Мевагиҳо - ҳашаротҳои зараррасон, касалиҳо ва чораҳои мубориза бар зидди онҳо

Ҳашаротҳои зараррасон

Кирми себ - Carpocapsa (Laspeyresia) pomonella L.

Саросар дар ҳамаи ноҳияҳое, ки себ мерўяд васеъ паҳн гашта мебошад. Ба меваҳои дарахти себ ва биҳӣ зарар мерасонад. Дар дарахтони дигари мевадиҳанда ҳам мевахўракҳои худро доранд. Ҳамоно баъди аз тухм баромадан ба мева зарар меоварад ва барои то тухми роҳ ёфтан онҳоро хоида мераванд. Дар натиҷа чунин меваҳо аз дарахт меафтанд. Дар Тоҷикистон вобаста аз шароити иқлим аз 1 то 3 насл медиҳад.

Чораҳои мубориза бар зидди кирми себ: Ҷамъоварии себҳои тагрехта. Барои дошта гирифтани кирминаҳо гузоштани домҳои камарбанд. Дар оғози гулкунӣ ва муғчабандии себ - гузоштани домҳои ферамонӣ, махсус дар давраи гулкунӣ баровардани трихограмма.

Кирми себ
Кирми себ

Сипарболаки қалбакии акатсия-Parthenolecanium corni Bouche.

Ба ҳамаи мевагиҳо, буттамеваҳо ва гуногун ороишӣ - паҳнбарги бешагӣ зарар мерасонад. Модинааш барҷаста, лунда, бо сипар пўшонида шудааст. Ҳашаротҳо дар паси сипарҳо ҷойгир мебошанд. Модинаҳои болиғ беҳаракатанд. Кирминаҳо зардчаранг «дайдучаҳо» номида мешаванд. Онҳо дар шохаҳои растаниҳо маскан мегиранд ва калон шуда макида ба танаи дарахт мечаспанду худро бо сипар мепўшонанд. Дарахти сахт зарардида хушк мешавад.

Сипарболаки қалбакии акатсия
Сипарболаки қалбакии акатсия

Ширинчаҳои баргҳо

ширинчаи сабзи себ - Aphis pomi; ширичаи нок - Dysaphis pyrilaseri; ширинчаи шафтолу –Myzus persicae; ширинчаи хунин - Eriosoma lanigerum. (Расми ширинчаи хунин)

Ширинчаҳои баргҳо: ширинчаи сабзи себ
Ширинчаҳои баргҳо: ширинчаи сабзи себ
Ширинчаҳои баргҳо: ширинчаи сабзи себ
Ширинчаҳои баргҳо: ширинчаи сабзи себ

Баргҳои бо ширинча зарар дида шаклан тағйир меёбанд, ба шоху баргҳои тозае, ки ҳашарот ҷой гирифтаанд, аз нашъунамо қафо мемонад. Ширинчаҳо зимистонро давраи тухмӣ дар шохаҳо мегузаронанд. Кирминаҳои ширинчаи хунин зимистонро дар решаи дарахти себ мегузаронад. Баҳорон ширинчаҳо ба шохи дарахтон мебароянд ва шираи онро макида мегиранд, аз ҳамин сабаб ғафсшавии онҳо пайдо шуда, шохҳо тағйир меёбанд. Дархтоне, ки ширинчаи хунин ҷой шудаанд заиф мешаванд ва оҳиста-оҳиста нобуд мегарданд. Дар давоми нашъунамо ширинчаҳо то 15 насл медиҳанд.

Чораҳои мубориза бар зидди ширинчаҳо:

  1. Аввали баҳор қисмҳои хушкшудаи пўсти дарахтонро аз танааш тоза менамоянд ва пояи шохаи дарахтро барои нобуд кардани тухмии ширинчаҳо, ғишша ва навдаҳои решаро мебуранд ва месўзонанд.
  2. Дар дарахтзорҳое, ки ширинчаҳо хеле зиёд ҷойгиршудаанд ба дарахтони муғҷаҳои хобида маҳлули 4 % - и равғани муҳаррик мепошанд.
  3. Барои мубориза бо ширинчаи сабзи себ аввали баҳор, ҳангоми кирминаҳои ширинча дар болои муғҷаҳои шукуфтаистода ҷамъ мешаванд, пошидани инсектитсидҳоро истифода мебаранд.
  4. Барои нобуд кардани ширинчаи хунин дар тана ва шохаҳо дар давраи оғози шукуфтани дарахтон инсектитсид мепошанд.
  5. Дар давраи тобистон ҳангоми пайдо шудани зарурият дорупошии такрори мегузаронанд.

Сипарболакҳо: сипарболаки камоншакли себ - lepidosapris ulmi; сипрболаки калифорнӣ - Quadrospidiotus pemiciosu.

Сипарболаки камоншакли себ
Сипарболаки камоншакли себ

Сипарболаки камоншакл тухмҳояш зимистонро зери сипарҳо дар шоха ва танаи дарахтон мегузаронад. Баҳорон баъди гул кардани дарахти себ кирминаҳо пайдо мешаванд, ки макида - макида ба пўсти дарахт мечаспанду дар танаи кирминаҳо сипар пайдо мешавад ва тобистон зери он модинаҳо тухм мегузоранд. Асосан ба дарахти себ зарар мерасонад, дар як насл инкишоф меёбад.

Дар сипарболаки калифорнӣ кирминаҳои синни якум зери сипар дар шохаю танаи дарахти себ ва нок зимистон мегузаронанд. Аввали ҳаракати шарбат кирминаҳо бедор мешаванд ва ғизогириро оғоз менамоянд. Баъди чанд вақт онҳо ба наринаю модина табдил меёбанд. Модинаҳо баъди ҷуфтшавӣ кирминаҳои рангаш зардро пайдо мекунанд. Кирминаҳо ҷои муносибро ёфта ба растанӣ вобаста мешаванд ва ба ғизогирӣ сар мекунанд. Баъди ба балоғат расидан, аз модинаҳо боз кирмина пайдо мешавад ва ҳамин тавр дар мавсим то 3 насл инкишоф меёбад. Сипарболак ба тана, шоха, мева ва баргҳо зарар мерасонад. Дар меваҳои зарароварда доғҳои сурх пайдо мешаванд, себ намуди фурўши худро гум мекунад. Шохаҳо хушк шуда баргҳояш мерезанд ва дарахт оҳиста - оҳиста нобуд мешавад. Ҳадди зарароварии иқтисодии 1 кирмина ба 200 мм шоха дар давраи муғчабарорӣ ё 2 - 3 % - и меваҳои ҷойгирифта дар давраи сабзиш мебошад.

Тортанакканаҳои мевагиҳо

Ба дарахтони мевадиҳанда тортанакканаи сурх – красный яблонный, тортанакканаи бўр - бурый, тортанакканаҳо зарар мерасонанд. Тортанакканаҳо аз баргҳо шарбаташро мемаканд, ки он ранги сиёҳтоб гирифта хушк мешаванд. Дарахтони аз тортанаккана сахт зарар дида заиф, мевааш хурду ҳосилнокиаш тез паст мегардад. Тухмҳояшон зимистонро дар пўсти дарахтон мегузаронад. Тортанакканаҳо дар мавсим насли бисёр медиҳанд.

Тортанакканаҳои мевагиҳо
Тортанакканаҳои мевагиҳо

Ғилофкашонаки мевагӣ -Coleophora hemerobiola Fil.

Ба дарахтони себ, нок, зардолу, олуболу, гелос, биҳӣ, бодом ва дигар намудҳои паҳнбарг зарар мерасонад. Кирминаке, ки дар дохили ғилофак умр ба сар мебарад зарар мерасонад. Кирминаҳо зимистонро дар шохаи дарахтони мевадиҳанда мегузаронанд. Аввали баҳор онҳо зиёд ба ғизогирӣ сар мекунанд. Кирминаҳо ба баргҳо дохил шуда ва аз мағзи мева ғизо мегиранд. Ҷои мағзи хўрдашуда қаҳваранг, баргҳояш ба ҷисми сўхта монанд мешаванд. Дар солҳои афзоиши оммавӣ зарари ҳисшаванда мерасонад.

Куяи себ – Яблоневая моль –Hyponomeuta malinellus.

Баҳорон дар давраи кушодашавии муғҷаҳо кирмакҳо аз таги сипарҳояшон мебароянд ва аввал аз муғҷаҳо ғизо мегиранд, сипас аз шохчаи баргҳо, ғадудҳо ба вуҷуд меоранд. Баъди 10 -15 рўз, ки ба вақти гулкунии гулҳои дарахти себ мувофиқ меояд, кирмҳо аз ғадудҳояшон мебароянд ва бо тамом хориҷ кардани ғадудҳояшон атрофии лонаро бо торҳои худ печонида мегиранд. Баъди гул кардан кирмакҳои куя дар пила байни баргҳо дар лонаҳои тортанакхона зоча мешаванд. Ҳангоми миқдори зиёди ҳашарот ва миқдори зиёди лонаи тортанакхонаҳо шоху барги дарахтон пурра бо тор печонида мешаванд. Дар ин ҳолат кирамҳо баргҳоро батамом хўрда мешаванд. Пиллаҳо дар лонаҳо яке ба дигаре зич ҷо ба ҷо мешаванд. Кирмак дар пилла ба зочаи рангаш зард табдил меёбад ва баъди 15 - 20 рўз аз он шапалакҳо паридаа мебароянд. Дар натиҷаи зараррасонии оммавӣ дарахтон аллакай дар нимаи аввали тобистон бебарг мемонанд, аммое баровардани баргҳои такрори онҳоро ба азияти сахт ва ҷойгиршавииҳашаротҳои танаи дарахтони мевадор меорад. Ҳамаи ин тадриҷан ба хушкшавии дарахтон оварда мерасонад. Ҳадди зарароварии иқтисодӣ барои куяи дарахти себ 0,5 - 1 сипарболакҳо ба 1 п. м. шоха то оғози гул кардан ва ё 1 - 2 лона ба дарахт баъди гул кардан мебошад.

Куяи себ
Куяи себ

Кирми дўлонахўрак - Aporia crataegi.

Кирмакҳо зимистонро дар лонаҳои иборат аз баргҳои боҳам пайвасту басташудаи тори танидаи тортанак мегузаронанд. Аввали баҳор кирмакҳо ба ғизогирӣ сар карда муғчаҳоро мехоянд ва бо баргҳо пурхўрӣ намуда, ҳангоми афзоиши оммавӣ дарахтонро бараҳна мекунанд. Баъди 30 -40 рўз кирмакҳо ба зоча табдил меёбанд ва баъди 12 - 15 рўз шапалакҳо парида мебароянду ба қисмати болоии баргҳо тухм мегузоранд. Кирмакҳои пайдо шуда гурўҳ - гурўҳ аз мағзи баргҳо ғизо мегиранд. Баъди ба охир расидани ғизогирӣ аз баргҳои зарардидаю нимхушк онҳо лона месозанду он ҷо барои зимистонгузаронӣ боқӣ мемонанд. Ҳашарот дар 1 насл инкишоф меёбанд. Ҳадди зараровари - то кушодашавии муғҷа 3 - 5 лона дар як дарахт аст.

Кирми дўлонахўрак
Кирми дўлонахўрак
Кирми дўлонахўрак
Кирми дўлонахўрак

Абрешимресаки ноҷуфт - Ocneria dispar.

Саросар дар ҳама ҷо паҳн шудаанд. Зарари мавсимии зиёдро ба дарахтони мевадиҳанда ва дигар дарахтони паҳнбарг мерасонад.

Зимистонро тухмҳояш дар танаи дарахт ва пояи шохаҳо, девора ва қишри дарахтон тўда - тўда ҷой гирифта мегузоранд, ки он намуди болиштаки намадин бо мўякҳо пўшонида шуда доранд, баҳорон аз онҳо кирмакҳои рангаш тира мебароянд ва баргҳои наврустаю ҳама чизи андаруни дар муғҷаҳо ва пунбахо бударо мехранд. Кирмакҳо баъди ғизогирӣ байни баргҳо ва шикофиҳои пўсти дарахт зоча мешаванд. Шапалаҳои баъди 2 ҳафта парида баромада тухм мегузоранд. Дар давраи нашъунамо бо як насл инкишоф меёбад. Ҳадди зарароварии иқтисодӣ 1 тухммонӣ ба 1 дарахт пеш аз кушодашавии муғҷа мебошад.

Абрешимресаки ноҷуфт
Абрешимресаки ноҷуфт

Абрешимресаки кўҳии ҳалқатоб - Malosoma parallela.

Тухмҳо зимистон мегузаронад. Кирмакҳо баҳорон пайдо мешаванд, ҳангоми кушодашавии муғҷаҳо, аз баргчаҳои навруста бо тори танида ғизо мегиранд. Шохаҳо пурра бараҳна мешаванд, кирмакҳо пас аз 30 - 40 рўз ғизогириашонро ба охир расонида дар дуроҳаи шохаҳо инкишоф намуда баъди 2 ҳафта шапалакҳо парида мебароянду баъди ҷуфтшавӣ дар навдаҳои дарахтон тухм мегузоранд. Тухмгузориаш ба намуди доирашакл, васеъи шохчаҳои иҳоташавандаро дорад. Дар як сол як насл медиҳад. Ҳадди зараррасониаш 0,5 -1 тухммонӣ то кушодашавии муғҷаҳост.

Абрешимресаки кўҳии ҳалқатоб
Абрешимресаки кўҳии ҳалқатоб
Абрешимресаки кўҳии ҳалқатоб
Абрешимресаки кўҳии ҳалқатоб
Абрешимресаки кўҳии ҳалқатоб
Абрешимресаки кўҳии ҳалқатоб

Зарриндумболи туркистонӣ - Porthesia cargalia Mogre.

Яке аз зараррасонҳои хавфноки дарахтони мевадиҳанда ва навъҳои ороишӣ дар гурўҳи ноҳияҳои кўҳию наздикўҳии ҷумҳурӣ мебошад. Аз он бахусус дарахтони ноҳияҳои гурўҳи Рашт ва ВМКБ сахт зарар мебинанд.

Кирминаҳои зарриндумболи туркистонӣ ба себ, нок, биҳӣ, шафтолу ва зардолу зарар мерасонад. Дар давраи авали синнаш онҳо пўсти болоии баргҳоро хўрда, танҳо рагҳои баргро боқӣ мегузоранд. Бо мурури инкишофёбии кирмина хусусияти зарароварӣ тағйир ёфта, вай дағалона баргро аз канорҳояш истеъмол мекунад.

Шапалаки зарриндумболи туркистонӣ ранги сафед дошта, дар кунҷи дохилии болҳои пешаш доғҳои на он қадар калони зарди ҷигарӣ дорад. Дар охири думболи модинаҳои он як дастаи мўякҳои норанҷию зард мавҷуд аст. Баъзан шапалакҳои сафеди дар болҳояшон бо доғи сиёҳи мудаввар дошта вомехўранд.

Дар моҳҳои июн - июл шапалакҳо дар тарафи болоии баргҳо ва навдаҳои борик тухм мегузоранд. Кирминаҳои аз тухм навбаромада бо тарзи гурўҳӣ баргҳоро хўрда, онҳоро печу тоб дода, бо торҳои борики дар намуди калони лўндаи лона мепўшонанд. Дар чунин лонаҳо кирминаҳо барои зимистонгузаронӣ боқӣ монда, дар баҳорон мебароянд ва аввал муғҷҳо, сипас баргҳоро мехўранд.

Зарриндумболи туркистонӣ
Зарриндумболи туркистонӣ
Зарриндумболи туркистонӣ
Зарриндумболи туркистонӣ

Кирминаҳо дар моҳҳи май - июн дар пиллаи шаффофе, ки дар байни баргҳои тобхўрда ҷойгир шудааст, ба зоча тадбил меёбанд.

Чораҳои мубориза бар зидди кирмҳои шапалаки зараррасонҳо, зараррасонандагони баргҳо ва меваҳо.

  1. Чораҳои мубориза бар зидди кирмҳои шапалаки зараррасонҳо, зараррасонандагони баргҳо ва меваҳо.
  2. Барои нобуд кардани тухми абрешимресаки ноҷуфт тирамоҳ ва ё аввали баҳор дар дарахтони кўҳансол ва кундаҳои ҷои тухммонӣ онҳоро бо мазут ва ё карасин бо қатрон (дёгтем) мемоланд. Барои он ки пўст бо маҳсулоти нафтӣ насўзад танҳо ҷои тухммониро намнок мекнанд. Дар дарахтони наврас ҷои тухмгузории абрешимресакро бо белчаи махсус тоза менамоянд ва ё бо қошуқи металлии таомхўрӣ ба як халта андохта месўзонанд.
  3. Барои нобуд кардани тухмҳои зимистонаи парвонаҳои шабпарвоз, абрешимресаки кўҳии ҳалқатоб, кирмҳои куяи себ ба муғҷаҳои ороми дарахтон бо маҳлули равғани 4 % - и муҳаррик мепошанд.
  4. Барои нобуд кардани пайдошавии кирминаҳо дар давраи аз оғози кушодашавии муғҷаҳо то бараҳнашавии тўдагулҳо ба дарахтон инсектисид мепошанд.
  5. Бар зидди кирминаҳои куяи себ, дар ғадуд вуҷуд дошта, ҳамчунин пошидани дарахтони себ пеш аз гулкунӣ бо инсектитсидҳо самаранок мебошад.

Гамбўсаки заргинаки дудмонанд – Дымчатая златка - Capnodis tenebricosa Ol.

Инкишофи биологияи ҳашароти зараррасон пурра омўхта нашудааст. Зарарро асосан гамбўсакҳои болиғ мерасонанд, ки шохаҳои наврас ва навбехро мехоянд. Гамбўсакҳои болиғ зимистон мегузаронанд. Кирминаҳо на он қадар калон, зардтоб, бо ду шоха дар қафои танааш ва пеши сандуқи дилаш росткунҷа, нисбат ба дигарон буғумҳои васеътар дорад. Ин ҳашарот ба дарахтони себ, нок, дўлона зарар мерасонад.

Чораҳои мубориза:

Дар парваришгоҳ ба ҳар тараф партофтани домҳои фиреб. Ба 1 га 100 кг кунҷораро бо заҳрдоруи талстар коркард намуда аз ҳисоби 0.2 л ба 10 литр об, ҳамоно ба хок дохил кард.

Гамбўсаки почағавси зардолў - Абрикосовая толстоножка - Eurytoma Samsonowi Was.

Гамбўсаки почағафси зардолу дар ноҳияҳои наздикўҳӣ ва кўҳии Тоҷикистон – Ашт, Исфара, ноҳияҳои гурўҳи Рашт, ВМКБ паҳн гаштааст. Яке аз ҳашаротҳои асосии зардолу ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин метавонад ба шафтолу ва бодом зарар расонад. Кирминаҳо зарар меоваранд, аз мағзи мева ғизо мегиранд, дар натиҷа саросар афтодани меваҳо ба амал меояд. Дар солҳои алоҳида гамбўсаки почағафси зардолу метавонанд ба меваҳо то 90 % зарар расонад. Кирминаи синни охирин дар донаки бодреза зимистон мегузаронад, он ҷо зоча мегардад, ки ин бо оғози гулкунӣ зардолу рост меояд. Пас аз 2 - 3 ҳафта аз зоча ҳашароти болиғ мебарояд, девораи донакро хоида сурохӣ барои парвоз омода менамояд. Пас аз ҷуфт шудан модинаҳо дар мағзи донак ба тухмгузорӣ шурўъ мекунанд. Барои ин онҳо бо узви тухмгузориашон девораи мағзи мевачаро сўрох мекунанд. Пас аз ду ҳафта аз тухм кирминаҳо баромада, аз мағзи донак ғизо мегиранд. Зараррасон танҳо як насл медиҳад.

Касалиҳо

Қўтураки себ - Ventura inaequalis Wint.

Қўтураки себ ба баргҳо, косабаргҳо, думчаи мева, меваҳо осеб мерасонанд. Навдаҳои навраси нок сироят меёбанд, ба себ камтар. Дар баргҳо гўё, ки доғи равғанини зардтоби сустқиёфа пайдо мешаванд. Дертар онҳо ба худ ранги сабзтоби тираро мегиранду дар болои он гарди махмалин аён мегардад. Аз баргҳо касалӣ ба меваҳо мегузаранд, мева шакли баднамуд гирифта, бо доғҳои тўршакли барҷастаи пўстғафс пўшонида мешавад. Касалии бори аввал пайдо шуда солҳои минбаъда низ инкишоф меёбад.

Қўтураки себ
Қўтураки себ

Чораҳои мубориза:

  1. Марҳилаи зимистонгузаронии қўтураки себ ҳангоми (баъди баргрезӣ) шудгори тирамоҳии байни қаторҳо ва побелкунӣ дар назди танаи мудаввар барҳам медиҳанд.
  2. Аввали баҳор то кушодашавии муғҷаҳо бо маҳлули равғании 4 % -и муҳарик фаровон мепошанд.

Гардзании себ - Мучнистая роса - Podosphaera leucotricha Salm.

Касали дар баргу навдаҳои ҷавон ва пунбакҳо, гулҳо ва ғўра ҳангоми ҳарорати баланд ва рутубатнок хуб инкишоф меёбад. Нуқтаҳои сабзиш ва шохаҳои осебдида бо гарди сафеди пахтагин пўшонида мешаванд, ки ба худ тобиши хокистарранг мегирад. Ҳангоми афзоиши сахти касалӣ растанӣ шояд пурра нобуд гардад.

Қўтураки себ
Қўтураки себ

Монилиоз, ё пўсиши меваҳои себ ва нок- Монилиоз - Monilia fructigena

Касалӣ ба намудҳоии дарахтони тухмдор ва донакдор осеб мерасонад. Барои касали ду шакл: сўхтани монилиалӣ ва пўсиши мева хос аст. Пўсиши мева аз доғи сурхи сиёҳтоб сар мешаваду тамоми сатҳи мудавварро ишғол менамояд. Меваҳои пўсида мепўсанд, каҷу килеб ва хушк мешаванд, дар дарахт то баҳор овезон шуда мемонанд. Сўхтании монолиалӣ дар ногаҳон хушк шудани гулҳо, баргҳо, шохаҳо ва навдаҳои яксола муайян мегардад.

Монилиоз
Монилиоз

Саратони бактериалӣ - Бактериальный рак - Pseudomonas syringae van Hall., P. Seras, YriHin

Касалӣ баҳорон дар намуди нобудшавии муғҷаҳо ва қитъаҳои пўсти назди онҳо, пажмурдашавии гулҳою сиёҳшавӣ ва нобудшавии баргҳою навдаҳои наврас ба назар мерасанд. Навдахои осебдида аз нашъунамо монда каҷу килеб, хокистарранг ва хушк мешаванд. Дар ҷои кўндаланг буридашуда сиёҳтоб шудани рагҳои онро дидан мумкин.

Саратони бактериалӣ
Саратони бактериалӣ

Саратони сиёҳ - Чёрный рак - Sphaeropsis malorum Peck.

Ба ин касалӣ мева ва пўсти дарахтони тухмдор, бахусус дар майдонҳои кўҳансол гирифтор мешаванд. Намуди зарароварии ин касалӣ аз сироятёбии танаи дарахт ва навдаҳои асосӣ иборат мебошад. Дар баргҳо саратони сиёҳ дар намуди доғҳои хурд, сурху ҷигариранги афзоишёбанда, бо минтақанокии дурахшон ифодаёфта зоҳир мегардад. Дар онҳо ба намуди нуқтаҳои сиёҳ (пикнидҳо) қисмҳои наслии замбўруғ ташаккул меёбанд.

Сироятёби дар гулу меваҳо расонидашуда доғҳои сўхтаро ба ёд меоранд, ки сипас ранги бўрро гирифта хушк мешаванд. Сироятёбии меваҳо на он қадар дертар то ҳосилғундорӣ сар шуда, дар анбори меванигоҳдорӣ идома меёбад, ки он ҷо дар меваҳо пўсиши сиёҳ ба амал меояд.

Саратони сиёҳ
Саратони сиёҳ
Саратони сиёҳ
Саратони сиёҳ

Дар танаи дарахт ва навдаҳои асоси замбўруғ танҳо ба воситаи захми расида ворид мегардад. Сироятёби бо ташаккул ёфтани доғҳо оғоз меёбад. Бофта дар ин ҷой хушкида, фишор ёфта, ранги бунафши бўрро мегирад. Минбаъд доғҳо тез инкишоф ёфта, бофта дар зери он нобуд мешавад, сатҳи минтақаи осебдида ранги сиёҳи дурахшонро мегирад. Пўст аз тана ҷудо гашта, чўби сиёҳгаштаро урён мекунад. Ин касалӣ махсусан дар парваришгоҳҳои мевагӣ зарароваранд, зеро ҳамчун ҳангоми сороятёбии ниҳолҳои ҷавон ба саратони сиёҳ онҳо мумкин пурра нобуд шаванд.

Чораҳои мубориза бо саратони сиёҳ:

  1. Муҳофизати ниҳолхои мевадиҳанда аз ҷинсҳои гуногуни осебёбии механикӣ, сафед кардани танаҳо ва шохаҳои асосӣ бо маҳлули оҳак.
  2. Буридани шохахои осеб дида, сари вақт канда партофтани меваҳои мўмиёшуда ва баргҳои рехта.
  3. Буридани қитъаҳои осебдидаи чўбҳо (дезинфицирование) – тамъиз кардани ҷароҳатҳо бо 1 - 3 % - и маҳлули даҳани фаранг (100 - 300 гр ба 10 л об) ва ё 5%- и маҳлули купороси оҳан (500 гр) ва молидани онҳо бо (нигрол) - хамираи равғани мошин, муми сиёҳи боғӣ.

Таркиби хамираи равғани мошин: 70 % нигрол, 15 % канифол ва 15 % парафин, ва ё 70 % нигрол ва 30 % хокистар ва ё ин ки миқдори якхелаи нигрол, мум ва канифол.

Клястероспориоз, ё доғи сўрохи баргҳо - Клястероспориоз (Дырчатая пятнистость) – Clasterosporium carpophilum Adeh.

Касалии хеле хавфнок, сиороятёбандаи ҳамаи навъи донакдори мевагиҳо, вале махсусан барои шафтолу ва зардолу зараровар. Дар баргҳояш доғҳои доирашакли сурхтобу - бунафшранг ва ё тамашки (диаметраш) – қутраш 2,5 мм пайдо мешавад. Дар бофтаи баргҳои қисмати марказии доғ сўрохиҳо бо мурури вақт меафтанд, ки аз ҳамин сабаб касалиро боз доғи сўрохи баргҳо меноманд. Баргҳои сахт осеб дида хушк мешаванд ва мерезанд. Дар меваҳо касалӣ дар намуди озах ва доғ намудор мешаванд. Касали бештар дар солҳои намноки инкишоф меёбад.

Клястероспориоз
Клястероспориоз

Чораҳои мубориза бар зидди клястероспориоз:

  1. Шохаҳои нобудшудаистодаро бурида мепартоянд. Ҷароҳатҳои шилмдорро тоза ва бо моеъи 1 % - бордоси тамъиз карда, баргҳои шилхаи тару тозаро молида (ду - се маротиба баъди 5 - 10 дақиқа) суфта мекунанд ва мумиёи сиёҳи боғӣ мемоланд.
  2. Баҳорон то кушодашавии муғҷаҳо ба дарахтон бо маҳлули 4 % - зи равғани муҳаррикро мепошанд
  3. Дар давоми нашъунамо пеш аз гулкунӣ, ҳамоно баъди гулкунӣ ва баъди 2 - 3 ҳафта баъди гулкунӣ фунгитсидҳо мепошанд.
  4. Тирамоҳ дар охири баргрезӣ растаниро ба тарзи илова бо моеъи 3 % -и бордосӣ коркард мекунанд.

Печидашавии барги шафтолу - Курчавость листьев персика - Exoascus deformans Fuck.

Касалӣ ба баргҳо ва навдаҳо осеб мерасонад. Навниҳолони акнун баргҳояшон баромада алакай аз нишонаҳои печидашавӣ дарак медиҳанд: онҳо тобиши зард ва ё сурхи - гулобӣ дошта каҷу килеб ва пурчин мешаванд. Тибқи андозаашон чунин баргҳо аз баргҳои солим зиёдтаранд. Дар қисмати поёни болоии барг чун қоғази равғани гарди сафед пайдо мешавад. Оянда ингуна баргҳо ранги бўрро гирифта хазон шуда мерезанд. Навдаҳои касал ғафстар, каҷу килеб шуда ранги зардро мегиранду бисёрии онҳо баъди рехтани баргҳо хушк мешаванд.

Печидашавии барги шафтолу
Печидашавии барги шафтолу

Сўхтагии монилиалӣ - Монилиальный ожог косточковых - Monilia cinerea Bonord.

Касалии аз ҳама паҳнгашта ва зарароварандаи дарахтони мевадиҳандаи донакдор дар Тоҷикистон мебошад. Он дар тамоми давраи нашъунамои дарахтони донакдор пайдо мешавад. Саршавиии баҳорон бўррангу хушк шудани гули ғўраҳо, пажмурдагӣ ва хушкшавии баргҳои наврас, барҳам хўрдани шохаҳои мевадиҳанда ва навдаҳои яксола мебошад. Касали хеле тез паҳн мешавад . Тўдагул ва навдаҳои осебдида гуё, ки оташи сўзон мешаванд, ки щояд барои ҳамин касалиро бисёр вақт сўхтагии монилиалӣ меноманд. Аз ин касалӣ ҳамчунин меваҳо осеб мебинанд. Дар онҳо аввал доғи хурдакаки сиёҳтоби тира пайдо мешаваду сипас он вусъат ёфта тамоми меваро фаро мегирад. Меваҳои пўсида пурчину хушк мешаванд ва қисми онҳо дар дарахт то баҳорон овезон мемонанд.

Шилмравонии донакдорон - Камедетечение (гоммоз) косточковых.

Касалӣ дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон, ки ҷинси меваи донакдор мерўяд, паҳн шудааст. Бештарин осебро солҳои алоҳида ба қисмати зиёди дарахтони зардолу ва шафтолу мерасонад. Касалӣ ҳангоми ҷудо намудани шилм дар танаҳо ва шохаҳо, ки дарахтро заиф, баъзан ба нобудшавӣ меорад. ташаккул меёбад.

Шилмравонии донакдорон
Шилмравонии донакдорон

Чораҳои ба мубориза бар зидди шилмравонии донакдорон:

Муҳофизат кардани танаҳо ва шохаҳои дарахтон аз захмдоршавӣ, сари вақт гузаронидани сафедкунии онҳо барои ҳифз аз таъсири ҳарорати тез ивазшаванда. Ба захмҳои пайдошуда ҳатман молидани мўмиёи сиёҳи боғӣ. Махсусан дароҳатҳои аз шилм пайдошударо бо диққат табобат мекунанд. Баъди тоза кардани онҳо тамъиз кардан бо маҳлули 1% -и даҳани фаранг (100 гр ба 10 л об) баъди он ду - се маротиба бо фосилаи 5 - 10 дақиқа онро бо баргҳои шилхаи тару тоза суфта карда мумиёи сиёҳи боғи мемоланд.

Чораҳои мубориза дар давраи тирамоҳу зимистон ва тобистон дар боғҳои мевадиҳанда.

  1. Ҷамъ намуда сўзонидани баргҳои ба замин рехта, лонаҳоии зимистонаи дўлонахўрак ва зарриндумбол, ҳамчунин меваҳои пўсида.
  2. Тоза намудани пўстлохҳои нобудшуда, бартараф намудани бехҷастаҳои наздирешагӣ, буридани навдаҳои хушк, сахт зарардида ва осебдида аз саратони сиёҳ.
  3. Тоза намудани ковокӣ, захм ва тарқиши дарахтон. Сафед кардани танаи дарахтон ва шохаҳои асосии онҳо бо маҳлули оҳак.
  4. Ба тухммонаки абрешимресаки ноҷуфт ва ҳалқатоб молидани сўзишвории дизелӣ ё ивазкунандаи он.
  5. Шудгор кардани байниқаторҳо ва побел кардани атрофии танаи дарахтон.
  6. Даровардани нуриҳои органикӣ ва минералӣ дар мутобиқат бо тавсияҳои агрономӣ.
  7. Коркарди кимиёвӣ бар зидди ҳар як ҳашароти зараррасон мутобиқи сабзиш ва инкишофи растаниҳо:
    • дар давраи кушодашавии муғҷаҳо ва пайдошавии муғчаҳо;
    • дар давраи ҷудошавии ғунчаҳо то гулобиранг шудани онҳо;
    • дар давраи ба охир расидани гулкунӣ.
  8. Дар давраи зимистон (оромӣ) ҳатман гузаронидани коркарди кимиёвии дарахтони мевадиҳанда бо мақсади нобуд кардани давраи зимистонгузаронандаи ҳашаротҳои зараррасон ва барангезандагони касалиҳо.

Ба боло