Аваунт

Инсектитсиди амалаш алоқавӣ - рўдавӣ

Моддаи таъсиркунанда: Индоксакарб

Шакли ташреҳкунанда:15% эмулсияи консентратӣ

Механизми амалкунанда

Инсектитсид механизми фарқкунандаи амалиёт дорад. Роҳҳои пайвастҳои натрийдори ҳучайраҳои асаби зараррасонро баста заҳрдору дар мўҳлати кўтоҳ ба ғизогирии зараррасон монеъ мешаваду он ба пурра ва ё қисман фаъолияти барҳаёт будани онҳоро бозмедорад. Ба шуста бурдани бориш устувор. Заҳрдору дар як вақт бар зидди кирмҳои ҳамагуна синнҳо ва тухми ҳашарот баробар таъсир мерасонад.

Хусусиятҳои истифодабарӣ

Мўҳлати амали ҳифзиаш 14 рўз. Инсектитсид бар зидди кирми ғўза дар пахта бар зидди оташаки тут, бар зидди кирми ғўза ва парвонаҳои хоянда дар помидорҳои заминҳои кушод ва гармхонаҳо, дар боғҳо ва токзорҳо бар зидди кирми себ ва баргпечонҳо истифода мешаванд.

Заҳрнокшавӣ

Инсектитсид заҳрнокии паст дорад, ба сабаби он барои занбўри асал, ҳашаротҳои фоидаовар ва муҳити атроф хатар надорад.

Меъёри сарфа ва мавзеъи зараррасон

Зироат Мавзеъи зараррасон Меъёри сарфа(л/га) Мӯҳлати коркард Вақти интизорӣ (рӯз) Маротибаи коркард
Тут Оташаки тут 0,25 Пошидан дар давраи нашъунамо 15 2
Помидор Кирми ғӯза, парвонаҳои хоянда 0,4 Пошидан дар давраи нашъунамо 15 2
Себ Кирми себ 0,35 Пошидан дар давраи нашъунамо 15 2
Ток Баргпечонҳо 0,35 Пошидан дар давраи нашъунамо 15 2
Пахта Кирми ғӯза, бумчаи майдаи заминӣ 0,45 Пошидан дар давраи нашъунамо 15 2

Калибровкакунӣ

Миқдори заҳрдору барои 1 маротиба пур кардани дорупошак вобаста ба майдон, мл

Мавзеъи зараррасон Майдон дар садяк 0,5 Майдон дар садяк 1,0 Майдон дар садяк 1,5 Майдон дар садяк 2,0 Майдон дар садяк 2,5 Майдон дар садяк 3,0
Оташаки тут 1,25 мл 2,5 мл 3,75 мл 5,0 мл 6,25 мл 7,5 мл
Кирми ғӯза, парвонаҳои хоянда 2,0 мл 4,0 мл 6,0 мл 8,0 мл 10,0 мл 12,0 мл
Кирми себ 1,75 мл 3,5 мл 5,25 мл 7,0 мл 8,75 мл 10,5 мл
Баргпечонҳо 1,75 мл 3,5 мл 5,25 мл 7,0 мл 8,75 мл 10,5 мл
Кирми ғӯза, бумчаи майдаи заминӣ 2,25 мл 4,5 мл 6,75 мл 9,0 мл 11,25 мл 13,5 мл
  • Ҳаҷми 1 дорупошак - 5 - 15 литр.
  • Маълумоти муфассал доир ба истифодабарӣ ҷадвали калибровкакунӣ дар ин ҷопешниҳод шудааст.
  • Усули калибровкакунии контсетратсионӣ: Аваунт - 3,0 мл дар 10 л об.

Эзоҳ:- Дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта нашудааст, ояндадор мебошад.

Ба боло