Пахта - ҳашаротҳои зараррасон, касалиҳо ва чораҳои мубориза бар зидди онҳо
Ҳашаротҳои зараррасон
Ширинчаҳои пахта
Дар пахта 3 намуди ширинчаҳо инкишоф меёбанд: ширинчаи полезӣ - бахчевая - Aphis gossypii; ширинчаи сиёҳи юнучқа - чёрная люцерновая - Aphis craccivora; ширинчаи калонӣ пахта - большая хлопковая - Acyrhosiphon gossypii. Аз ҳама зарароваранда ширинчаи полезӣ ва ширинчаи сиёҳи юнучқа мебошад. Инкишофи ширинчаҳо аввали баҳор дар ҳарорати ҳавои атрофи 12оС. оғоз меёбад. Ҷои асосии ҷамъшавии онҳо дар ин давра алафи бегона мебошад, ки аз он ҷо фардҳои болиғ ба пахтазор ва зироатҳои дигар ҳиҷрат мекунанд. Ширинчаи полезӣ дар айёми нашъунамои растанӣ асосан дар қисмати поёни болои тухмпилла ва ғунчаҳои нўги растаниҳои ҷавон ҷойгир мешаванд. Охиринашон аз нашъунамо бозмонда «чангак» ба вуҷуд меоранду, муғчаи болои нобуд мегардад.
Тортанаккана – Tetranychus turkestani Ug. et Nik.
Яке аз зараррасонҳоии асосии пахтазор, ҳамахўр дар ҳамаи минтақаҳои пахтакорӣ паҳн шудааст. Тортанаккана вобаста ба шароити ҳаво 7 - 20 рўз инкишоф меёбад. Дар мавсим то 24 насл медиҳад. Нишонаҳои зараррасони: дар давраи тобистон баргҳои пахта бо тортанаккана зарардида зард мешаванд, барги сахт ҷойгиршуда меафтанд, вале дар давраи тирамоҳ вақте ки тортанаккана ба зимистонгузарони тайёри мебинад, баргҳо сурх мешаванд.
Сафедболаки пахта - Bemisa tabaci Genn.
Дар солҳои охир дар шароити вилояти Хатлон ба киштзори пахта сафедболаки тамоку ё худ сафедболаки пахта (Bemisa tabaci Genn) зарари назаррас мерасонад. Сафедболаки пахта полифаги васеъ пахншуда мебошад ва зиёда аз 500 намуди растанихоро аз 74 оилаи ботаник зарар мерасонад.Сафедболак ба микдори зиёд дар пахтазор ба таври оммави дар нимаи дуюми нашъунамо пайдо мешавад, ба таги баргхо чойгирифта, шираи растанихоро мемакад. Дар натича баргхо зард гашта, оҳиста - оҳиста хушк мешавад. Ҷойгиршавии ин ҳашарот дар пахта сабаби афтидани узвҳои ҳосилдиханда мегардад, ки ба кам гаштани ташаккулёбии кўракҳо оварда мерасонад.
Аз соли 1994 сар карда сол аз сол ҷойгиршавии сафедболаки пахта дар майдонҳои пахта зиёд мешавад, хусусан дар вилояти Хатлон. Вай дар кишти дери пахта паҳн гашта, ба ғайр аз пахта ба сабзавот, зироатхои полезӣ ва кишти такрори зарари зиёд мерасонад. Бо вай мубориза бурдан, аз сабаби париданаш аз як зироат ба зироати дигар, хело ҳам душвор мебошад.
Кирми ғўза - Helicoverpa armigera Hubn.
Кирми гўза аз отряди ҳашароти пулакчабол дар шароити Точикистон 4 насл медиҳад. Насли аввал дар алафҳои бегона инкишоф меёбад, се насли баъди он дар пахтазор, киштзорҳои помидору чуворимакка. Дар пахтазор кирмҳои синнашон хурд ба баргҳои нуги растаниҳо зарар мерасонанд, аммо баъди синни дуюм ба узвҳои ҳосилдихандаи асосӣ: муғҷаҳо, шонаҳо, кўраки нарас.
Кирми тирамоҳӣ - Agrotis segetum X.Schiff.
Ҳашароти васеъ паҳн гашта, ҳам шапалак ва кирмина тарзи ҳаётбариашон шабона мебошад. Ба ғизогири аз фаро расидани шом оғоз менамояд. Кирминаҳо гарданаи решаи сабзаи навхезро мехоянд, баъзан ҳамаи қисмҳои рўизаминиро мехўранд. Кирмҳо аз растанӣ ба растании дигар ҷаҳида тамоми каторҳои киштзорро нобуд карда метавонанд. Кирминаҳо зимистон мегузаронанд. Тухмхояшонро аввал дар алафҳои бегона мегузоранд. Ҳашарот саросар паҳн шудаааст.
Ганданафасаки саҳроӣ - Lygus pratensis L.
Ганданафасаки саҳроӣ аз рўи намуд канаи юнучқаро ба хотир меорад, аммо аз ҷиҳати андоза каме хурдтар аст: дарозиаш 3,5 – 4,0 мм, ранги сабз ва тархи сиёҳ дорад. Дарозии тухмаш 1 мм, дар қисми пеши охираш каме каҷ шуда ва ба боло пачақ гаштааст. Кирмина аз ганданафасаки болиғ бо андозаи хурд ва набудани бол фарқ мекунад. Ганданафасаки саҳроӣ дар давраи болиғиаш зимистонро дар зери боқимондҳои растанӣ дар саҳро ва дар байни алафҳои бегона мегузаронад. Баҳори барвақт ганданафасак аз алафҳои бегонаи гуногун ва зироатҳои растанӣ ғизо мегирад. Ганданафасак тухмашро дар дохили баргҳо ва қаламчаҳои онҳо мегузорад. Инкубатсия 1,5 ҳафта давом мекунад. Давомнокии инкишофёбии кирмина 25 - 35 рўз. Растаниҳои дустдоштаи ганданафасак - лаблабуи қанд, шўра, канаб, пахта ва ғайра мебошад. Ганданафасаки саҳроӣ ба пахта аз аввали баҳор то тирамоҳи дер зарароварда ба ҳамаи рўизаминии растанӣ зарар мерасонад. Дар давраи сабзаи барвақта то шонабандӣ нуктаи сабзиш ва баргҳои наврасро, дар давраи шонабандӣ ва гулкунӣ - узвҳои ҳосилдиҳандаро зарар расонда афтидани муғҷаҳо ва шонаҳо мегардад. Дар кўраки ташаккулёфта доғҳои бўри пачақмонанд пайдо мешавад, инкишофёби ва пухта расиданро бозмедоранд. Дар шароити Тоҷикистон ганданафасаки сахроӣ дар се - чор насл инкишоф меёбад.
Касалиҳо
Пўсиши реша - Rhizoctonia Aderholdii Kolosh.
Пӯсиши реша пахтаро аз давраи сабзаи барвақта то шонабандӣ зарар мерасонад. Аломати касалӣ аз ташаккули доғи чигарии сиёҳ дар минтақаҳои гардании реша, ки гирдогирди пояро фаро мегирад, иборат аст. Пўстлоқ дар ин ҷойҳо пас аз муддате хароб мешавад. Қисми зеризаминии поя шакли лифмонандро (матсератсия) мегирад ва растанӣ нобуд мешавад. Растаниҳое, ки грифтори касалии пўсиши решагӣ гаштаанд, аз рўи тургори пастрафтаашон зоҳир карда мешаванд. Дар аввал қисмати болоии растанӣ хам мегардад, сипас каҷу килеб гашта, баргҳои он печутоб мехўқранд, ничолчаҳо хам гардида, ниҳоят тамоми растани пўсида нобуд мегардад. Растаниҳои касал аз хок ба осони кашида гирифта мешаванд. Касалӣ бо таъсири маҷмӣи замбўруғҳои гуногуне, ки ба растанӣ аз хок дохил меёбанд, ба вуҷуд меоварад. Барангезандагони асосии замбўруғӣ касалӣ: ризоктания, питиум, фузариум ва ғайра мебошанд. Аз баҳори барвақт саросар нобудшавии сабзаи барвақтаро питиум ба вуҷуд меоварад, аммо ҳангоми каме баланд гаштани ҳарорат - ризоктония. Тухмӣ ва нихолҳои пахта низ аз ҳамин замбўруғҳо зарар мебинанд. Ба инкишоф ёфтани замбурўғи барангезандаҳо ҳарорати паст ва намнокии баланди ҳаво мусоидат менамояд.
Гоммоз - Xanthomonas campestris p.v. malyacearum (Sm).
Барангезандаҳои касалиро бактерияҳо ба вуҷуд меоваранд, ки дар давоми тамоми давраи нашъунамо растаниро сироят намуда дар шаклҳои гуногун (тухмпиллагӣ, навдагӣ, куракӣ, баргӣ) пайдо мешаванд. Ба паҳншави ва инкишофёбии гоммоз боришҳо (нами 70 % баланд), обёри ва ҳарорати мувофиқ 25 - 280С. мусоидат мекунад. Бактериҳо дар тухмиҳо (асосан дар пўсти онҳо) моли хом ва дар боқимондаҳои напўсидаи растаниҳои касалӣ баъди ҳосилғундори боқӣ мемонанд. Бактериҳо бештар ба растаниҳо аз байни даҳана бо ёрии борон ба майдон паҳн мешаванд. Нишонаи касали доғҳои равганин дар тамоми узвҳои растанӣ, ки дар натиҷа баргҳо зард шуда мехушканд ва меафтанд, дар узвҳои ҳосилдиханда пастсифат пухта расидан ба назар мерасанд.
Пажмурдашавии вертисилёзӣ -Verticillum dahliae Kleb.
Барангезандаи касал замбўрг аст. Касалӣ дар растаниҳои калон дар охири шонабандӣ ва гулкунӣ пайдо мешавад. Нишонаи пажмурдашави пеш аз ҳама дар баргҳои қабати поёни дертар ба баргҳои болои дида мешавад. Дар канори баргҳо ва байни рагҳо доғҳои сабзи кушод, дертар зарди норавшан пайдо мешаванд. Ҳангоми осеб дидан бо вилт, дар кўндаланги буридани навда дар марказ ва ё канораҳои китъаҳо ранги бўр гирифта пайдо мешаванд. Дар хок замбўруғ дар байни боқимондаҳои растании нобудшуда инкишоф меёбанд. Сироятёби мумкин аз байни ҷароатҳои решаи растанӣ ба амал оянд.
Пажмурдашавии фузариозӣ - Фузариозное увядание (вилт) - Fusarium oxysporium f. vasinfektum W.
Пажмурдашавии фузариозӣ бо якчанд намуд зоҳир мегардад. Касалӣ аз давраи сабзаи барвакта ва сабзида, то охири давраи нашъунамо инкишоф меёбад. Дар баргчаҳои тухмпллаҳо касалӣ хамоно пас аз пайдошавии сабзаи барвакта зоҳир мешавад. Пас аз 2 - 3 рўзи сироятёби сабзаи барвакта, як барги ҳақиқи пайдо накарда хушк мешавад. Дар сохти решагии онҳо ранги сиёҳчатоб мушохида карда мешавад.
Пахтае, ки дар давраи 5-7 барги ҳақиқи дошта ба касалӣ гирифтор шуда ва аз нобудшави эмин мондааст, буғумҳои кўтоҳдошта дорад. Баргҳои поёнии он меафтанд, болоии он намуди ҷиндорро мегиранд. Ҳангоми касалии бисёр дер (гулкунӣ –- самарабанди) нобудшавии охиста –- охистаи баргҳо аз поён ба боло мушоҳида мегардад. Пажмурдашавии фузариозӣ барои пахтаи наврас хавфнок буда, дар бештари мавридҳо онро нобуд мекунад. Ҳангоми суст зохир гаштани касалӣ растанҳо, боқӣ монанд ҳам, пеш аз мўҳлат нисфи баргҳояшонро гум мекунад, ҳосили кам медиҳанд. Ҳамчунин хосияти технологии нах ва сифати тухмиҳои кишт бад мегардад.
Чорахои мубориза бар зидди хашаротхои зараррасон ва касалихои пахта
- Чораҳои агротехникӣ:
- сари вакт чамъоварии гўзапоя;
- шудгори чуқури тирамоҳӣ;
- сари вақт нобуд кардани алафҳои бегона;
- гузаронидани яхобмонӣ;
- риоя намудани реҷаи мувофиқи оббёрӣ ва ғизодиҳии минералӣ;
- гузаронидани саривақтаи сарчини пахта;
- захираи тухмии пахта танҳо аз киштҳо ва навъҳои солим, ки нисбат ба маҷмўи касалиҳо устувор;
- Усули кимиёвӣ:
- коркарди мухталиф, зери назорат будаи коркарди ошкор намудаи қитъаҳои зарардида танҳо бо дастгоҳҳои рўизамини дар мутобиқат бо ҳадди зарароварии иқтисодӣ ва дараҷаи микдори энтомофагҳо;
- иваз намудани заҳрдоруҳо аз гурўҳҳои гуногуни кимиёвӣ бо риояи катъии меъёри сарфа;
- Усули биологӣ:
- истифодабарии трихограмма, габробракон, тиллочашмак ва гайра;
- истифодабариии домҳои феромонӣ.