯз) | Маротибаи коркард |
|---|---|---|---|---|---|
| Ток | Оидиум | 0,4-0,5 | Пошидан дар давраи нашъунамо бо эмулсияи 0,05% заҳрдору | 20 | 4 |
| Олучабандак(модарӣ) | Коккомикоз | 0,3-0,4 | Пошидан дар давраи нашъунамо бо эмулсияи 0,05% заҳрдору | 20 | 2 |
| Қулфинай | Гардзанӣ | 0,125-0,5 | Пошидан то гулкунӣ ва баъди ҷамъоварии ҳосил бо эмулсияи 0,05% заҳрдору | 20 | 2 |
| Тамашк(парваришхона) | Доғзании қирмизӣ, пӯсиши хокистарранг | 0,3-0,6 | Пошидандар давраи нашъунамро бо эмулсияи 0,05 - 0,1% заҳрдору | 20 | 2 |
| Бодиринг дар замини кушод | Мучнистая роса | 0,125-0,5 | Пошидан дар давраи нашъунамо бо эмулсияи 0,025% заҳрдору | 20 | 2 |
| Шафтолу | Гардзанӣ, пӯсиши мевагӣ | 0,5-1,0 | Пошидан дар давраи нашъунамо бо эмулсияи 0,05% заҳрдору | 20 | 4 |
| Қоти сиёҳ | Гардзанӣ | 0,3-0,4 | Пошидан дар давраи нашъунамо бо эмулсияи 0,025-0,05% заҳрдору | 20 | 4 |
Калибровкакунӣ
Миқдори заҳрдору барои 1 маротиба пур кардани дорупошак вобаста ба майдон, мл
| Мавзеъи зараррасон | Майдон дар садяк 0,5 | Майдон дар садяк 1,0 | Майдон дар садяк 1,5 | Майдон дар садяк 2,0 | Майдон дар садяк 2,5 | Майдон дар садяк 3,0 |
|---|---|---|---|---|---|---|
| Гардзанӣ(ток) | 2,5 мл | 5,0 мл | 7,5 мл | 10,0 мл | 12,5 мл | 15,0 мл |
| Гардзанӣ(қулфинай) | 2,5 мл | 5,0 мл | 7,5 мл | 10,0 мл | 12,5 мл | 15,0 мл |
| Гардзанӣ, пӯсиши хокистарӣ(шафтолу) | 5 мл | 10 мл | 15 мл | 20 мл | 25 мл | 30 мл |
| Коккомикоз(олучабандак) | 20 мл | 40 мл | 60 мл | 80 мл | 100 мл | 120 мл |