Хӯшадор (ғалладонагиҳо) - ҳашаротҳои зараррасон, касалиҳо ва чораҳои мубориза бар зидди онҳо
Ҳашаротҳои зараррасон
Сангпуштаки (Кашафкана) гандум - Eurygaster integriceps Put.
Сангпуштаки васеъи тухмшаклу ҷисми барҷаста 10 -13 мм, кирмина ба ҳашароти болиғ монанд. Сангпуштаки гандум зараровариашро баҳорон оғоз менамояд, пояи гандумро шикоф карда шарбати онро макида ба сараки гандум зарар расонида гандумро ба хушкшавию заифӣ оварда мерасонад. Сангпуштаки гандум дар як насл афзоиш меёбад. Орди аз чунин ғаллаи зарардида сабабӣ сифати бади нонвойхонаҳо мегардад.
Трипси гандум - Haplothrips tritici Kurd
Дарозии трипси модина 1,3 - 1,5 мм, рангаш сиёҳ, танаш дароз кашидашуда, болҳояш шаффофанд. Кирмина сурхи баланд бол надорад. Ин кирминаҳо зимистонро дар қисмати наздирешагии гандумпоя мегузаронанд. Дар оғози хӯшабандии гандуми тирамоҳӣ трипсҳои калон пайдо мешаванду аввал сокини ин гандуму сипас сокини гандуми баҳорӣ шуда шарбаташро макида мегиранд. Тухмҳояшонро дар меҳвару пулакчаҳои хӯша мегузоранд, ки самараи солонаи наслнокиаш 23 - 28 тухм мебошад. Дар як сол як насл медиҳад. Ҳавои гарму хушк барои инкишофёбии трипсҳо қулай аст. Баъди пайдошавии кирминаҳо ҳам шарбати гандумро мемаканд.
Ширинчаи ғаллагӣ - Schizaphis (Toxoptera) graminum Rond.
Ба гандум якчанд намуди ширинчаи ғаллагӣ зарар мерасонанд. Ширинчаи ғаллагии Schizaphis avenae T. ва ширинчаи оддии ғаллагии Taxoptera graminum rond аҳамияти бештар доранд. Ҳангоми на он қадар зиёд будани миқдори ширинчаҳо растании зарардида амалан аз солим фарқе надоранд, ҳангоми афзоиши оммавии ҳашарот пулакчаҳои зарардидаи хӯша ва поя ба худ ранги сурхи сиёҳтобро мегираду гандуми ингуна хӯшаҳо заиф ва сабзиши пасти дорад. Ғайр аз ин ҳангоми зиёд будани миқдори ширинча сифати орд паст мешавад.
Кайки поягии гандум - Chaetocnema aridula Gyll.
Ба ғалладонагиҳо якчанд намудҳои кайкҳо зарар меоваранд. Аз ҳама бештар маълум буда кайки калони поягии гандум мебошад. Давраи зараровариаш кирмина мебошад. мешаванд. Растаниҳои зарардида дар марҳалаи панҷазанӣ чун зарароварии пашшаҳои шведи ва ё баҳорӣ ҳамагуна намуди зоҳири доранд – барги марказӣ зард мешавад. Кайки поягии гандум на танҳо дар марҳилаи панҷазанӣ, ҳатто дар давраи баромадан ба найча ва хӯша бастан ба растанӣ зарар мерасонанд. Дар ин мавридҳо пояи растанӣ аз қад оростан боз истода хӯша аз бағали баргҳо намебарояд ва ё қисман мебарояд.
Гамбӯсаки лалмӣ - Rhizotrogus (Xanthotrogus) fortis Reitt.
Ин зараррасон дар Тоҷикистон васеъ паҳнгашта мебошад. Дар Ғарб (силсилакӯҳи Боботоғ) дар силсилакӯҳи Вахш (Данғара), Қаратау (Ёвон) ва дар кӯҳҳои Кўктош (Даҳана - Киик). Гамбусаки лалмӣ дар нимбиёбонҳои доманаи кӯҳҳо ва даштҳо, ҳамчунин дар кӯҳҳо дар нишебиҳои кушоду хушк ва дар водиҳои назди дарёҳо вомехӯранд. Ба хокҳои лёссовӣ мутобиқ шуда аз шӯрзамин ҳам наметарсад, вале дар регзор вонамехӯрад. Вай дар ҷануби Тоҷикистон ҳашароти асосии киштҳои гандуми лалмӣ, ҷав, зағир, офтопараст, маъсар мебошад.
Парвози ин намуди гамбусакҳо охири моҳи апрел қайд карда шудааст. Парвози онҳо вақти ғуруби офтоб оғоз меёбад. Пагоҳӣ бо баромадани офтоб онҳо боз зери хок медароянд. Тухмашонро ба хок яктогӣ ба сурохии суфтаю шиббашудаи берунаш мустаҳкам мегузоранд. Ранги тухм сафед, дарозиаш 3 мм, бараш 2 мм. Онҳоро ба қабати намноки хок ҷой медиҳанд. Инкишофёбии тухм 30 - 45 рӯз давом мекунад. Аз тухм баромадани кирмина моҳҳои май - июн ба назар мерасад.
Кирминаҳои аз тухм баромада дарозиаш аз 9 – 11,5 мм, бари сараш 2,4 мм. Дарозии кирминаи калон 52 - 58 мм, бари сараш 7,6 мм. Кирмҳо зери хок умр ба сар мебаранд, ду маротиба зимистон мегузаронанд. Моҳи октябр кирминаи соли 1- ум (бо дарозии 17 мм) ва моҳи апрел соли 2 - умро (бо дарозии 30 мм) ёфтан мумкин аст. Аз баҳор то охири май кирминаҳо дар рӯи хок қарор мегиранду маҳз дар ҳамин давра фаъолияти зарароварии онҳо мушоҳида мешаванд ва сипас ба қабатҳои даруни хок (50 – 70 см) мераванд.
Дар ҷануби Тоҷикистон кирминаҳо соли сеюми ҳаёташон дар моҳи июл ба зоча табдил меёбанд. Онҳо дар чуқурии 40 - 50 см хок зоча мешаванд, ҳар кадоме дар сурохии махсусе ҷой мегиранд. Нимаи моҳи август мубадалшавии зоча ба гамбӯсак оғоз меёбад, кадоме барои зимистонгузаронӣ дар ҳамон сурохии замин мемонанд. Чунин аст, насли гамбӯсаки лалмии сесола.
Чораҳои мубориза бо гамбӯсаки лалмӣ:
- Таҳқиқи хок барои муайян кардани дараҷаи ҷойгиршави ва тақсимоти қитъаҳо, инчунин ба нақша гирифтани чорабиниҳои оянда.
- Мубориза бо алафҳои бегона, хусусан бо марғи хазанда, ки решаи он хӯроки асосии кирминаҳои гамбӯсаки лалмист.
- Кишт кардан дар қитъаҳои зиёд зарардида (охири апрел ва аввали май) агар имконият бошад, киштгардони зироатҳои аз ҳама кам зараршаванда (кунҷит, тарбузи лалмӣ).
- Дар ҷойҳои миқдораш хеле зиёди гамбӯсаки лалмӣ, гузаронидани шудгори чуқури тирамоҳӣ (35- 40см) минбаъд бо чархмолакунию ҳамворсозӣ.
- Тоза намудани майдони гандумзор аз миқдори зиёди гамбўсаки лалмӣ бо истифодабарии дам додани замин (як маротиба дар 9 -10 сол) ноил шудан мумкин, агар таркиби киштгардон имкон диҳад.
Усули кимиёвии мубориза бар зидди зараррасон дар айни ҳол пурра мукаммал нашудааст.
Касалиҳо
Сиёҳаки чанги гандум - Ustilago tritici Jens
Касалӣ ҳангоми хӯша бастан ошкор мегардад. Дар марҳалаҳои дигари сабзиш растаниҳои касалӣ аз растаниҳои солим фарқе надоранд. Хўшаҳои растании зарардида намуди нимсӯз дошта ба ҷои дона спораи гарди сиёҳчатобе ба назар мерасад. Сироятёбии гандум бо барангезанда ҳангоми гулкунӣ рӯй медиҳад. Дар ибтидо сироятёбии ҷанин ба амал меояд. Замбўруғ қобилияти барҳаёт монданро дар гандуми насабзида дар муддати 3 сол нигоҳ дошта метавонад. Дар растанӣ замбурӯғ дар ҳарорати 7- 8°С инкишофашро бозмедорад, ки ин кам зоҳиршавии сиёҳаки чанги гандум аз кишти дери тирамоҳӣ ва кишти барвақтаи баҳории гандум шаҳодат медиҳад.
Сиёҳаки сахт ва ё бадбӯи гандум - Tilletia caries Tul. и T. Foetida Liro.
Барангезандаи сиёҳаки сахт замбўруғи аз ҷинси Tilleta мебошад. Нишонаҳои касалӣ бештар аз оғози шира гирифтани гандум ошкор мегардад. Дар ин давра хӯшаҳои хеле захмдору пачақшуда: рангаш сабзутобиши кабудчаранг; пулакчаҳои хӯшаи ба ду тараф ҷудошуда зери таъсири инкишофёбии барангезандаи касалӣ, бинобар ин хўшаҳо дар хӯша паҳн карда шудаанд. Ҳангоми ҳосилғундорӣ маҳз кӯфта орд кардани гандумҳои осебдида вайрон шуда оқибат телейтоспораҳои он паҳн мешаванд ва болои гандуми солим меафтанд. Сарчашмаи зарароварии гандум шояд мошинаи тухмпошӣ зарфу асбобҳои дигар бошанд. Нишонаҳои зоҳирии сиёҳаки сахт; хӯша нарм, ба ҷои гандум ҷисми сахти спораҳои замбурӯғ маскун гирифтаанд. Ҳангоми пачақ кардан аз он бӯи моҳии намакин меояд.
Касалиҳои занга
Дар шароити Тоҷикистон намудҳои асосӣ занги зард ва сиёҳтоб мебошанд. Барангезандаи касалӣ замбурӯғӣ аз ҷинси Пуксина (Puccinia) мебошанд. Касалии занги сиёҳтоб вақти пайдошавиаш дар баргҳо ва ғилофаки растании гандум аввал дар шакли сиёҳтоб ва дертар сиёҳи доғдори хира мушоҳида мешаванд. Сарчашмаи сирояткунанда сироятёфтаи сабзаи барвақтаи бодреза, ҳамчунин алафҳои бегона - марғи хазанда, алафи бегонаи бесук ва бомӣ, ҷави сулӣ марғзорӣ ва ғайра мебошанд.
Занги барг ё бурӣ (сиёҳтоби) гандум - Бурая ржавчина – Puccinia recondita Rab. et Desm.
Касалӣ дар баргҳо ва ғилофаки гандум аввал ба намуди сиёҳтоб - уродопустил, сипас зарду бӯрранг, бертартибона ҷой гирифта телиопустул сурхи рангаш ҷилодор намоён мегардад. Дар гирди уредопустул доғҳои хлороз ва некроз ба вуҷуд меоянд. Растании гандуми тирамоҳии аз ҳад зиёд бо занги сиёҳтоб осебдида дар хўша кам дона пайдо мекунад, онҳо пастсифат ва камвазнанд, ки сабаби асосии камҳосили мебошад.
Занги зард ё рах-рахи гандум - Puccinia striiformis West.
Дар баргҳо, ғилофакҳо, баъзан дар пояи гандум, дар пулакчаҳои хӯша ва ҳатто дар қисматҳои барҷастагии гандум пайдо мешаванд. Хислати хоси иллатнокии он пайдо шудани хати рах – рахи лимӯрангу зарди тӯлкашида ба намуди қаторнуқтаҳои иборат аз пустул - урединҳо. Дертар дар ҷойҳои осебдида доғҳои тираи сиёҳтоб ва ё тақрибан сиёҳу барҷаста қаторнуқта пайдо мешаванд. Захми ниҳоятдараҷа осебдидаи хӯша: ғалла пурра нагирифтан ва чун ғаллаи миттазада сабук вазн аст.
Гардзании гандум – Erysiphe graminis D.C.
Замбӯруғ ба бисёр зироатҳои хӯшадор - гандум, ҷавдор, ҷави сулӣ осеб мерасонанд. Ба ҳар намуди хӯша ба худ хоси замбӯруғ дорад. Дар баргу пояҳо ҳамчунин пулакчаҳои ҳар хӯша аввал ранги сафедчаи зичи мисли тортанакхона, сипас гарди ордмонанди нафисе пайдо мешаванд. Гард намуди болиштакҳои алоҳидаро дорад. Дертар гард ба худ як ранги ифлосу тираеро мегирад. Замбӯруғ ба сабзаи барвақтаи тирамоҳӣ осеб мерасонад.
Чораҳои мубориза бар зидди ҳашаротҳои зараррасон ва касалиҳои зироатҳои ғалладонагиҳо
- Ҷиддӣ мубориза бурдан бо алафҳои бегона дар кишти ғалладонагиҳо ва гирду атрофи киштзор.
- Шудгори чуқури тирамоҳӣ.
- Истифодабарии домҳои фиреб аз баргҳои майда ва реза - реза кардаи юнучқа, баргу пояи лаблабуи қанд, карам ва ғалла.
- Барои роҳ надодан ба хазида гузаштани кирмина ба қитъаҳои осебнадида, кофтани ҷуйҳои хандакмонанди қитъаҳои зарардида ба таври ҷӯяк бо сипор.
- Ҷорӣ кардани киштгардон.
- Тоза ва ба навъҳо ҷудо кардани тухмиҳо.
- Кишти барвақтаи баҳории ғалладонагиҳо бо тухмиҳои заҳролудшуда.
- Кишт бо тухмиҳои зарар надида.
- Молакунии баҳории кишти тирамоҳии ғалладонагиҳо.
- Сари вақт озуқадиҳӣ бо нуриҳои минералӣ.
- Ҷамъоварии алоҳидаи ғалла дар мўҳати кўтоҳтарини марҳилаи нимдумбул расидан.
- Истифодабарии усули биологӣ бар зидди ҳашаротҳои зараррасон.
- Истифодабарии усули муборизаи кимиёвӣ.