Рейнбоу 25 ОD

Гербитсиди амалаш интихобӣ

Моддаи таъсиркунанда: Пенокссулам (25 г\л)

Шакли ташреҳкунанда: 25 м.д.

Механизми амалкунанда

Гербитсиди баъди сабзаи барвақтаи амалаш мунтазам.

Ҳудуди истифодабарӣ

Ба бисёр алафҳои бегонаи хўшадорон, дупаллагӣ ва ботлоқӣ ( аз ҷумла арзани мурғи чинорак, намудҳои бехмеваи қулфинай - қамиш) дар кишти шолӣ.

Хусусиятҳои истифодабарӣ

Заҳрдору ба растанӣ аз болои барг ва қисман аз байни системаи решаҳо дохил мешавад. Пеш аз тайёр кардани маҳлули корӣ бо омехтагии заҳрдоруҳои дигар тавсия мешавад, омехташавии физикии заҳрдору дар ғунҷоиши кам санҷида шавад. Низомнома ва тавсияҳо оид ба истифодабарии ҳамаи омехтаҳои заҳрдоруҳоро риоя намоед.

Заҳрнокшавӣ

Барои ҳайвоноти ширхор камзаҳр аст. Перорали тези ЛД50 > 2000 мг\кг. Дермали тез ЛД50 > 5000 мг\кг. Пўстро озор намедиҳад. Амалан барои паррандаҳо заҳрнок нест ЛД50 > 2000 мг\кг. Амалан барои моҳӣ ва организмҳои обӣ безаҳр ЛД50 > 100 мг\л. Амалан безаҳр барои замбўри асал ЛД50 > 170 мкг\пчелу. Синфи хатараш - IV.

Меъёри сарфа ва мавзеъи зараррасон

Зироат Мавзеъи зараррасон Меъёри сарфа(л/га) Мӯҳлати коркард
Шолӣ Алафҳои бегонаи яксолаи дупаллагӣ(намудҳои арзанӣ ва ботлоқӣ) 1,0-1,2 Пошидани кишт дар давраи 2-3 барга - панҷазании шолӣ бо намнокии хок, ҳангоми қабати об 5-10 см
Шолӣ Бехмеваи қулфинай - қамиш 1,2-1,4 Пошидани кишт дар давраи 2-3 барга - панҷазании шолӣ бо намнокии хок, ҳангоми қабати об 5-10 см

Калибровкакунӣ

Миқдори заҳрдору барои 1 маротиба пур кардани дорупошак вобаста ба майдон, мл

Мавзеъи зараррасон Майдон дар садяк 0,5 Майдон дар садяк 1,0 Майдон дар садяк 1,5 Майдон дар садяк 2,0 Майдон дар садяк 2,5 Майдон дар садяк 3,0
Алафҳои бегонаи дупаллагии ғаллагӣ(намуди арзаниҳо) 6 мл 12 мл 18 мл 24 мл 30 мл 36 мл
  • Ҳаҷми 1 дорупошак - 5 - 15 литр.
  • Маълумоти муфассал доир ба истифодабарии ҷадвали калибровкакунӣ дар ин ҷо пешниҳод шудааст.
  • Усули калибровкакунии контсетратсионӣ: Рейнбоу 25 ОD - 12,0 мл дар 10 л об.
  • Маълумоти муфассал доир ба усули калибровкакунии консетратсионӣ дар ин ҷо пешниҳод шудааст.

Эзоҳ:Дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта нашудааст, ояндадор мебошад.

Ба боло