Зеллек-Супер
Гербитсиди амалаш мунтазам
Моддаи таъсиркунанда: Галаксифоп
Шакли ташреҳкунанда: 10% эмулсияи консентратӣ
Механизми амалкунанда
Фаъолияти мунтазам дорад, баргҳои алафҳои бегона хеле тез ҷаббида мегиранд ва ба нуқтаҳои нешзанӣ, реша ва решаи асосӣ мегузарад. Гербитсид фотосинтезро вайрон мекунад, дар натиҷа ин нешзании анбўҳи рўизаминӣ ва системаи решагии алафҳои бегона хлороз пайдо мешавад. Растанӣ пажмурда, бофтаҳои онҳо хушк мешаванд, дар аксар ҳолат соҳиби тобиши сурхина мешаванд.
Ҳудуди истифодабарӣ
Дар лаблабуи қанд ва лаблабуи хўроки чорво, офтобпараст, соя ва алафҳои доругӣ бар зидди алафҳои бегонаи хўшадорӣ яксола ва бисёрсола қайд шудааст.
Хусусиятҳои истифодабарӣ
Дар давраи сабзиши фаъолонаи алафҳои бегона истифода мебаранд. Муҳим аст, ки барои онҳо ба қадри кифоя барои тез ҷаббидани моддаҳои таъсиркунанда баргҳо бошанд. Коркарди растаниҳои намнок тавсия дода намешавад. Дар ҳолати ба миқдори зиёд будани алафҳои бегона дар киштзор меъёри сарфаи кориро зиёдтар кардан лозим. Мутобиқ бо гербитсидҳо, барои нобуд кардани алафҳои бегонаи паҳнбарг (Бетарен-Экспресс АМ, Бетарен ФД 11, Бурефен ФД 11, Лонтрел-300 ва ғайраҳо.), ҳамчунин бо инсектитсидҳои фосфороорганикӣ ва пиретроидҳои инсектитсидӣ. Ҳангоми истифодабарии заҳрдору дар муддати 2-4 сол ба бомас устуворӣ мушоҳида карда шуд. Бинобар он истифодабарии мунтазами заҳрдору тавсия намешавад. Ҳамчунин дар картошка, зағир, пахта, ва масъар истифода мешавад. Дар мамлакатҳои дигар Галоксифоп бар зидди алафҳои бегонаи яксола ва бисёрсола дар давраи 3 барга доштан (бо меъёри сарфа 0,5-1л/га) истифода мешавад.
Заҳрнокшавӣ
Зарур аст, ки чораҳои бехатарӣ риоя шавад ва роҳ дода нашавад, ки боқимондаҳои заҳрдору ва оби асбобҳои бо он шустушўй намуда ба обанборҳо резанд. Нагузоред, ки заҳрдоруро ба киштзори ҳамсоя баранд.
Меъёри сарфа ва мавзеъи зараррасон
| Зироат | Мавзеъи зараррасон | Меъёри сарфа(л/га) | Мӯҳлати коркард |
|---|---|---|---|
| Лаблабу, офтобпараст, соя | Яксолаи хӯшагӣ - думи рӯбоҳ, ҳуртумон, арзани мурғи чинорак, қӯноқак, худкишти ғаллагиҳо хӯшагиҳои бисёрсола - марғи хазанда, аҷириқи панҷадор, ғумой | 0,5-1,0 | Пошидани алафҳои бегонаи яксолаи хӯшагӣ дар давраи сабзиши фаъоли онҳо (дар давраи аз 2-4 барга то панҷазанӣ), бисёрсолаи хӯшагӣ ҳангоми баландии онҳо 10-15 см |
Калибровкакунӣ
Миқдори заҳрдору барои 1 маротиба пур кардани дорупошак вобаста ба майдон, мл
| Мавзеъи зараррасон | Майдон дар садяк 0,5 | Майдон дар садяк 1,0 | Майдон дар садяк 1,5 | Майдон дар садяк 2,0 | Майдон дар садяк 2,5 | Майдон дар садяк 3,0 |
|---|---|---|---|---|---|---|
| Алафҳои бегонаи яксола ва бисёрсолаи хӯшагӣ(лаблабуи қанд, офтобпараст, соя) | 5 мл | 10 мл | 15 мл | 20 мл | 25 мл | 30 мл |