Нурелл-Д
Инсектитсиди амалаш алоқавӣ
Моддаи таъсиркунанда: Омехтаи хлорпирифос ва сиперметрин
Гурўҳ: Омехтаи (фосфороорганикӣ + пиретроидҳо)
Шакли ташреҳкунанда: 55% эмулсияи консентратӣ
Механизми амалкунанда
Пиретроиди синтетикӣ. Дорои амалиёти алоқавӣ, рўдавӣ, тамйизӣ, маҳдуди мунтазам ва тарсондан дорад. Заҳрдоруро растаниҳо хеле тез ҷаббида мегиранд. Агар баъди 2 соат борон борида бошад, самаранокии коркард паст намешавад. Он дохили бофтаҳои растанӣ мешавад, аммо ба тамоми растанӣ паҳн намешавад. Агар баъди коркард ҳаво гарм бошад ва ҳарорати ҳаво аз 200С баланд бошад он гоҳ буғҳои Нурелла-Д ҳашаротҳои пинҳонӣ барҳаёт буда ва рустшударо нобуд мекунад.
Хусусиятҳои истифодабарӣ
Дар давраи нашъунамо ҳангоми пайдошудани давраи коҳидаи ҳашарот дар зироатҳо истифода мебаранд. Дар майдон гузаронидани корҳои дастӣ баъди 10 рўз пас аз коркард, механиконида бошад пас аз 4 рўз иҷозат дода мешавад. Заҳрдоруро бо ҳар намудҳои дорупошак истифода бурдан мумкин. Заҳрдоруро бо бисёрии инсектитсидҳо ва фунгитсидҳо, ғайр аз он заҳрдоруҳое, ки аксуламалаш ишқорнок аст, омехтан мумкин. Ба пайвастагиҳои дохилаш мис дошта (даҳони фаранг, моеъи бордосӣ) омехтан мумкин нест.
Дар бисёр минтақаҳо устуворӣ ба заҳрдоруҳои фосфороорганикӣ (Би-58 ва ғайра) ва пиретроидҳои (Десис ва ғайра) ба назар мерасад. Нурелл-Д ба гурўҳи омехтаи пеститсидҳо (фосфороорганикӣ + пиретроидҳо) тааллуқ дорад, бинобар ҳамин агар ба Би-58 (заҳрдоруи фосфороорганикӣ) ва пиретроидҳо устуворӣ мушоҳида шуда бошад, он гоҳ комилан мумкин, ки Нурелл-Д - ро истифода бурдан ба гумон аст, ки Шумо ба натиҷаи интизориатон ноил гардед. Мунтазам истифодабарии Нурелл-Д ба инкишофёбии устувории дукарата чун ба пиретроидҳо ҳамчунин ба заҳрдоруҳои фосфороорганикӣ мусоидат мекунад.
Заҳрнокшавӣ
Синфи хатараш - III. Барои паррандаҳо, занбўри асал ва организмҳои обӣ камзаҳр. Дар давраи гулкунӣ истифодабарии он манъ аст. Зарур аст, ки аз ифлосшавии обанбор ва чашмаҳои оби нўшокӣ аз боқимондаҳои заҳрдору ва оби он, ки барои шустушўи зарфу таҷҳизотҳои дигар истифода шудаанд бояд худдорӣ кард. Нагузоред, ки заҳрдору ба хўроки чорво резад. Ба баромадани ҳайвонот ба сарзамини нав коркардшуда роҳ дода нашавад.
Меъёри сарфа и вредный объект
| Зироат | Мавзеъи зараррасон | Меъёри сарфа(л/га) | Способ и время обработки | Вақти интизорӣ (рӯз) | Маротибаи коркард |
|---|---|---|---|---|---|
| Себ | Мевахӯрак, гулхӯрак, рандача, ширинчаҳо, куяҳо, тортанаккана | 0,6-,0,8 | Пошидан дар давраи баҳору тобистон ҳангоми нашъунамо. Пошидан аз саршавии зарароварӣ, махсусан ҳангоми нишонаҳои аввали зарароварӣ | 40 | 1-2 |
| Гандум | Гамбӯсаки баргхӯри ғалладонагиҳо, гамбӯсаки виз-визак, сангпуштаки гандум, ширинча ва пашшаҳо | 0,7-1,0 | Пошидан дар давраи баҳору тобистон ҳангоми нашъунамо. Пошидан аз саршавии зарароварӣ, махсусан ҳангоми нишонаҳои аввали зарароварӣ | 25 | 1 |
| Пахта | Кирми ғӯза, ширинчаҳо, тортанаккана, сафедболак, трипсҳо | 0,1 | Пошидан дар давраи баҳору тобистон ҳангоми нашъунамо. Пошидан аз саршавии зарароварӣ, махсусан ҳангоми нишонаҳои аввали зарароварӣ | 30 | 2 |
Калибровкакунӣ
Миқдори заҳрдору барои 1 маротиба пур кардани дорупошак вобаста ба майдон, мл
| Мавзеъи зараррасон | Майдон дар садяк 0,5 | Майдон дар садяк 1,0 | Майдон дар садяк 1,5 | Майдон дар садяк 2,0 | Майдон дар садяк 2,5 | Майдон дар садяк 3,0 |
|---|---|---|---|---|---|---|
| Кирми ғӯза, ширинчаҳо, тортанаккана (пахта) | 7,5 мл | 15,0 мл | 22,5 мл | 30,0 мл | 37,5 мл | 45,0 мл |
| Ширинчаҳо, гамбӯсаки колорадоӣ (картошка) | 4,0 мл | 8,0 мл | 12,0 мл | 16,0 мл | 20,0 мл | 24,0 мл |
| Гамбӯсаки баргхӯри ғалладонагиҳо, гамбӯсаки виз-визак, сангпуштаки гандум, ширинча ва пашшаҳо (гандум) | 5,0 мл | 10,0 мл | 15,0 мл | 20,0 мл | 25,0 мл | 30,0 мл |
- Ҳаҷми 1 дорупошак - 5 - 15 литр.
- Маълумоти муфассал доир ба истифодабарӣ ҷадвали калибровкакунӣ дар ин ҷо пешниҳод шудааст.
- Усули калибровкакунии контсетратсионӣ: НУРЕЛЛ -Д - 15,0 мл дар 10 л об.